Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

10.01.200110:12

Дар Қазоқистон осори Рӯдакӣ ба нашр расид

Душанбе, 20 июн. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). - Дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон китоби ашъор ва зиндагиномаи сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо забони русӣ чоп шуд.

Китоби мазкур аз ду бахш иборат буда, дар бахши аввал ашъори устод Рӯдакӣ иборат аз қасидаву ғазал, қитъаву рубоӣ ва байту пораҳои алоҳида аз маснавиҳои шоир, ки то ба замони мо расидаанд, гирд оварда шудааст. Инчунин, дар ин қисмати китоб ношир ва мураттиби асар Аҳмад Дуйсенбоев баргузидаи ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ, бахусус Абӯшакури Балхӣ, Шаҳиди Балхӣ, Хусравонӣ, Ҳаким Ҳаббози Нишопурӣ, Робиаи Балхӣ, Кисоии Марвазӣ ва Дақиқиро ҷой додааст.

Дар бахши дуюми китоб пажӯҳиши донишмандони маъруф Абдулғанӣ Мирзоев ва Иосиф Брагинский дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷой дода шудааст.

Маврид ба ёдоварист, ки осори Рӯдакӣ бори дуюм аст дар Қазоқистон ба чоп мерасад. Соли гузашта бо кӯшиши адиб ва донишманди тоҷик Қодири Рустам дар Алмаато девони Рӯдакӣба забони тоҷикӣ нашр гардида буд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

03.1216:40Душанбинских пекарей отправили в вынужденный отпуск
03.1215:16Ансори: Смертный приговор Бобака Занджани не отменен
03.1212:35В России группа наркоторговцев подозревается в сбыте около 700 кг героина
03.1210:23Официальный Кабул прокомментировал заявление талибов по CASA-1000
03.1210:03Путин призвал упростить получение гражданства РФ для выходцев из бывшего СССР


Самое обсуждаемое

01.1214:11Атамбаев о ЕАЭС: вступаем в братский союз и встречаем старшего брата, который нам ножки подставляет(7)
02.1210:57Лидер Компартии Таджикистана верит председателю Нацбанка, но стоит в очереди за своим депозитом(3)
01.1209:43На реализацию новой Национальной стратегии развития Таджикистана необходимы $118,1 млрд.(3)
01.1217:52Земан и Рахмон не стали общаться с журналистами(2)
03.1210:32Когда у НПЗ "финансы поют романсы"...(1)
02.1211:21Атамбаев ответил на слова мэра Москвы о киргизских мигрантах(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156242