Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы



Аренда биотуалетов
Аренда туалетных кабин

Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

07.02.200117:12

Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рўшон

Нимаи дуюми рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рўшон рафт.

Дар ноҳияи Рўшон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маросими ифтитоҳи биноҳои навифилиали агроинвестбонк ва шўъбаи молия иштирок намуда,таъкид дошт, кисотхтмони филилаҳои бонкҳои саҳҳомӣ дар ҳамаи ноҳияҳои дурдасти кўҳистон, афзоиш додани қарздиҳии хурд ба соҳибкорони деҳот ва осон намудани дастрасии онҳо ба нуқтаҳои қарзгирӣ аст.

Мавриди зикр аст, ки бо супориши Сарвари давлатамон баҳри афзун намудани қарздиҳии хурд ба соҳибкорони деҳоти кўҳистон бонкҳои саҳҳомӣ бояд филиалҳои худро дар ҳамаи ноҳияҳои кишвар дошта бошанд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсати муносиб роҳбарияти ин ва дигар бонкҳоро ба дастгирии васеъи соҳибкорони деҳоти дурдасти кўҳистон ҳидоят намуд.

Дар хоҷагии деҳқонии «Ганҷ»-иноҳияи Рўшон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шоҳиди истифодабарии пурсамари заминҳо шуд. Чунонки аён шуд, кори деҳқонони ин хоҷагӣметавонад барои дигарон намунаи ибрату пайравӣ бошад.

Зикр гардид, ки бозорҳои шаҳри Хоруғро бо ғалладона ва меваю сабзавот асосандеҳқонони ноҳияи Рўшон таъмин мекунанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз истифодаи пурсамаризаминҳо дар ин хоҷагӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.

Дар ноҳияи Рўшон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо рафти сохтмони интернати вилоятӣ шинос шуд. Зимни шиносоӣ ба масъулини дахлдорсупориш дода шуд, ки дар ноҳияи Рўшон сохтмони мактаб-интернати ҷумҳуриявиро барои 650 нафар хонанда барои солҳои 2009-2010 ба нақша гиранд.Тарбиятгирандагони мактаб-интернат ба Президенти Ҷумҳўрии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхории доимии падарона изҳори миннатдорӣ карданд.

Дар маркази ноҳия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо бештар аз 2500 нафар фаъолон ва намояндагони сокинони он вохўрӣ намуда, сўҳбатҳои озоду ошкоро анҷом дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолии ВМКБ ёдовар шуда,иттилоъ дод, ки имрўз ба мактабҳои ноҳияи Рўшон 30 адад компютер, ба муассисаҳои тандурустӣ ду мошини нави ёрии таъҷилӣ ва ба аҳолии ноҳия 4 автобус туҳфа карда шуд. Таъкид гардид, кидар нимсолаи дуюми соли равонбарои сохтмон ва таъмиру тармимииншоотисоҳаҳои маорифу тандурустӣ 1 миллиону 420 ҳазор сомонӣ маблағҳои иловагӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда мешавад.

Ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, кисохтмони мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои 650 нафар хонанда дар ноҳияи Рўшон дар зарфи 1,5 2 соли оянда ба анҷом расонида шавад.

Ҳамчунин зикр гардид, ки дар зарфи ду соли ояндабарои азнавсозии ду мактаби садамавӣ, беморхонаи наҳиявӣ, якчанд бундгоҳҳои тиббӣ ва сохтмони мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ беш аз 6 миллион сомонӣ маблағҳоииловагӣ ҷудо мегардад.

Матни пурраи Суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз ва Рўшон дар сайти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаи умумиҷаҳонии Интернет ҷойгир шудааст.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода телефонӣ аз ноҳияи Рўшон иттилоъ дод.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

26.0620:33Эмомали Рахмон: «Гражданская война была навязана внешними силами»
26.0612:13Более 120 человек сгорели заживо при взрыве бензовоза в Пакистане (видео +18)
26.0611:06В Таджикистан отгружена первая партия автомобилей JAC казахстанской сборки
26.0609:06Таджикистан отмечает Ид аль-Фитр. ВИДЕО
25.0615:26Тысячи мусульман в России участвовали в праздничном намазе. 2 ВИДЕО


Самое обсуждаемое

24.0613:47Путин рассказал о связи своей работы в КГБ с нелегальной разведкой(2)
24.0613:10Сотрудники аэропорта Душанбе сделали подарок жителям столицы(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156262