Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

10.01.200116:12

Дар Душанбе литсейи «Сомониён» сохта мешавад

Душанбе,20 июн. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар шаҳри Душанбе Вазорати маорифи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон литсейи «Сомониён» -ро месозад, ки он барои 350 нафар фарзандони муҳоҷири афғонӣ, ки муқими шаҳри Душанбе мебошанд, пешбинӣ мешавад. Дар робита дар шаҳри Душанбе байни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ёддошти ҳусни тафоҳум ба тасвиб расид. Ин санади муҳими ҳамкориро Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов ва Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайидмуҳаммад Хайрхоҳ дар ҳузури намояндагони вазоратҳои ҳар ду кишвар ба имзо расониданд.

Ин иқдом бо мақсади татбиқи муқараротиСозишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, фарҳанг ва илм, ки 27 апрели соли 2005 дар шаҳри Кобул ба имзо расида буд, амалӣ гардонида мешавад.

Сардори маркази матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев ба хабарнигори АМИТ «Ховар», гуфт, ки дар асоси тафоҳумномаи ба имзо расида, литсейи «Сомониён» фаъолияти худро дар доираи меъёр ва муқаррароти Вазорати маорифи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба роҳ мемонад. Таҳсил дар ин ҷо бо забонҳои дарӣ ва пашту ҷараён мегирад. Ҳамчунин дар литсей забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ бо алифбои кириллӣ ва лотинӣ омӯзонида мешаванд.

Намояндаи масъули бахши фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғуломҳасани Ҳазратӣ мегӯяд, ки алҳол дар Тоҷикистон ҳудуди 3 ҳазор муҳоҷири афғонӣ зиндагӣ менамояд. Ва сохтмони литсейи «Сомониён» қадами устувор ва муҳимест дар мавриди рафъи мушкилоти ба таҳсил фаро гирифтани фарзандони муҳоҷирони афғонӣ дар Душанбе.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

08.1218:30Ностальгия по СССР. Таджикистанцы тоскуют по "потерянному раю"
08.1217:44Интересные факты о Таджикистане
08.1216:25“Мамочка, я очень-очень люблю тебя!”
08.1215:43Таджикская принцесса оправдалась за свадебное платье в 40 миллионов рублей
08.1215:15Президент Узбекистана предложил сделать должность глав администраций выборной


Самое обсуждаемое

07.1207:59Власти Таджикистана планируют в два раза сократить уровень бедности(6)
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию(2)
08.1215:2825 лет без СССР(1)
08.1214:51В министерстве культуры обсужден вопрос о переносе памятника Абуали Сино(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156215