Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей, Видеоновости

16.11.201815:10
Цееремония пуска Рогунской ГЭС, 16 ноября 2018 года
Цееремония пуска Рогунской ГЭС, 16 ноября 2018 года
Источник изображения: news.tj

Воспевая Рогун. Все стихи о грандиозном проекте

Воспевая Рогун

В преддверии сдачи в эксплуатацию первого агрегата Рогунской ГЭС, которая состоялась несколько минут назад, СМИ и социальные сети стали чаще публиковать стихотворения, посвящённые этому событию.

А мы решили не отставать и собрали для вас несколько стихотворений, посвященных столь знаменательному для республики событию.

На днях НИАТ Ховар опубликовало отрывок из изданной книги журналиста Шамсиддина Мукима.

 

Строим Рогун

Мы великий Рогун всей душой создаём,

Светоч мы для Земли — мировой создаём.

Вахшу отдали духа высокий порыв,

Здесь мы радуги блеск огневой создаём.

Вот, плотину творя из песка и камней,

Это чудо для жизни живой создаём.

Радость светлую, горестям всем вопреки,

Мы в труде, что прославлен молвой, создаём.

В этих ярких лучах ночь светлеет, как день.

Храм лучистый любви, праздник свой создаём!

 

Дарение Рогуна

О, народ, наша честь, наша слава – Рогун.

Встань! Создай из камней рекостава Рогун!

Что попрёки нам недругов неутомимых!

Пусть изведает прочность состава Рогун!

Честь – основа всего, что на свете высоко,

Он высок, он сурового нрава, Рогун.

Так прозрачна вода, но не сдержишь стремнины.

Протекает, как бурная лава, Рогун.

Суету позабудем, всю мелкость отринем,

Чтоб тобою гордилась держава, Рогун.

О, недаром вращается эта планета,

Встанет в блеске под грохот бурава Рогун.

Мы лучи соберём, сбережём этот светоч,

Чтоб над миром сиял златоглавой Рогун.

От Всевышнего этот источник сиянья…

Жизнь отдать, чтоб вставал величаво Рогун!

 

А на этом видео, которое было снято ещё в 2008 году молодой исполнитель поёт о том, как акции Рогуна помогут строительству ГЭС и как будет хорошо народу Таджикистана после того, как она заработает.

 

Рогунской ГЭС посвящали стихотворения и такие именитые поэты как Бозор Собир,  Гулназар Келди, Низом Косим, Камол Насрулло, Мухаммад Гоиб, Ато Мирходжа и многие другие.

 

Бозор СОБИР:

 

РОҒУН

Девораи кӯҳ – бинои Роғун,

Сад ҷо намоён аз ҷои Роғун,

Занҷири дарё дар пойи Роғун,

Оташ шавад об дар нойи Роғун.

Аз шом то субҳ, аз субҳ то шом

Бо ҳам гудозад сад пухтаю хом,

Оҳангари нанг, оҳангари ном,

Оҳангари рӯҳ – устои Роғун.

 Симои ваҳдат, симои миллат,

Оғӯши гармаш – оғӯши давлат,

Чашми чароғаш – чашми ҳақиқат,

Набзи замонаш – маҷрои Роғун.

 Устунҳояш – тири заминаш,

Сими сутунҳо – чини ҷабинаш,

Зарҳал таровад аз остинаш,

Фардо ҳамин аст фардои Роғун.

 Дар гӯшаи дил – тиллоситора,

Чун барги оташ зебо ситора.

Роғунии мо шуд боситора

Чун осмони шабҳои Роғун.

 Наҳр – офтобӣ, ҷӯ – офтоби,

Ҳар қатра оби ӯ офтобӣ,

Мо офтобӣ, ӯ – офтобӣ,

Ҳай офтобӣ симои Роғун.

Девораи кӯҳ – бинои Роғун,

Сад ҷо намоён аз ҷои Роғун,

Занҷири дарё дар пойи Роғун,

Оташ шавад об дар нойи Роғун.

 

Гулназар КЕЛДИ:

 

Таронаи Роғун

Шарори орзуҳои маро гир,

Барори ҷустуҷӯҳои маро гир,

Умеди бостонии маро гир,

Талоши навҷавонии маро гир,

Аё Роғун, мунаввар бош,

Шабохун зан, музаффар бош!

Зи оташхонаи Зардушт бархез,

Ба рӯҳи поки Деваштич омез,

Таҷассум кун фари Сомониёнро,

Такаллум кун каломи ҷовидонро,

Аё Роғун, мунаввар бош,

Шабохун зан, музаффар бош!

Баланду пасти дунёро назар кун,

Хаму бунбасти оламро гузар кун,

Ба рағми тангчашмии ҷаҳолат,

Ба қасди зулмату кину ҳасодат,

Аё Роғун, мунаввар бош,

Шабохун зан, музаффар бош!

Ту нури чеҳраи озодии ман,

Ту пайки равшани ободии ман,

Туро созам зи меҳри бекарона,

Ки монӣ рӯзи фардоям нишона,

Аё Роғун, мунаввар бош,

Шабохун зан, музаффар бош!

 

Сафармуҳаммад АЙЮБИ:

 

Чароғон мешавад Роғун

Бизан мутриб навои хуш, чароғон мешавад Роғун,

Ба монанди дили равшан, фурӯзон мешавад Роғун.

Агарки Тоҷикистон аст боми равшани дунё,

Ба ҳар як қитъаи дунё намоён мешавад Роғун.

Зи гардун рашк мерезанд моҳу меҳр бар фарқаш.

Мақоми неъмату нури фаровон мешавад Роғун.

Дар ин водӣ, ки баҳри нав ҳаме бунёд мегардад,

Зи баъди муддате боғи гулафшон мешавад Роғун.

Ба ҳар як хона нури ӯ, ки тӯю сур меорад,

Мисоли нағмаи дарё ғазалхон мешавад Роғун.

Касе бо мост душман нест, аз хешони ҷони мост,

Калиди қалби хешони бапаймон мешавад Роғун.

Худоё, душманонро кӯр кун, аз оби софи мо

Фурӯғи дидаву дилҳои ёрон мешавад Роғун.

Ҳар он ки дарс мехоҳад, бубояд дарси нур омӯхт,

Барои мардуми ҷӯё дабистон мешавад Роғун.

Тӯ гӯӣ медурахшад олам аз нури чароғонаш,

Дурахшон мешавад дунё, дурахшон мешавад Роғун.

 

Юсуфҷон АҲМАДЗОДА:

 

Ба қаҳрамони Роғун!

Аз муҳри бозувонат, эй қаҳрамони Роғун,

Зад барқи ғайрат охир оташ ба ҷони Роғун!

Аз гуфта шарм дорад, акнун ба лаб гузорад

Ангушти ҳайрати худ ҳар бадгумони Роғун!

Ҳар пора-пора сангаш оинадори нангаш,

Аз мӯмиёи мардӣ сахт устухони Роғун.

Дунёи нур безад, дарёи сур резад

Ҳамчун ситора шабҳо з-оби равони Роғун.

Пайғоми рӯшноӣ, пайванди ошноӣ

Хезад зи корзори пиру ҷавони Роғун.

Ҳар ҷо равона гардад, байту тарона гардад

Ин нури чашми тоҷик чун корвони Роғун.

Бо панҷаи тавоно, бо иттиҳод, ҷоно,

Осон тавон гузаштан аз имтиҳони Роғун.

Оянда Тоҷикистон даргоҳи равшанистон

Аз озарахши субҳи рангинкамони Роғун!

Источник: ИА "Азия Плюс"
Автор: Asia-Plus
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

30.0913:13«Поединок» Алиев-Пашинян. Мир еще раз убедился – кто есть кто
30.0910:20Кто он - таджик, который попал в санкционный список Великобритания вместе с Лукашенко?
30.0907:39В Душанбе открылось таджикско-узбекское СП «Артель Авесто Электроникс»
30.0907:28В Гиссаре задержан местный чиновник по подозрению в получении взятки
26.0907:30Таджикистан ждёт решения России по возобновлению регулярных рейсов


Самое обсуждаемое

No news



(C) 2001-2020 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156464