Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

11.01.200112:12

Китоби нав

Душанбе,21 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Китоби« Ҷавонон-созандагонифардои ҷомеа»кӯшиши аввалин баҳри гирд овардани мулоқоту вохӯриҳои Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон ва суханрониҳои ӯ дар ҷамъомадҳои гуногун дар бораи ҷавонон ва нақши онҳо дар пешрафти ҷомеа мебошад. Мураттибони китоб ва муҳаррири он дар сарсухани худ зикр менамоянд, ки «Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатдар ҷараёни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат нақши ҷавонон хеле боло рафтааст».

Ин, албатта, ҳақиқати бебаҳс аст. Зеро Сарвари давлат бо мақсади роҳ кушодан ба ҷавонони соҳибмаърифату боистеъдод ваташкилотчӣҳангоми ҷо ба ҷогузории кадрҳо ба мавқеи онҳо диққати махсусмедиҳад. Айни ҳол бештар аз 70 фоизи аҳолии мамлакатро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ин қувваи бузург аст. Эмомали Раҳмон низ кушиш ба харҷ медиҳад, ки ин қувваи бузургроба пешрафти иқтисодиёт сафарбар намояд. Бо ибтикори ӯ, дар ин масъала силсилаи қонунҳо ва қарорҳои ҳукуматӣ қабул шудаанд. Яке аз онҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» мебошад, ки ҳанӯз соли 1997 қабул шуда буд. Ҳамон вақт бо ташаббуси бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ таъсис дода шуд.

Китоби нав ҳамчун манбаи комили иттилоотию таҳлилӣ метавонад барои доираи васеи хонандагон, аз ҷумла ҷавонон, омӯзгорону шогирдони мактабҳои олӣ, аспирантҳо, муҳаққиқон ва сиёсатшиносон хизмат намояд.

Маҷмуа аз тарҷумаи ҳоли мухтасари Президенти ҷумҳурӣ шурӯъ мешавад. Факту рақамҳо ва далелҳои он шаҳодат медиҳанд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар натиҷаи саъю кӯшиши бардавом, заҳмати тӯлонӣ ва талошҳои созанда зинаҳои камолотро тай намуда, ба ин дараҷа расидааст. Ин, бешубҳа, барои кулли ҷавонони кишвар намунаи ибрат аст.

Китоб инчунин дар бораи мулоқоту вохӯрӣ, сӯҳбатҳо ва суханрониҳои Сарвари давлат бо ҷавонон нақл мекунад. Дар он матни суханрониҳои Презденти ҷумҳурӣдар анҷумани якуми ҷавонони Тоҷикистон 17 марти соли 1994, дар мулоқот бо ҷавонон 23 маи соли 1997, дар мулоқот бо ҷавонони боистеъдод 16 майи соли 1998, дар мулоқотбо намояндагони ҷавонони мамлакат 21 майи соли 2005, дар маросими оғози сохтмони майдони варзишии шаҳри Хуҷанд 13 июни соли 2007, мулоқот бо варзишгарони ҷоизадор 27 декабири соли 2007-ро дар бар мегирад.

Бояд қайд кард, ки матни суханрониҳои Сарвари давлат дар китоб ба забонҳои тоҷикию русӣ оварда шудаанд. Ин доираи хонандагони онро боз ҳам васеътар хоҳад кард.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

20.0716:09Москва-Вашингтон: начало большого разговора
20.0715:41Мамадазимов: Саудовская Аравия отказала РТ в деньгах из-за катарского кризиса(1)
20.0715:37Глава УМВД Хатлона: побег родных Халимова планировался несколько месяцев. ВИДЕО
20.0714:20"Спор о девственности, доведший до могилы". Дело Зафара Пирова направлено в суд
20.0714:00Куда утекли миллионы, потраченные на чистую воду в столице?


Самое обсуждаемое

18.0708:16О попытке государственного переворота в Турции(2)
18.0713:29Далер Кузяев: Звали играть за Таджикистан, но я хочу выступать только за Россию(2)
18.0706:52США пообещали ввести новые санкции против Ирана(2)
19.0713:41Россия экстрадировала в Таджикистан дезертира(1)
19.0716:37Минсельхоз: Прошли те времена, когда килограмм картошки стоил 60 дирам(1)
20.0715:41Мамадазимов: Саудовская Аравия отказала РТ в деньгах из-за катарского кризиса(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156267