Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

01.01.200109:13

Aъзоёни гурӯҳи муташаккили трансмиллӣ ба ҷиноятҳои худ иқрор мешаванд

Душанбе, 10 июн. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).-Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои таъхирнопазири мубориза бо муомилоти ғайриконунии маводи нашъадор» кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳамарӯзаи худро бобати ошкор ва решакан сохтани ҷиноятҳои марбут ба қочоқи маводи нашъадор ва нашъачаллобӣ пурзӯр намудаанд. Маълумотҳои бадастовардаи кормандони мақомотои амнияти миллӣ муайян карданд, ки силсилаи ҷиноятҳои ба қочоқи маводи нашъадор ва нашъачаллобӣ вобастаи дар ҳудуди манотиқи наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба қайд гирифташуда аз тарафи гурӯҳи муташаккили трансмиллӣ аз ҳисоби шаҳрвандони Афғонистон ва Тоҷикистон содир гардидаанд. Сарварии ин гурӯҳ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Сӯҳроб Лангариев буда, аз соли 2002 дар ҷустуҷӯи мақомоти корҳои дохила қарор дошт.

18 апрели соли 2008 кормандони Гурӯҳи фаврии дар минтақаи Кӯлоббудаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба миқдори 39 килограмму 920 грамм маводи сахттаъсири героин ва 11 килограмму 800 грамм маводи бангдонаро мусодира карданд. Дар ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯи аз ҷониби кормандони мақомоти амнияти миллӣ сокини ноҳияи Шӯрообод Исо Одинаев дастгир гардид. Аз рӯи нишондоди Исо Одинаев Карим Раззоқов ба ӯ гуфтааст, ки маводи нашъаовари ба Сӯҳроб Лангариев таллуқ доштаро то омадани ӯ дар хонааш нигоҳ дорад. Исо Одинаев рози шуд, ки ба ивази 200 доллар ва 20 килограмм равған қариб 40 килограмм героин ва беш аз 11 килограмм бангдонаро дар хонааш нигоҳ дорад.

11 майи соли 2008 аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шоҳрохи Душанбе-Хуҷанд аз дохили автомошинаи «КАМАЗ» беш аз 423 килограмм маводи нашъадор, аз ҷумла зиёда аз 33 килограмм героин, 389 килограмм афюн дарёфт ва мусодира карда шуд.

Бо гумони даст доштан дар ин ҳодиса шаҳрвандон Муродов Мирзошариф Мизробович, Наҷмиддинов Фирдавс Садриддинович, Аёмов Баҳодур Муродович, Рафиев Зафар Давлаталиевич аз ҷониби кормандони Агентӣ дастгир карда шуданд.

Аз рӯи нишондоди дастгиршудагон Ф. Наҷмиддинов ва М.Муродов маводи нашъадори дар «КАМАЗ» мусодирашуда бори Сӯҳроб Лангариев буда, онро Карим пешниҳод намудааст. Дар интиқол ва харидуфурӯшӣ ин маводи нашъаовар як қатор ашхоси дигар ба монанди Шайдулло (ҷияни Сӯҳроб), Баҳодур ва дигарон низ даст доранд.

Тибқи нишондоди сарвари гурӯҳи муташаккили трансмиллӣ Сӯҳроб Лангариев охирҳои соли 2007 вай бо шаҳрванди Афғонистон бо номи раис Аҳмад вохӯрда буд. Номбурда ба Сӯҳроб пешниҳод мекунад, ки бо вай дар хусуси харидуфурӯшӣ маводи нашъадор ҳамкори кунад. Сӯҳроб барои ҳамкори розӣ мешавад. Баъди чанд рӯз раис Аҳмад ба ӯ занг зада мегӯяд, ки маводи нашъадор тайёр аст. Сӯҳроб Лангариев бо ҳамроҳии Карим, Акбар, Нурик, Шайдулло ба ҷойи вохӯри ба ноҳияи Шӯрообод меравад. Он ҷо афғонҳо 135 килограмм афюн ва 85 килограмм бангдонаро ба Сӯҳроб Лангариев доданд. Рӯзи 6 май раис Аҳмад ба С. Лангариев занг зада мегӯяд, ки барои ӯ 112 килограмм бангдона, 70 килограмм афюн ва 15 килограмм героин тайёр кардааст. Ин навбат С. Лангариев бо ҳамроҳии Карим, Нурик, Акбар ва Шайдулло ба Шӯрообод рафтанд. Карим ба С. Лангариев хабар медиҳад, ки бори онҳоро кормандони Агентӣ дастгир кардаанд.

Аз рӯи нишондоди дастгиршудагон ҷияни С. Лангариев Ш. Султонов ва Н. Сафаров онҳо чандин маротиба бо ҳамроҳии Сӯҳроб Лангариев ба ноҳияи Шӯрообод рафта, аз афғонҳо маводи нашъавовар гирифта буданд. Ш. Султонов қайд мекунад, ки тағояш С. Лангариев аз афғонхо беш аз 135 килограм афюн гирифта, баъдан бо роҳи Мӯъминобод ба Кӯлоб баргашта буданд.

Аз рӯи нишондоди Н. Сафаров охирҳои моҳи апрел бо С. Лангариев пеши раис Аҳмад рафтанд. 160 килограмм бангдона гуфтанд афғоно, 85 килограмм баромад. Сӯхроб бар ивази маводи мухаддир ба афғонҳо се автомат ва як «весмешок» тирӣ автомат дод.

Тавре аз нишондоди боздоштшудагон маълум шуд, ҳамаи ҳодисаҳои дар боло қайдшуда «силсилаи як занҷир» буда, ба гурӯҳи муташаккили нашъачаллоб таҳти сарварии Сӯҳроб Лангариев тааллуқ доранд. Маҳз аъзоёни ҳамин гурӯҳ 27 май дар хонаи Сӯҳроб Лангариев воқеъ дар маҳаллаи 58-уми шаҳри Кӯлоб пинҳон шуда, баъдан дар натиҷаи амалиёти махсуси кормандони мақомоти амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ дастгир шуда буданд.

Ду аъзои гурӯҳи муташаккили трансмиллӣ шаҳрвандони Афғонистон буда Ғулом Сиддиқ валади Муҳамадамир ва Ҳабиб Раҳмон валади Султоназиз бо тахаллуси «Мавлавӣ» бо гумони даст доштан дар чандин амалиёти террористӣ дар қаламрави ин кишвар аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд. Онҳо дар қаламрави Тоҷикистон бар ивази маводи нашъаовар аз Сӯҳроб Лангариев силоҳи оташфишон, норинҷаку тирҳо, дастгоҳи низомии компютерии идоракунии масофавӣ, дастгоҳҳои мухобиротии кайҳонии «Сурайё» ва дигар лавозимоти ҷангиро мегирифтанд. Яроқу аслиҳаро С. Лангариев маҳз бар ивази маводи нашъаовар ба афгонҳо пешкаш менамуд. Ин силоҳи маргпош бояд дар қаламрави Афғонистон ҳамчун воситаҳои асосии баргузории силсилаи амалиётҳои террористӣ истифода мешуданд.

Аз руи нишондоди дастгиршуда Ҳабиб Раҳмон валади Султоназиз бо тахаллуси «Мавлавӣ» вай марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистонро убур кардааст. Баъдан аз ҷумла, вай бо супориши бародараш раис Аҳмад ва якчанд нафар шаҳрвандони дигари ҶИА, ки 130 килограмм афюнро бо Сӯҳроб валади Салмон табодул карда буданд, барои гирифтани пули маводи нашъаовар ба маблағи 9 ҳазор доллар пеши Сӯҳроб омадааст.

Маводи нашъаоваре, ки Сӯҳроб Лангариев бар ивази аслиҳа аз афғонхо мегирифт, бо роҳу воситаҳои гуногун ба кишварҳои Руссия, Ӯзбекистон интиқол мегардиданд. Дар нишондоди худи сарвари гурӯҳи муташаккили трансмиллӣ С. Лангариев қайд мешавад, ки бори якум ба раис Аҳмад ба ивази бангдона се адад автомати «АКСУ», ба ҷойи афюн 17,5 (ҳабдаҳуним) ҳазор пули нақд ва як весмешок тир додааст. Бори дуюм ба афғонҳо 6 автомати «5,45», 4 таппончаи Макаров дода, маводи нашъаовар гирифтааст.

Ба хотири амали кардани мақсаду мароми зишти худ аъзоёни гурӯҳи трансмиллии ҷинояткор ҳама гуна арзишҳои олии инсониро пушти пой заданд. Мусодираи маводи нашъаовар ва дастгир кардани аъзоёни гурӯҳи муташаккили трансмиллӣ бо кӯмаку дастгирии сокинони ноҳияи Шӯрообод, шаҳрҳои Кӯлобу Душанбе, ки саривақт ба мақомоти амнияти миллӣ ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти пурқимат пешниҳод карданд, амали гардид. Айни ҳол тафтиши аъмоли ҷинояткоронаи аъзоёни ин гурӯҳи муташаккили трансмиллӣ идома дорад. Аз натиҷаи тафтиш ба таври иловагӣ хабар дода мешавад.

Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

02.1214:31Хранитель арсенала Ризвона Садирова осужден на 5,5 лет тюрьмы
02.1213:47Алишер Усманов впервые попал в список богатейших людей Швейцарии
02.1212:40В Кыргызстане ликвидировали антинаркотическую службу
02.1211:38Путин отчитался об успехах России. «Медуза» проверила его слова
02.1211:21Атамбаев ответил на слова мэра Москвы о киргизских мигрантах(1)


Самое обсуждаемое

01.1214:11Атамбаев о ЕАЭС: вступаем в братский союз и встречаем старшего брата, который нам ножки подставляет(5)
01.1209:43На реализацию новой Национальной стратегии развития Таджикистана необходимы $118,1 млрд.(2)
01.1217:52Земан и Рахмон не стали общаться с журналистами(2)
02.1210:57Лидер Компартии Таджикистана верит председателю Нацбанка, но стоит в очереди за своим депозитом(2)
02.1211:21Атамбаев ответил на слова мэра Москвы о киргизских мигрантах(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156247