Душанбе, 11 июн. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Кормандони шӯъбаи 4-уми Раёсати кофтукови ҷиноии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз хонаи истиқоматии сокини деҳаи Ҷангалободи ҷамоати Гулистони ноҳияи Ваҳдат Акбар Сиддиқови 43-сола, як адад таппончаи тамғаи «Макаров»-ро бо се тирдонаш дарёфт намуданд.
Аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш давом дорад.