Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

01.01.200110:12

Пешравиҳо дар ноҳияи Шаҳритус

Душанбе, 3 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Тайи чанд соли охир бинобар сабаби афзоиши нархи маводи озуқаворӣ дар бозори ҷаҳонӣ таваҷҷӯҳи Роҳбари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини ҳамаҷонибаи аҳолии мамлакат бо маводи гуногуни озуқаворӣ, аз қабили орду гандум бештар гардидааст.

Бо ин мақсад, чанде қабл аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиатнома қабул гардид, ки ҳадафи он бо истифода аз ҳар як ваҷаб замин истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла маводи аввали ниёзи мардум мебошад.

Ҷиҳати дар амал татбиқ гардидани ин муроҷиат Сарвари давлат дар чанд шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафари корӣ анҷом дод. Мақсади асосии сафар шиносоӣ бо вазъи рӯзгор ва шароити зисту зиндагии мардум буд.

Ноҳияи Шаҳритус низ дар барномаи сафари Президенти ҷумҳуриамон ворид шуда буд.

Бо мақсади мусоидат ба рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Шаҳритус дар қатори дигар ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ба хотири ҳаллу фасли мушкилоти мавҷудаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи он аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба ноҳия маблағҳои мақсаднок ҷудо карда шудаанд.

Ҳамчунин зикр кардан бамаврид аст, ки ҳоло бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ноҳия 5 лоиҳаи инвеститсионӣ мавриди татбиқ қарор дорад, ки аз маблағи умумии онҳо то имрӯз беш аз 2 миллион сомонӣ азхуд гардидааст.

Илова бар ин, дар доираи татбиқи Барномаи рушди низоми маблағгузории хурд ба соҳибкорони ноҳия дар ҳаҷми 3 миллион сомонӣ карзҳои хурд дода шудаанд. Вобаста ба ин, бояд гуфт, ки ҳамчунин дар ин муддат ба соҳибкорон аз тарафи бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳии хурд дар ҳаҷми 9 миллион сомонӣ қарзҳо пешниҳод гардидаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз ду  маротиба зиёд мебошад.

Инчунин, дар қатори ноҳияҳои Бохтар, Вахш, Қумсангир, Қубодиён, Восеъ ва Фархор дар қаламрави ноҳияи Шаҳритус низ татбиқи лоиҳаи барқарорсозии соҳаи пахтакорӣ идома дорад, ки ҳадафи асосии он фароҳам овардани шароит барои рушди устувори пахтакорӣ ва бо ин роҳ баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолии деҳот мебошад.

Дар асоси лоиҳаи сармоягузорӣ оид ба тандурустии ҷамоавӣ ва заминавӣ, ки маблағи умумии он зиёда аз 57 миллион сомониро ташкил медиҳад, дар ноҳияи Шаҳритус низ як силсила корҳо ба субут расонида хоҳанд шуд.

Татбиқи лоиҳаи зикршуда дар ноҳия моҳи январи соли ҷорӣ оғоз ёфт ва аз маблағи барои беҳбудии соҳаи тибби ноҳия пешбинигардида, аллакай 20 фоизаш азхуд гардидааст.

Дар доираи барномаи мусоидат ба рушди соҳаи маориф ва барқарорсозии инфраструктураи иҷтимоӣ дар ноҳия татбиқи як лоиҳаи хурд, ки маблағи он 2 миллион сомонӣ мебошад, дар марҳалаи анҷомёбист ва ҳоло амалӣ кардани як лоиҳаи хурди дигар мавриди баррасӣ қарор дорад. Дар асоси барномаи зикршуда, дар мактаби таҳсилоти умумии рақами 26-и ноҳия сохтмони 8 синфхона ба анҷом расида истодааст.

Мувофиқи лоиҳаи дигар, дар беморхонаи минтақавии воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти "Пахтаобод” сохтмони бинои табобатӣ, ки маблағи он аз як миллион сомонӣиборат мебошад, дар назар дошта шудааст.

Ҳамчунин дар доираи лоиҳаҳои якум ва дуюми паст кардани сатҳи камбизоат
ӣ, дар соҳаи энергетикаи ноҳия 3 лоиҳаи хурд мавриди татбиқ қарор гирифтааст.

Дар натиҷаи амалӣ гардидани лоиҳаҳои зикршуда ва ташаббусҳои шахсии аҳолӣ, дар ноҳия раванди созандагиву бунёдкорӣ суръату сифати тоза пайдо карда, инфраструктураи деҳот, ки беҳбудии вазъи иҷтимоӣ, пеш аз ҳама ба сатҳи он вобаста аст, тадриҷан ба талаботи замон мувофиқ гардонида мешавад.

Тибқи маълумоти омор
ӣ, дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ дар соҳаи комплекси сохтмони асосии ноҳия беш аз як миллион сомонӣ азхуд гардида, як қатор иншооти таъиноти иҷтимоӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.

Дар баробари ин, ҳоло бунёди як силсила иншооту биноҳои дигар идома дорад ва то Рӯзи ҷашни ваҳдати миллӣ ба истифода додани беш аз 10 адади онҳо, ки маблағи сохтмонашон қариб 2 миллион сомониро ташкил медиҳад, дар назар аст.

Ҳамаи ин бунёдкориву созандагӣ самараи заҳматҳо ва сиёсати дурандешонаи Роҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, омили асосии беҳтару хубтар шудани вазъи зиндагии аҳолӣ ва дар ин замина ба раванди паст кардани сатҳи камбизоати аҳолӣ мусоидат мекунад.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

10.1214:40На юге Таджикистана на АЗС произошел мощный взрыв
10.1213:03Лавров обратился к оператору Reuters по-английски. А затем назвал его дебилом
10.1210:06На юг с пустыми карманами: из-за кризиса мигранты покидают Россию и возвращаются домой
10.1209:50"Заблокированный" год
10.1209:42Президент снял с должностей глав ряда районов Хатлонской области


Самое обсуждаемое

09.1214:20«Барки точик» сообщил о смягчении энерголимита по стране(6)
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию(3)
09.1221:00Немцы сочли мигрантов главной проблемой(2)
09.1213:17Именной пистолет от Виктора Януковича президентам СНГ(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156246