Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

01.01.200110:12

Панҷшанбебозори маърифат

Шарҳи матбуот

            Панҷшанбе, 5 июн. АМИТ «Ховар»

            Бурҳониддин Каримзода

           Сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру навоҳии кишвар мавзӯӣ асосии матбуоти имрӯз аст.

Дар робита ба ин мавзӯъ яке аз собиқадорони соҳаи энергетикаиҷумҳурӣ Н.Г.Савченков, ки13 сол дар нерӯгоҳи барқи обии «Роѓун» фаъолият намудааст, зимни сӯҳбат бо ҳафтаномаи «Миллат», аз ҷумла таъкид кардааст: «Қабл аз боздидам фикр мекардам, ки сохтани нерӯгоҳ дар ҷои қаблиаш имконнопазир хоҳад буд. Вале, он чиро, ки бо чашми сар дидам, ба ин натиҷа расидам, ки вазъи Роѓун қаноатбахш аст ва сохтмонро метавон идома дод».

«НБО «Роѓун» бо сармояи худӣ сохта хоҳад шуд», «Аз бунёди НБО «Роѓун» Ӯзбекистон зарар намебинад» - Ин унвонҳои матолиби ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» аст.

«Роѓун барои рушди давлати тоҷикон чӣ аҳамият дорад?» Ин суолро ҳафтавори «Азия плюс» матраҳ карда, шарҳ додааст.

Зимни сафари корӣба ноҳияи Файзобод «Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳа барои дастгирии боѓдорон, васеъ намудани майдонҳои боѓу токзор ва муҳайё намудани шароити коркарду фурӯши он дастуру ҳидоятҳо дод» - қайд шудааст дар рӯзномаи «Садои мардум».

«Тоҷикистон имконияти истеҳсоли як миллион тонна ѓалларо дорад» - ин суханони Президентро рӯзномаи «Ҷумҳурият» сарлавҳаи гузориши худ қарор дода ва матни ин суханрониро, ки зимни мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Файзобод сурат гирифта буд, пурра ба табъ расондааст. «Барои таъмини ин ҳадаф, пеш аз ҳама ба роҳ мондани истеҳсоли тухмии хушсифати худӣ ва дар сурати зарурат аз кишварҳои дигар ворид намудани он, истифодаи оқилонаву самараноки замин, хусусан заминҳои обӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва бо ҳамин роҳ афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишварзӣ зарур аст».

Шарҳи Қонуну Қарорҳои ахиран қабул намудаи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси ОлииҶумҳурии Тоҷикистонро аз рӯзномаи «Садои мардум» пайдо мекунед. Аз ҷумла, муовинираиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони МОҶТ оид ба қонунияти конститутсионӣ, қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, доктори илмҳои ҳуқуқ Маҳмад Раҳимов Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсондар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро шарҳ додааст.

Мавзӯи нашрияҳои Тоҷикистон мухталиф аст. Аз ҷумла, «Вечерный Душанбе» дар ҳошияи аввал диққати хонандагони хешро ба навиштае таҳти унвони «Ҳодисае дар фурӯдгоҳ» ҷалб кардааст ва дар ин мақола омадааст, ки «Ширкати «Хати ҳавоии Домодедово»,мусофиронеро, ки бояд 27майи соли ҷорӣ бо хатсайри Москва-Душанбе парвоз мекарданд, фиреб доданд».

«Боҷу хироҷ»- нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаҳмидани сабабҳоибаландшавии нарху наво, дар бозори ноҳияи Ҳисор мизи мудаввар гузаронд. «Барои он деҳқононе, ки дар давраи долу зарби меҳнатӣ фурсати шишта савдо кардан надоранд, мо пунктҳои қабул ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил кардем, ки дар он ҷо маҳсулот бо нархи шартномавӣ қабул ва ҳамоно маблаѓи деҳқон дода мешавад, сипас фурӯшандаҳои мо онро бо нархи нисбатан арзон ба мардум пешкаш менамоянд»,- қайд кардааст иқтисодчии бозори номбурда Ҳоҷӣ Абдурҳмон Абдуманнонов.

Мавзӯи баланд рафтани нарху наворо хабарнигори «Чархи гардун» низ пайгирӣ карда, хулоса кардааст, ки «Мушоҳидаҳои ҳамарӯза нишон медиҳанд, ки нархи маҳсулот дар бозорҳоямон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта хеле гарон аст».

Дар робита ба баланд шудани нархи роҳкиро дар нақлиёти мусофирбари шаҳри Душанбе бошад, ҳафтаномаи «Нақлиёт» шарҳи Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро чоп кардааст. «Мақсади болоравии ҳаққи роҳкиро дар қарор чунин шарҳ дода шудааст: мӯътадил гардонидани фаъолияти нақлиёти мусофирбари истифодаи умум, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ, зиёд намудани музди меҳнати ронандагон бо дарназардошти боло рафтани нархи сӯзишворӣ, қисмҳои эҳтиётӣ»

Агарчӣ соли 2008Соли бузургдошти забони тоҷикӣ эълон шудааст, аммо ба назар мерасад, ки нашрияҳо дар ин бора матолиби хеле кам ба чоп мерасонанд, ба ҷуз чанд нашрияи иттилоотӣ-фарҳангӣ. «Адабиёт ва санъат» дар ин робита мақолаи забоншинос Абдусаттор Мирзоевро таҳти унвони «Сухан санҷида бояд гуфт» ба табъ расондааст.

Зимни андешаронӣ дарҳошияи Соли бузургдошти забони тоҷикӣ адабиётшинос Юсуфи Акбарзод тавассути ҳафтавори «Озодагон» чунин ибрози назар кардааст: «Ба андешаи мо, соли 2008-ро Соли 1150 солагии Одамушшуаро ва соҳибқирони шоирӣ устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Соли забони форсии тоҷикӣ эълон кардани Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон маънӣ ва рамзи эҳтирому садоқат ва азиздошти забони адабиёту фарҳанг ва эҷодгарону пуштибонӣ аз онҳост.

Агар забон яке аз муқаддасоти миллии мо набошад ва ё дар ҳолати табоҳ қарор дошта бошад, фард аз одамият, аз аслу насаб ва рисолати таърихӣ, аз шарафунангу номус ва ифтихори милливу маънавият маҳрум аст ва ӯро аз олами ҳайвон наметавон тафовут дод»

«Шиносномаи миллати тоҷик»- албатта ҳар хонандаи закӣ мефаҳмад, ки ин ҷо сухан аз боби китоб меравад. «Тоҷикон дар давраҳои гуногун ҷаҳониёнро бо китоб, бо илм, бо ҳунар ва бо фарҳанги волои хеш тасхир карда буданд» - Ин гуфтаҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар боловарақиматолиби ба ин мавзӯъ бахшидаи ҳафтаномаи «Омӯзгор» ҷой дода шудааст. «Воситаҳои ахбори умум бояд фаъолиятихудро вобаста ба тарѓиби китоб мунтазам ва ҷолиб ба роҳ монанд. Тарѓиби китоб набояд амале мавсимӣ( вобаста ба иду фестивалу маҳфилҳо…) бошад,- аз ҷумла пешниҳод шудааст дар нашрия.

Источник: ИА "ХОВАР"
1.0
- всего оценок (2)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

02.1214:31Хранитель арсенала Ризвона Садирова осужден на 5,5 лет тюрьмы
02.1213:47Алишер Усманов впервые попал в список богатейших людей Швейцарии
02.1212:40В Кыргызстане ликвидировали антинаркотическую службу
02.1211:38Путин отчитался об успехах России. «Медуза» проверила его слова
02.1211:21Атамбаев ответил на слова мэра Москвы о киргизских мигрантах(1)


Самое обсуждаемое

28.1112:43Таджикистан не хочет в ЕАЭС(15)
03.0718:42Суд в Германии освободил Аваза Назарова(10)
29.1118:27"Лев Толстой" и "Александр Матросов" исчезнут с карты Душанбе(5)
01.1214:11Атамбаев о ЕАЭС: вступаем в братский союз и встречаем старшего брата, который нам ножки подставляет(4)
30.1110:02Населению Таджикистана предлагают снизить свои аппетиты и стать инвесторами(4)
02.1210:57Лидер Компартии Таджикистана верит председателю Нацбанка, но стоит в очереди за своим депозитом(2)
01.1209:43На реализацию новой Национальной стратегии развития Таджикистана необходимы $118,1 млрд.(2)
01.1217:52Земан и Рахмон не стали общаться с журналистами(2)
02.1211:21Атамбаев ответил на слова мэра Москвы о киргизских мигрантах(1)
01.1201:03"Кубинец" из Куляба: "Фидель Кастро звал меня по имени"(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156247