Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

01.01.200115:12

Шаҳрванди Федератсияи Русия бо маводи нашъаовар дастгир гардид

Душанбе, 11 июн. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Аз ҷониби кормандони гумруки роҳи оҳани ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд боз як қочоқчии маводи нашъаовар боздошт гардид.

Онҳо ҳангоми барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукии боғоҷи дастии мусофирони қатораи сайрхати самти Хучанд-Саратов мусофир Юрий Горшунови 23-соларо, ки истиқоматкунандаи шаҳри Сургути вилояти Тюмени Федератсияи Русия мебошад, ҳамчун шахси шубҳанок дар интиқоли маводи нашъаовар гумонбар дониста, дастгир намуданд.

Ю.Горшунов барои муоинаи тиббӣ ба беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фиристода шуда, аз дохили меъдаи ӯ 87 дона бастаҳои махсуси полиэтиленӣ гирифтанд.

Аз баёноти номбурда маълум гардид, ки ӯ бо супориши махсуси нашъаҷаллобон аз шаҳри Сургути вилояти Тюмен ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, мехост ин миқдор маводи сахттаъсири героинро ба Федератсияи Русия интиқол диҳад.

Аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки тибқи маълумоти экспертиза, хокаи аз дохили бастаҳо гирифташуда героин буда, вазни холиси он 444 граммро ташкил медиҳад.

Оид ба ин ҳодиса нисбат ба Юрий Горшунов тибқи моддаҳои 200, қисми 3, банди «т», 32, қисми 3 ва 289, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, барои гузаронидани тафтиши пешакӣ ба прокуратураи нақлиёти вилояти Суғд фиристода шуд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

24.0520:06Крепкие рукопожатия: Трамп и Рахмон померились силами
24.0518:48Петр Ивашкевич: Польша не считает таджикских беженцев террористами
24.0517:38Совет глав органов безопасности СНГ открылся в Бишкеке
24.0514:40СМИ нашли политика, "победившего" Трампа в рукопожатии
24.0514:04Глава Агентства опроверг сообщения о «несметных богатствах» арестованных экс-антикоррупционеров(1)


Самое обсуждаемое

23.0517:54Названо имя исполнителя теракта в Манчестере(1)
24.0520:06Крепкие рукопожатия: Трамп и Рахмон померились силами(1)
24.0510:03“Бойкот” по-шахритусски. Родных боевиков ИГ хотят выселить из района(1)
24.0514:04Глава Агентства опроверг сообщения о «несметных богатствах» арестованных экс-антикоррупционеров(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312524