Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

10.01.200115:13

«Маърифати омӯзгор» - барои омӯзгорону хонандагон

Душанбе, 20 июн. (АМИТ «Ховар», Неъматулло Додов).- «Маърифати омӯзгор» -маҷаллаи таълимию методӣ ва илмиву оммавӣ буда, моҳе як маротиба батабъ мерасад. Сармуҳаррири маҷалла, рӯзноманигори хушқалам Ҳокими Азиз дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» аз мазмуну мӯҳтавои нашрия аз ҷумла чунин изҳор дошт:

-Дар маҷалла, ки аслан барои омӯзгорон ва донишҷӯёну хонандагон пешбинӣ шудааст, бештар ба ин масоил таваҷҷӯҳ шуда, мақолаҳо пешкаш мегарданд: Раванди таълими фанҳои гуманитарӣ дар партави ислоҳоти маориф, эҳтироми забони модарӣ, забони назми классикӣ воситаи тарбияи эстетикиишогирдон, мавқеи устод Рӯдакӣ дар китобҳои дарсии Забони тоҷикӣ, саҳми тоҷикон дар густариши улуми асрҳои 5-8 ва масоили илмӣ ва таълимии замони муосир ва ҳоказо.

Инчунин, ба масоили саҳми мақомоти маҳаллии маориф ва муассисаҳои таълимӣ дар давраи нав, мактаб, хатмкунанда ва мушкилот дар макотиби олӣ, масъалаҳои тарбияи меҳнатӣ дар педагогикаи этникӣ ва халқӣ, тавсияҳои методӣ ба кори иттиҳодияҳои методӣ дар мактаб-интернатҳои кӯдакони иллатҳои шунавоӣ дошта…аз назари мо дур намонда, андеша ва мақолаҳои олимону мутахассисонро ба табъ мерасонем.

-Умуман,ният дорем, ки ба масъалаҳои мубрам ва васеътари соҳаи маориф, таълиму тарбия саҳмгузор бошем. Ва ин маҷалла, танҳо барои омӯзгорону хонандагон набуда, барои ҳамагон аст, -гуфт дар фарҷом Ҳ.Азиз.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

16.0112:15Россия вернула Таджикистану на доработку проект соглашения о пенсионном обеспечении мигрантов
16.0112:14Как откупиться от Китая?
16.0111:54В Душанбе раскрыто убийство местной жительницы
16.0111:28Ноза Абдулвасиева родила Гордону второго сына
16.0111:05Капитал восьми богатейших бизнесменов достиг объема средств половины населения мира


Самое обсуждаемое

13.0119:20Да будет "свет"! Энерголимит в Таджикистане будет снят в разгар зимы(5)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156235