Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

10.01.200115:13

«МЛТ» нархномаи «Навин»-ро ба муштариён пешниҳод намуд

Душанбе, 20 июн. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар арафаи Рӯзи ваҳдати миллӣ Ҷамъияти саҳомиишакли пӯшидаи «МЛТ» нархномаи нави «Навин»-ро ба муштариёни худ пешниҳод кард. Ба ин муносибат 20 июн дар Душанбе маросими муаррифии нархномаи «Навин» баргузор гардид.

Нархнома «Навин» махсус барои он сохта шудааст, ки муштариёни мо ҳангоми сӯҳбат бо наздикону пайвандон ва дӯстон, худро маҳдуд накарда, мунтазам тавассутиарзиши фоидаовари дақиқаҳо ба ҳамдигар чи қадаре, ки лозим донанд, занг мезананд, мегӯяд, Сардори кули Ширкати«МЛТ» Гулмаҳмад Қаюмов.

Яке аз шартҳои нархномаи нав, ки онро ба замони муосир мувофиқ мегардонад, ин арзиши камтаринизангҳои баромад 1 сент ба тамоми рақамҳои телефонии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Қабули зангҳо низ дар ин нархнома фоидаовар аст, Зеро занги даромад аз муштариишабакаи «МЛТ» барои муштарии нархномаи «Навин» ба андозаи 1 сентбарои занги фосилааш аз 60 сония зиёд фоида меорад.

Ҳамчунин самтҳои бонусро, ки ба суратҳисоби муштарӣворид мегарданд, барои ҳамаи хизматрасониҳо, аз ҷумла зангҳоибаромад, SMSва MMS,GPRS-WAP,GPRS-Internetва ғайраҳо, ки шабакаи «МЛТ» пешниҳод менамояд, истифода бурдан мумкин аст.

Нархномаи нав ба шакли ҳисоббаробаркунии сониявӣ буда, пардохти ҳаққи муштарӣ вуҷуд надорад. Барои пайвастшавӣ маблағ гирифта намешавад. Пешбардохт ба андозаи 3 доллар аст, ки он низ ҳангоми пайвастшавӣдар суратҳисоби муштарӣ боқӣ мемонад.

Бояд зикр кард, ки ширкати мобилии «МЛТ» яке аз авваллин операторониалоқаи мобилии умумиҷумҳуриявӣ буда, аз сентябри соли 2001 инҷониб фаъолият дорад. Саҳмгузорони асосии он ҶСК «МегаФон» ва ҶСК «Тоҷиктелеком» мебошанд. Шумораи умумии муштариёнаш дар бозори алоқазиёда аз 3 миллион нафар буда, аввалин муштарӣ соли 2001 ба қайд гирфита шудааст. Баланд бардоштани хизматрасонӣ ба муштариён яке аз ҳадафҳои асосии «МЛТ» аст. Инчунин дар миқёси Тоҷикистон18 намояндагӣ, 400 нуқтаи дилерӣ ва дигар нуқтаҳои сайёри хизматрасонӣ дорад.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

24.1007:40Эксперты: Президент Афганистана, обвинив Россию, продемонстрировал свою преданность Вашингтону
24.1007:07Проректор Медуниверситета был задержан за взятку в $16 тыс. Но уже на свободе
23.1018:09Власти Таджикистана подтвердили арест руководителей компании “Умед-88”
23.1017:10«Он вернулся, чтобы служить своему народу…»
23.1015:51Проректор Таджикского медуниверситета потребовал взятку у отца абитуриента


Самое обсуждаемое

14.0813:47Написать письмо президенту Таджикистана стало проще(14)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312533