Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

07.02.200115:12

То моҳи июн дар ҷумҳурӣ 36 163 гектар замин кишт нагардидааст

Душанбе, 18 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). - Тибқи маълумоти Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ дар нимаи аввали соли ҷорӣ ба хориҷи кишвар 184 ҳазору 186 тонна маҳсулот кишоварзӣ содир карда шуд, ки 31 ҳазору 55 тоннаи онро сабзавот ва 34 ҳазору 213 тоннаи дигарашро меваи хушк ташкил медиҳад, - гуфт муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмуд Қодиров 18 июл зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.

Вай афзуд, ки имсол дар ҷумҳурӣ дар масоҳати 284 ҳазору 237 гектар зироатҳои ғалладонагӣ ва лӯбиёгӣ кишт карда шуд. Аз ҷумла, дар масоҳати 93 ҳазору 37 гектар гандум коррида шуд.

«Таҳлил ва омӯзиши мутахассисони вазорат нишон дод, ки то 1 июн дар ҷумҳурӣ 36 ҳазору 163 гектар замин, аз ҷумла 16 ҳазору 55 гектар аз ҳисоби пахта кишт нагардидааст. Аз ҷумла дар вилояти Суғд 21 ҳазору 562 гектар, дар вилояти Хатлон 7 ҳазору 264 гектар замин кишт карда нашуд», -зикр кард муовини вазир.

Қайд карда шуд, ки солҳои охир кишоварзони ҷумҳуриро ҳашароти зараррасон, бахусус малах ба ташвиш овардааст. Соли ҷорӣ дар майдони 115 ҳазору 688 гектар малах паҳн гардида, бо талошҳои пайвастаи Хукумати ҷумҳурӣ ва вазорати кишоварзӣ то имрӯз дар 105 ҳазору 137 гектар барои нобуд сохтани малах дору пошида шуд.

Дар фарҷом М. Қодиров ва сардорони раёсату хадамоти вазорати кишоварзӣ ба саволҳои хабарнигорон посух доданд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

23.1018:09Власти Таджикистана подтвердили арест руководителей компании “Умед-88”
23.1017:10«Он вернулся, чтобы служить своему народу…»
23.1015:51Проректор Таджикского медуниверситета потребовал взятку у отца абитуриента
23.1014:09В Душанбе снесут «район 8 марта»: "Здесь каждый дом, как музей"
23.1012:01Таджикская школьница поразила участников шоу «Удивительные люди»


Самое обсуждаемое

14.0813:47Написать письмо президенту Таджикистана стало проще(14)
20.1018:13Шох Искандаров: "Нас оклеветали"(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0468799