Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

01.01.200110:12

Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олиии ҷумҳурӣ

Душанбе, 5 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 5 июн дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистондаъвати сеюм баргузор гардид. Дар иҷлосия мушовири давлатӣ оид ба сиёсати ҳуқуқӣ -намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олӣ Зариф Ализода, муовини Сарвазири мамлакат Руқия Қурбонова, Прокурори Генералии Ҷумҳуриии Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов, Раисони Суди Олӣ Нусратулло Абдуллоев, Суди Олии иқтисодӣ Амирхӯҷа Ғоибназаров, Суди конститутсионӣ Избилло Хоҷаев, Раиси Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ Мирзоалӣ Болтуев, муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Юсуфов ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ иштирок доштанд.

Бо интихоби ҳайати котиботи иҷлосия рӯзномаи он тасдиқ гардид, ки беш аз 30 масъалаи ҳаётан муҳими рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва илмию фарҳангии мамлакатро дар бар гирифт.

Аз ҷумла, аъзои палатаи болоии парлумони мамлакат ҚонуниконститутсионииҶумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионииҶумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағийру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани илова баКодексимурофиавииҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон«Дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ», «Дар бораи ворид намудани илова баКодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораивазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ», «Дар бораи милитсия», «Дар бораитаъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ», «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хазинадорӣ», «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар масъалаҳои муҳимро баррасӣ ва ҷонибдорӣ карданд.

Раисони Кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳкам Маҳмудов, Амиршо Миралиев, Маҳмадшариф Толибов, Мамадшо Илолов ва Мунъим Холиқов зимни баромади худ муҳимияти масъалаҳои баррасишударо шарҳ дода, нақши онҳоро дар такмили қонунгузории кишвар, баланд бардоштани иқтисодиёти миллӣ, таҳкими волоияти қонун, таъмини кафолатҳои конститутсионии шаҳрвандон, хусусан хизматчиёни ҳарбӣ, беҳтар сохтани вазъи иҷтимоии қишрҳои гуногуни ҷомеа дар шароити рушди равандҳои эъмориҷомеаи шаҳрвандӣ муҳим арзёбӣ карданд.

Дар иҷлосия ҳамчунин як қатор Карорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуданд .

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

19.1009:38В Согде жестоко убита супружеская чета предпринимателей
19.1009:36На севере Таджикистана в своем доме убиты муж и жена – предприниматели
19.1009:06Количество задержек вылетов в аэропорту Душанбе увеличилось на 28,5%
19.1007:08Декан факультета одного из вузов Таджикистана задержан при получении взятки
18.1017:19Внуки Джаббора Расулова намерены подать в суд на мэрию Душанбе


Самое обсуждаемое

18.1017:05В Худжанде известного кардиохирурга обвиняют в связях с салафитами(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156254