Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

01.01.200115:12

Садамаи нақлиётӣ боиси ҳалокати 2 нафар гардид

Душанбе, 11 июн. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- 10 июни соли ҷорӣ ронандаи мошини тамғаи «DEO-TIKO» рақами давлатиаш ВО 7639 02 РТ - Мақсадулло Сафарови 20-сола - сокини ноҳияи Панҷакент ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар километри 250-ум дар ҳудуди деҳаи Қаирма аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, ба чуқурии 10 метр афтид. Дар натиҷа, мусофири мошин Маҳбуба Урозова ҷароҳати вазнин бардошта, дар беморхона ҳалок мегардад.

Ҳамон рӯз дар километри 15-уми шоҳроҳи Душанбе - Турсунзода ронандаи мошини тамғаи «Nexia» рақами давлатиаш ВН 0300 01 РТ Алишери Шералии 19-сола, истиқоматкунандаи маҳаллаи 9-уми ноҳияи Турсунзода бо сабабҳои номаълум ба самти муқобили ҳаракат баромада, ба мошини тамғаи «Nexia» рақами давлатиаш ВР 4622 01 РТ, ки онро ронанда Абдушукур Шерови 23-сола идора мекард, бармехӯрад.

Дар натиҷа, ронандаи мошини тамғаи «Nexi» рақами давлатиаш ВН 0300 01 РТ Алишери Шералӣ ва мусофири ӯ Ҳақназар Ҳусейнов маҷрӯҳ гардида, мусофири дигар Толибшо Раҷабов аз ҷароҳатҳои бардошта дар беморхона ба ҳалокат мерасад.

Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

27.0409:43В Душанбе вербовщик ИГ приговорен к 15 годам лишения свободы
27.0409:31Летом по Душанбе начнут курсировать новые такси. Это будут JAC и Peugeot казахской сборки
27.0409:26"Я сильнее страха". ВИДЕО
27.0409:15По улицам Душанбе прошествует «Бессмертный полк»
27.0408:38Таджикские таможенники выявили контрабанду на сумму свыше $100 тыс.


Самое обсуждаемое

26.0407:01Экс-сотрудники антикоррупции. «Чистка» продолжается(4)
26.0416:53Во что нам выльется строительство Рогунской ГЭС?(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156262