Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

01.01.200113:12

Мулокоти Эмомалӣ Раҳмон бо Алиасғар Амир Шеърдўст

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиасғар Амир Шеърдўстро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҷории ҳамкории байни Тоҷикистону Эрон баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо бештар оид ба рафти корҳо дар иншооти энергетикӣ ва нақлиётию коммуникатсионии Тоҷикистон, ки бо сармоягузорӣ ва иштироки мутахассисони эронӣ бунёд меёбанд, гуфтугў намуданд. Таваҷҷўҳи махсус ба тезондани корҳо дар сохтмони нерўгоҳи обии Сангтўда-2, нақби мошингарди Чормағзак, ба анҷом расондани корҳо дар нақби Истиқлол ва омодагӣ ба лоиҳакашӣ ва бунёди нерўгоҳи обии Шўроб зоҳир карда шуд.

Мавзўи дигари сўҳбат вусъат додани ҳамкории минтақавӣ, аз ҷумла байни Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон буд. Дар ин робита таваҷҷўҳи зиёд ба масоили бунёди роҳҳои оҳану мошингард ва хатҳои интиқоли нерўи барқи Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон зоҳир гардид.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба густариши робитаҳои илмию фарҳангӣ ва омўзишӣ гуфтугўйи судманд сурат гирифт
Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

25.0719:50Усмонзода: Душанбе и Ташкент готовы к взаимным поставкам электроэнергии
25.0717:23Пострадавшего от стихии жителя Рашта арестовали за критику властей?
25.0715:10Петров ушел, Ринат остался: В Душанбе остался всего один специалист — лифтер
25.0714:56В проекте CASA останется только два игрока
25.0713:11Парвина Саидова показала свое свадебное платье


Самое обсуждаемое

24.0715:36Рабский труд таджикских мигрантов в арабских странах(16)
24.0713:34Атамбаев не боится размещать в Кыргызстане вторую российскую военную базу(2)
25.0712:47Как НАТО и украинский режим освобождаются от минских «наручников»(1)
24.0717:48Человек без тени. Неумелый фотошоп туркменских информагентств(1)
24.0712:50Таджикский боксер Мехрубон Сангинов стал чемпионом мира по версии WBB(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312518