Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

10.01.200114:12

Акбаралӣ Сатторов«СМТ - пахши барномаҳо бо услуби нав»

Душанбе, 20 июн. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). - Як сол қабл аз ин, аниқтараш 18 июни соли 2007 телевизиони «Симои мустақили Тоҷикистон» ба пахши барномаҳои худ шурўъ кард.

Ба ин муносибат 20 июни дар толори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти СМТ, коршиносони соҳа ва хабарнигорон нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов нишатро кушода, роҷеъ ба бурду бохти СМТ дар давоми як сол ибрози андеша кард. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки шабакаҳои телевизионие, ки то имрӯз таъсис ёфтаанд бештар аз Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон нусха бардорӣ мекунанд, яъне услуби ҳамонро айнан ё бо қадре илова идома медиҳанд. Махсусан, Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина», ки таъсис ёфт аксаран кормандони ТВТ ба ТВС ба кор омаданду ҳамон услуби қадимаро идома доданд ва ин сипас ба телевизиони «Баҳористон» низ гузашт. Вале, СМТ тавонист, ки куллан тарзи пахши барномаҳояшро ба услуби дигар ба роҳ монад ва то ҷое ба ин ҳам муваффақ гашт.

Сипас, директори телевизиони СМТ Зинатулло Исмоилов оид ба фаъолияти яксолаи шабакаи навтаъсис маълумот дода, қайд кард, ки саъю кўшиши кормандони мо ба он равона гардидааст, ки дунёи маънавии тамошобинон ғанӣ бошад. Аз ин хотир, дар интихоби барнома ва филмҳои ҳунариву тасвирӣ пеш аз ҳама таваҷҷўҳ ба мўҳтавои муассир равона мешавад.

Маврид ба ёдоварист, ки 18 июни соли 2007 пахши нахустин барномаҳои СМТ ба роҳ монда шуда, доираи фарогирии шабакаи мазкур шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он мебошад. Барномаҳои он ҳамарўза 8 соат, аз ҷумла 2 соат субҳ ва 6 соат бегоҳ пешниҳоди бинандагон мегардад.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

16.1020:30В Таджикистане вернулся к работе чиновник, обматеривший прихожан мечети. ВИДЕО(1)
16.1016:46Из парка имени Айни тайно убрали прах известных людей
16.1016:10«Ночные волки» приехали в Душанбе(1)
16.1013:50Рамзан Кадыров прибыл в Узбекистан
16.1013:36Запасайся, кто может…


Самое обсуждаемое

16.1016:10«Ночные волки» приехали в Душанбе(1)
16.1020:30В Таджикистане вернулся к работе чиновник, обматеривший прихожан мечети. ВИДЕО(1)
16.1009:07Эмомали Рахмон призвал богатых арабов поддержать своих собратьев по вере(1)
15.1018:04Президентские выборы в Кыргызстане могли остаться в истории, но…(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0468792