Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

01.01.200115:12

Ҷоизаи китоби тоҷик дар озмуни байналхалқӣ

Душанбе, 11 июн. (АМИТ «Ховар», Бурҳониддин Каримзода).-

Тавре хабар дода будем, рӯзҳои 5-6 июн дар шаҳри Москва зери унвони «Ҳусни китоб» озмуни байналмилалии маҳсулоти чопӣ баргузор гардид. Баъд аз ширкат дар ин озмун директори нашриёти «Адиб», нависандаи шинохта Ато Ҳамдам бо хоҳиши хабарнигори АМИТ «Ховар» натиҷаҳои озмунро чунин шарҳ дод:

-Ин дафъа бори 5-ум буд, ки дар пойтахти Федератсияи Русия чунин як озмуни бонуфуз доир гардид. Дар он намояндагони нашриёт ва чопхонаҳои 9 давлати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳамчун кишвари хориҷа – Латвия ширкат варзида, 171 номгӯи китобҳои хешро пешкаш карданд. Китобҳо дар 7 бахш муҳокима шуданд. Тоҷикистон дар шаш бахш 11 китобро пешкаш намуд, 7 китоб аз нашриёти «Адиб», 3 китоб аз «Деваштич» ва 1 китоб аз нашриёти «Маориф ва фарҳанг» буд.

Дар даври дуюми озмун китоби Расул Ҳодизода «Садоқатнома»(дар бахши «Иттиҳод»), маҷмӯаи тарҷумаҳои Ҳикмат Раҳмат (дар бахши «Кишвари ман»), як асари бачагонаи Меҳмон Бахтӣ (дар бахши «Китоб барои бачаҳо ва наврасон»), китоби Ато Ҳамдам «Дидор» (дар бахши «Муосири мо») ва китоби Фарҳод Каримов «Фурӯѓи сухан» (дар бахши «Китоб-мусаввара) ба аъзои ҳакамон пешниҳод гардид.

Боиси афсус аст, ки китоби дуҷилдаи «Осори Рӯдакӣ» ва «Осори ҳамасрони Рӯдакӣ», ки ба бахши «Шоҳҷоиза» пешниҳод шуда буд, ба даври дуюм роҳхат нагирифт. Дар ин маврид як чизро зикр намуданиям, ки узви ҳайати ҳакамон бештар ба сифати чопу ороиши китоб аҳамият медоданд, на ба мазмун. Ин масъаларо банда ба таври ҷиддӣ ба миён гузоштам, ки дар озмунҳои минбаъда ба он диққат диҳанд. Зеро Тоҷикистон бо иқтидори нокифоя ва пасти техникаи чопӣ наметавонад бо ноширони бисёр кишварҳои пешрафта рақобат намояд. Дастандаркорон ваъда доданд, ки дар яке аз ҷаласаҳои наздиктарини Кумитаи ташкилии озмун ин пешниҳод мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Дар даври дуюм танҳо ба китоби «Дидор» муяссар гардид, ки сазовори ҷоиза гардад. Дар сурате, ки агар масъулини озмун бемасъулиятӣ намекарданд, шояд ҷойи аввал насиби мо мегардид. Дар ин бобат низ баъди муайян шудани хатои даѓале, ки дидаю дониста аз ҷониби онҳо содир гардид, ба Кумитаи озмун мактуби даъвогӣ пешниҳод намудем. Ба ҳар ҳол, бо он имконоте, ки алҳол ноширони мо доранд, дар чунин як озмуни бонуфуз мақоми сазоворро соҳиб гаштанд ва ин гувоҳ бар он аст, ки соҳаи полиграфия дар Тоҷикистон тайи солҳои охир хеле рушд кардааст.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

19.0214:49У Службы связи из сейфа утащили почти 150 тысяч
19.0214:14В Вахше вывесили флаги ИГ. Произведены задержания
19.0214:06В Вахше ищут тех, кто водрузил на крышах домов черные флаги ИГ(1)
19.0212:27На страховом рынке Таджикистана появилась еще одна страховая компания
19.0212:15Президент Таджикистана посетит с официальным визитом Казахстан


Самое обсуждаемое

17.0210:06В Таджикистане ввели госмонополию на интернет(2)
17.0218:32Прощай, Курган-Тюбе! Здравствуй, Бохтар!(2)
19.0214:06В Вахше ищут тех, кто водрузил на крышах домов черные флаги ИГ(1)



(C) 2001-2018 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0336750