Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля




Could not find stored procedure ''.

Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана


15.0119:12
Душанбе, 25 июн. ( АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). - Минбаъд дар пойтахт тарифи хизматрасониибаровардани партовҳо ҷорӣ карда мешавад. Аз ҷумла, барои баровардани 1 метри мукааб партов барои як истиқоматкунанда дар як моҳ бо ҳисоби андоз аз арзиши иловашуда дар хонаҳои бо қубури партов таҷҳизонидашуда (9-16 ошёна) 0,90 сомонӣ, дар хонаҳои бе қубури партов 0,75 сомонӣ, дар ҳавлиҳои шахсӣ ва хонаҳои ободнашуда (баракҳо) 1,00 сомонӣ,барои муассисаҳои буҷетӣ бошад 5 сомонӣ ва корхонаҳои тиҷоратӣ 14 сомонӣ муайян карда шудааст.
15.0119:12Душанбе, 25июн. (АМИТ «Ховар»,ЛюдмилаДубинина ).- РаисишаҳриМаскавЮрийЛужков, кибароииштирокдар РӯзҳоифарҳангипойтахтиРусиябаТоҷикистономадааст, 24июн бо омӯзгоронудонишҷӯёниДонишгоҳиславянииТоҷикистонуРусиямулоқоткард. Дар инҷобараисишаҳриМаскавунвонидокториифтихории Донишгоҳиславянии ТоҷикистонуРусиядода шуд.
15.0119:12Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Мири шаҳри Москва Юрий Лужков зимни сафари худ ба Душанбе аз Маҷмааи манзилии «Пойтахт-80», ки ҳамчун нахустин лоиҳаи инвеститсионӣ аз ҷониби ширкати сохтмонии ҶММ «Жилкапинсест»-и шаҳри Москва дар пойтахт мебошад, боздид ба амал овард.
15.0119:12Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- «Образи занон дар насри ривоятӣ»- чунин ном дорад китоби Гавҳар Шарофова, ки дар нашриёти «Эҷод» бо адади 300 нусха дастраси хонандагон гашт. Рисолаи мазкур ба тасвири бадеии симоии занон дар насри ривоятии форсу тоҷик бахшида шуда, беҳтарин орзую омоли мардумро дар бораи озодии шахсияту ҳуқуқи зан, баробарию бародарии одамон, адолат, раҳму шафқат, озодии ишқу муҳаббат ва садоқату вафодорӣ таҷассум намудааст. Аз ин ҷиҳат, рисолаи мазкур ба доираи васеи хонандагон, муҳаққиқони ҷавон, унвнҷӯён ва дӯстдорони насри ривоятии форсу тоҷик пешниҳод мегардад. Китоб бо қарори шурои олимони ДДМТ ба чоп тавсия шуда, бо дастгирии шахси саховатманд Ҷалолиддин Каримов нашр гардидааст.
15.0119:12Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- « Мероси Рӯдакӣ ва масоили рушди фарҳангу ҳунар» - чунин ном дорад китобе, ки нашриёти «Эҷод» бо теъдоди 200 нусха дастраси хонандагон кард. Дар китоб асосан маводи конфронси илмию назариявӣ ва эҷодӣ бахшида ба 1150 солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва 17 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон гирд оварда шудааст. Дар китоб андешаҳои Аслиддин Низомӣ «Нақши ғазалиёт ва таронаҳои Рӯдакӣ дар ташаккули Дувоздаҳмақом», Сафар Сулаймонӣ «Ҷойгаҳи мактаб ва омӯзиш дар муҳити фарҳангии аҳди Рӯдакӣ», Ҷ. Шерматов «Моҳият ва масъалаҳои бунёди захираҳои иттилоотӣ доир ба фарҳанг ва санъат» хеле хонданбобу ҷолиб аст.
15.0119:12Турсунзода, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Дар рӯзи Ваҳдати Миллӣ дар деҳаи Батоши ноҳияи Турсунзода мактаби дуошёнаи замонавӣ бо тамоми таҷҳизоти заруриаш, хонаи 50 ҳуҷрадор барои коргарони корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминнийи тоҷик», литсеи Президентӣ барои 320 нафар наврасони лаёқатманд, чойхонаи миллӣ чунин аст номгӯи нопурраи он иншооти ҷашние, ки дар ин рӯз ба истифода дода мешавад.
15.0119:12Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Масъалаҳои тақвияти ҳамкории гуногунсоҳаипойтахтҳои Тоҷикистону Русия – Душанбе ва Москва аз масъалаҳои муҳиме буданд, ки дар мулоқоти Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдулоев ва Мири шаҳри Москва Юрий Лужков баррасӣ шуданд.
15.0117:12Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Барои эҳёи бадминтон дар Тоҷикистон тамоми шароитҳо вуҷуд дорад. Ин нуқта зимни вохӯрии раиси кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Рачабалиев ва раиси Федератсияи бадминтони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Саидгули Зуҳурӣ таъкид гардид.
15.0117:12Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Аз ҷониби кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷалолидди Румӣ дар ҳудуди деҳаи «Солзавод»-и ноҳияи мазкур мошини тамғаи «Damask» рақами давлатиаш Р 6837 РТ 03 боздошт гардид, ки онро Акрамхон Сафарови 39-сола, истиқоматкунандаи кӯчаи Неъмат Қарабоеви пойтахт идора мекард.
15.0117:12Душанбе, 25июн. (АМИТ «Ховар»,ЛюдмилаДубинина). - Дарҷараёни РӯзҳоифарҳангиМаскавдарДушанбемулоқотикормандоникитобхонаишаҳриибаноми АбулқосимЛоҳутӣбодиректори КитобхонаимарказииуниверсалииилмиишаҳриМаскавбаномиНекрасовСветланаРустиковабаргузор гардид. С.Рустиковабаъдишиносоӣботолорҳоикитобхонабафаъолиятимаъмуриятвакормандони онбаҳоибаланддод.
15.0116:12Суханронии Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи хатти интиқоли барқи баландшиддати «Лолазор - Хатлон»,ш. Кӯлоб, 25 июни соли 2008
15.0116:12СубҳиимрӯзПрезидентиҶумҳурииТоҷикистонЭмомалӣРаҳмонбаҳрииштирокдарчорабиниҳоиидонаибахшидабасолгарди 11-умиРӯзиВаҳдатимиллӣвашиносоӣбовазъииҷтимоиюиқтисодӣбаминтақаиКӯлобивилоятиХатлонсафаркард. Дар доираи сафари кории худ нимаи якуми рӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими тантанавии ба кор даровардани хатти 220 киловолтаи интиқоли нерӯи барқи Лолазор-Хатлон, ифтитоҳи пайкараи ёдгорӣ аз одамушшуаро Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва дигар чорабиниҳо иштирок намуда, бо фаъолони шаҳри  Кӯлоби вилояти Хатлон машварати корӣ анҷом дод. Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ба минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бо иштирок дар маросими тантанавии ба кор даровардани  хатти 220 киловолтаи интиқоли нерӯи барқи Лолазор-Хатлон дар мавзеи Мумираки ноҳияи Муъминобод оғоз ёфт.Зимни боздид бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки аз се созишномаи калонҳаҷми қарзии Тоҷикистону Чин, ки маблағи умумиашон наздики 600 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, татбиқи амалии лоиҳаи аввалинаш имрӯз бо муваффақият ва 2 сол пеш аз мӯҳлат  ба поён расид.Таъкид гардид, ки Созишномаҳои қарзӣ ва қарордодҳои сохтмони хатти интиқоли барқи 220 киловолтаи Лолазор – Хатлон, хатти 500 киловолтаи Ҷануб-Шимол ва азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Бӯстон-Чанок зимни сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин моҳи июни соли 2006 ба имзо расида буд.Изҳори хушнудӣ карда шуд, ки хатти 220 киловолтаи Лолазор – Хатлон аз ҷониби мутахассисони тоҷик ва ширкати дорои шӯҳрати ҷаҳонии Ҷумҳурии Мардумии Чин ТВЕА  бо сифати баланд ва истифода аз таҷҳизоти муосири замонавӣ имрӯз ба итмом расид. Хотиррасон карда шуд, ки дар сохтмони лоиҳаи мазкур зиёда аз 1300 нафар коргарон ва мутахассисони тоҷику чинӣ фаъолият намуданд.Арзиши умумии лоиҳа беш аз  58  миллион доллари амрикоиро ташкил додааст, ки наздики 3 миллиони он ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Қарзи имтиёзноки Ҷумҳурии Мардумии Чин 20 сол мӯҳлат дошта, ҳаққи хизматрасонӣ ё фоизи баргардонии он ҳамагӣ 2 фоизро ташкил медиҳад.Сохтмони хатти интиқоли барқи 220 киловолтаи Лолазор – Хатлон пеш аз ҳама ба мӯътадил гардонидани таъмини қувваи барқ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, қисмате аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва кам кардани талафоти техникии нерӯи барқ равона гаштааст. Баъди ба кор даромади ин хат ҳаҷми талафоти техники нерӯи барқ аз 14 дар сади пешина то ба 3,2 дар сад кам мегардад ва ин имкон медиҳад, ки дар ҳамин масофа дар як сол 180 миллион кВт/соат нерӯ сарфа карда шавад.Мувофиқи лоиҳа дар масофаи беш аз 56 километри хат, ки он аз ҳудуди ноҳияҳои Данғара, Темурмалик, Восеъ, Мӯъминобод ва шаҳри Кӯлоб убур мекунад, 133 адад такягоҳҳо насбу васл карда шудаанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти таҷрибаи зиёд ва маҳорати баланди касбии мутахассисони ширкати ТВЕА-и Ҷумҳурии Мардумии Чин, дорои техникаю таҷҳизоти муосир будани он ва ҳамчунин аз корозмудагии мутахассисони тоҷик  изҳори боварӣ намуд, ки минбаъд корҳо дар сохтмони хатти 500 киловолтаи  интиқоли барқи Ҷануб – Шимол низ  суръати тоза пайдо мекунанд, зеро ки бунёди он ҳам бар души онҳо вогузор гаштааст.Зимни сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи сохтмончиёни ин иншооти бузургу пурарзиш арзи сипосу миннатдорӣ намуд.Аз ин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба майдони назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб ба номи Рӯдакӣ ва Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ташриф оварда, нахуст дар  маросими гузоштани санги асос зери бинои нави таълимии  коллеҷи мазкур иштирок намуд.Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи он маълум шуд, бинои нав аз 15 синфхона ва 400 ҷойи нави нишаст барои донишҷӯён иборат хоҳад буд ва баъди анҷоми сохтмонаш шумораи омӯзгорону кормандони он 30 дар сад афзун хоҳад шуд.Сипас Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди бинои Донишогоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб дар маросими ифтитоҳи пайкараи ёдгорӣ аз бунёдгузори адабиёти оламшумули тоҷику форс Абӯабдулло Рӯдакӣ иштирок намуд.Дар ҳамин ҷо ба ин муносибат намоиши дилнишини театрикунондашудаи рӯдакихонӣ баргузор гашт, ки зимни он ҳунармандони маъруфи шаҳри Кӯлоб ҳозиринро ба олами фарохи маъонии ин устоди беҳамтои  шеъри ноби тоҷикӣ  ғутавар намуданд. Дар назди пайкараи ёдгорӣ аз Абӯабдулло Рӯдакӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, мардуми Кӯлобшаҳри бостониро бо солгарди 11-уми Ваҳдати миллии Тоҷикистон, арафаи 17- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1150 солагии Абӯабдулло Рӯдакӣ ва Соли бузургдошти забони ноби тоҷикӣ табрику таҳният гуфт ва онҳоро ба омӯзиши амиқи осори гаронмояи ниёгон,  аз ҷумла ашъори пандомӯзи маликушшуаро Рӯдакӣ ва аз онҳо бардоштани андарзу ҳикматҳо баҳри таъмини рӯзгори арзандаи худ ҳидоят намуд.Баъди мулоқоти ҷолибу хотирмон бо омӯзгорону донишҷӯёни ин ду боргоҳи илму маърифати шаҳри Кӯлоб Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба маркази компютерӣ ва чопи суратҳо ташриф овард.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самараи меҳнати соҳибкорони маҳаллӣ баҳри бунёди чунин коргоҳҳо ва ворид намудани технологияи муосири компютерӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон маслиҳат дод, ки истеҳсол ва ё ҳадди ақал ҷамънамоии компютерҳоро аз ҷузъҳои алоҳидаи он дар дохили кишвар ба роҳ монанд.Пас аз шиносоӣ бо ин коргоҳ, ки дар он барои 15 нафар ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб муҳайё гаштааст, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оромгоҳи адиб ва мутафаккири бузурги олами шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ дар назди оромгоҳи ин орифи бузургвор аз офаридгори олам таҳкими минбаъдаи ваҳдату ягонагӣ,  пешрафту шукуфоӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистонро дуо намуданд.Дар ҳавлии оромгоҳ байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва пирони рӯзгордидаи Кӯлобшаҳр сӯҳбати доманадори дилнишин оид ба тарғиби ваҳдату ягонагӣ ва баланд бардоштани ҳисси ифтихору сарфарозӣ аз давлатдории миллӣ сурат гирифт.Дар чаҳорчӯби барномаи сафари кории худ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба хоҷагии деҳқонии Комили шаҳри Кӯлоб, ки дар ҷамоати деҳоти Зарбдор қарор дорад, ташриф овард.Дар ин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифодаи пурсамари заминҳои обӣ шинос шуд. Чунонки аз иттилоъи раиси он Саъбагул Ғуломова маълум шуд, хоҷагӣ дорои 1,6 га замини обӣ будааст, ки 95 садяки онро заминҳои обӣ ташкил медиҳанд.  Дар 45 садяк замини обӣ сабзавот ва дар 50 садяки дигар  гандум кишт намудаанд. Иттилоъ дода шуд, ки баъди ҷамъоварии ғалла дар ин заминҳо низ кишти такрории сабзавот ва зироатҳои полезию лубиёгӣ гузаронда мешавад.Аҳли заҳмати хоҷагӣ бовар доранд, ки имсол аз ҳамин 95 садяк замини обӣ 16 ҳазор сомонӣ фоида ба даст меоранд.Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи осори таърихию фарҳангӣ, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзии деҳқонони шаҳри Кӯлоб дидан карда, бо фаъолони шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон машварати корӣ доир намуд.Дар машварат нишондодҳои  иҷтимоию иқтисодӣ ва вазъи ҷиноии шаҳр дар зарфи 5 моҳи соли равон мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифт ва вазифаҳои минбаъдаи фаъолон ва аҳли заҳмат муайяну мушаххас карда шуд.
15.0114:12Душанбе, 25 июн. (АМИТТ «Ховар), Людмила Дубинина).- Дар Хоруғ озмунимураббиёнимуассисаҳоибачагона ва томактабии шаҳру ноҳияҳоиВилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон анҷом ёфт. Ҳайати доварон натиҷаҳои озмунро ҷамъбаст карда, муррабиёни беҳтаринро муайян сохт. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ҳайати доварон ҷои аввалро ба мураббии боғчаи бачагонаи№ 5 Фирӯза Мирлангарова муносиб донист.Ҷойҳои дуюм ва сеюмро мураббиён Накӯбахт Илчибекова аз ноҳияи Рӯшон ва ДилнишинҲасанқулиева аз ноҳия Роштқалъа ишғол намуданд. Ба ғолибони озмун ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулӣ супорида шуданд. Онҳо акнун дар озмуни ҷумҳуриявиимураббиёни муассисаҳои бачагона ширкат меварзанд.
15.0113:12Душанбе, 25 июня. (НИАТ «Ховар», Людмила Дубинина, Фарангис Рахимова). - Сегодня в Душанбе завершается тренинг по основам местного управления и самоуправления, исследовательской и аналитической работе для студентов и молодых специалистов. Семинар проходил для слушателей проекта «Школа муниципальных исследований и технологий». Данный проект реализуется программой «Местное самоуправление» Института «Открытое Общество» - Фонд Содействия - Таджикистан (ИОО ФС-Т).
15.0113:12Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Неъматулло Додов). - Шоми 24 июн дар боғи сарсабзи «Дӯстии халқҳо»-и пойтахт дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Маскав дар шаҳри Душанбе консерти калони ҳунармандониовозадори шаҳри Маскав хотири тамошобинони сершумори пойтахтро болида доштанд. Бояд қайд кард, ки як гурӯҳ ҳунармандони Театри академӣ -мусиқииба номи К.С. Станиславскйи ва В.И. Немирович-Данченко, Театри калон, Театри миниатюраи Москва, ансамбли «Русская душа», инчунин ситораҳои эстрада ва сарояндагони эҷодиёти мардумии ин кишвар то дер гоҳ бо суруду навои дилошӯб ва рақсҳои дилнавози худ шоми ҳозиринро муаттар сохтанд. Хусусан ҳазлу шӯхӣ ва сурудҳои ҳаҷвии Ҳунарманди мардумии Россия Клара Новикова ва таронаҳои ба шавқушӯрорандаи сарояндаи машҳури эстрада, Ҳунарманди шоистаАнита Цойто дер гоҳ дар лавҳу хотири мардуми фарҳангпарвари мо боқӣ мемонад.
15.0113:12Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъулин ва сокинони шаҳри Душанбе ба Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки 27 июн таҷлил мегардад омодагӣ мегиранд. Дар робита бо мақсади дар дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи ваҳдати миллӣ Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор ба имзо расонд. Тибқи он 27 июн дар пойтахт ин санаи таърихӣ ва сарнавиштсоз ботантана ва бошукӯҳ таҷлил карда мешавад.
15.0113:12Душанбе, 25 июн. АМИТТ «Ховар», Фарангис Раҳимова).- 24 июндар Душанбе масъалаҳои марбут ба таҳияи барномаи истифодаи оқилонаизахираҳои обиминтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ карда шуданд. Дармашварат сафири Олмон дар Тоҷикистон Райнер Мюллер, намояндагони Ҷамъияти ҳамкории техникӣ, коршиносони соҳаи мелиоратсияи Тоҷикистон ва хабарнигорон ширкат варзиданд. Таҳияибарномаи мазкурро Ҷамъиятиҳамкории техникӣ ба зимма гирифтааст.
15.0112:14Душанбе, 25 июн. ( АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омор кишти ҷуворимакка барои дон дар хоҷагиҳои деҳқонӣ(фермерӣ) давом дорад.
15.0112:14Душанбе, 25 июн. ( АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). - Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии оморнақшаи кишти пахтаи маҳиннах иҷро нагардид.
15.0112:14Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Неъматулло Додов.) - Ба наздикӣ лагери тобистонаи кӯдакону наврасон «Афсонаи кӯҳӣ», ки дар дараи хушманзараи Ромит воқеъ аст, фарзандони кормандони соҳаи энергетикаи ҷумҳурироба оғӯш гирифт. Ин истироҳатгоҳи тобистонаи бачагона соли 1966 бунёд шуда, ҳазорҳо кӯдакону наврасон то имрӯз таътили тобистонаи худро хушу гуворо гузаронидаанд.
15.0111:12Душанбе, 25 июн. ( АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон наздик ба 4 ҳазору 500 рустаниҳои худрӯй мавҷуданд, ки беш аз 1500 намуди онҳохусусиятҳои шифоӣдоранд.
15.0111:12Душанбе, 25 июн. ( АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Имрӯз дар қаламрави вилояти Суғд ярмаркаи умумивилоятии маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мегардад.
15.0110:12Душанбе, 25 июн. ( АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо истифода аз фазои сулҳу ваҳдат мардуми Кӯҳистони Бадахшон дар давоми ду соли охир ба иҷрои барномаҳое шурӯъ намуданд, ки андозаи маблағи он беш аз 140 миллион сомониро ташкил медиҳад.
15.0110:12Душанбе, 25 июн. ( АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). - Аз марказиматбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, кидар масоҳати 220 ҳазору 256 гектар сабзиши пахтазериназорати доимии мутахассисону пахтакорон қарордорад.
15.0110:12Душанбе, 25 июн. ( АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар асоси маълумоти Кумитаи давлатии омор кишти тамоку сол то сол кам мегардад. Ҳол он, ки дар хориҷи кишвар соҳаи тамокупарварӣ яке аз соҳаҳои даромаднок маҳсуб мегардад.
15.0109:26Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Бурҳониддин Каримзода).- Шумораи нави маҷаллаи сиёсию ҷамъиятӣ ва иҷтимоиву фарҳангии «Тоҷикистон» аз чоп баромад.
15.0109:20Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», БурҳониддинКаримзода). - Рӯзномаитоҷикии «ОвозиСамарқанд» якеазпешқадамтариннашрияҳоивилоятиСамарқандиҶумҳурииӮзбекистонбаҳисобмеравад. Он ҳафтае як маротиба, дар ҳаҷми 8 саҳифа ба табъ мерасад.
15.0108:13Душанбе, 25 июня. (НИАТ «Ховар», Тимур Бандишоев). - Концерт звезды российской эстрады, заслуженной артистки России Аниты Цой состоится сегодня в Душанбе. А. Цой выступит вечером в столичном Амфитеатре. Концерт российской поп-дивы состоится в рамках проведения Дней культуры Москвы в Душанбе.
15.01.2001

Реклама
Could not find stored procedure ''.



Объявления

Новостные каналы


(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00