Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

10.01.200115:12

Маҷмӯаи нав барои кишоварзон

20.06.08. (АМИТ «Ховар», С. Шамсиддинов).

Эмомалӣ Раҳмон:«Амнияти озуқавориро таъмин мекунем».Таҳти ҳамин унвон Агентии милли иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» маҷмӯаи наверо доир ба талошҳои Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон дар мавриди истифодаи мақсадноки замин ва роҳҳои таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ аз чоп баровард.

Дар маҷмӯа омадааст, ки «дар салтанати шӯравӣ замин моликияти дахлнопазири давлат маҳсуб меёфт ва сиёсати кишоварзии таҳавулотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби мутахассисони мактаби бюрократизми шӯравӣ муқовимати шадид пайдо кард. Вале пофишории қавӣ, некбинии боварибахш ва мавқеи устувори Сарвари Давлат бор оварда, андешаҳои беасоси муқобилонро ботил кард».

Ин аввалин таҷрибаи заминдорӣ дар қаламрави ИДМ буд ва тақсими 75 ҳазор гектар замин ба аҳолӣ хавфи гуруснагиро дар мамлакат комилан барҳам зад.

Муаллиф бо далелҳои асоснок овардааст, ки то соли 2006 - ум дар ҷумҳурӣ нархи 50 кг орд 40-50 сомонӣ, яъне 13-15 доллари ИМА- ро ташкил медод, ки ифодаи олии натиҷаҳои бобарори сиёсати аграрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст.

Тайи солҳои охир бо сабабҳои гуногун дар кулли кишварҳои олам нархи маводи озуқа боло рафт.

Бо мақсади дарёфти роҳҳои самарабахши ҳалли мушкилоти рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиат намуда, аз 18 апрел то 1 июни соли 2008 дар давоми 45 рӯз ба 8 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ сафарҳои корӣ анҷом дод ва бевосита дар сари замин ба деҳқонон маслиҳату ҳидоятҳо дод.

Дар маҷмӯа аз натоиҷи сафарҳои Сарвари давлат ба минтақаҳо, аҳамияту афзалияти онҳо, инчунин маводи муфассал дар бораи кишти такрорӣ ворид шуда, барои мутахассисони кишоварз ва дигар алоқамандони соҳа пешбинӣ гардидааст.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

10.1214:40На юге Таджикистана на АЗС произошел мощный взрыв
10.1213:03Лавров обратился к оператору Reuters по-английски. А затем назвал его дебилом
10.1210:06На юг с пустыми карманами: из-за кризиса мигранты покидают Россию и возвращаются домой
10.1209:50"Заблокированный" год
10.1209:42Президент снял с должностей глав ряда районов Хатлонской области


Самое обсуждаемое

09.1214:20«Барки точик» сообщил о смягчении энерголимита по стране(6)
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию(3)
09.1221:00Немцы сочли мигрантов главной проблемой(2)
09.1213:17Именной пистолет от Виктора Януковича президентам СНГ(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156247