Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

13.01.200110:12

Ба роҳ мондани кишти такрорӣ омили серҳосилӣ

Муроҷиатномаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳар як сокини ҷумҳуриро водор месозад, ки дар бораи истифодаи оқилонаи замин ва гирифтаниду – се ҳосилбетараф набошад.

Дар робита бо ин хабарнигори АМИТ “Ховар”Лаззат Диловарзод бо номзади илмҳои кишоварзӣ , ходими калони илмии озмоишгоҳи самаранок истифодабарии заминҳои обии Институти зироаткор Раҷабалӣ Шарипов ҳамсӯҳбатшуд.

Шумо дар бораиистифодаи саамараноки замин ва аз як замин гирифтани ду ҳосил ҳамчун мутахассис чӣ маслиҳат медиҳед?

Машваратњои гузаронидаи Љаноби Олї, мўҳтарам Эмомалї Рањмонбо олимонва мутахасисони соњаи кишоварзї дар моњњои апрел ва майи соли 2008 дар ноњияњои Б. Ѓафуров, Данғара, Рўдакї, Њисор ва Вањдат аз он шањодат медињад, ки супоришњои Љаноби Олиро дар амал татбиќ намуда, дар мўњлати кўтоњ маъракаи њосилғундорї ва кишти такрории зироатњоро дар заминњои обёришаванда таъмин намоянд.

Самаранок истифодабарии заминњои обёришаванда яке аз роњњои асосї ба шумор рафта, барои зиёд намудани истењсоли мањсулоти озуќа ва амнияти озуќавории мамлакат мусоидат менамояд.

Баъд аз љаъмоварии њосили ғаллагињо 120-140 рўзњоиофтобї боќї мемонад, ки бояд хољагихо аз он истифода баранд. Хољагињо дар кишти такрорї он зироатњоеро интихоб намоянд, ки то фаро расидани њавои сарди тирамоњ њосили хуб дода тавонанд ва аз љињати иќтисодї манфиатнок бошанд.

Роњбарон ва мутахассисони хољагињои дењќонї, фермерон ва иљоракорон бояд мувофиќи наќшаи кории тартибдодашуда, ки дар он истифода бурдани зироатњо ва навъњои тезпаз, масоњати замин, тайёр намудани тухмї барои кишти асосї ва такрорї, тарзи тайёр намудани замин, омода будани тракторњо, тухмипошакњо, нурињои минералї, обмонї дар мўњлатњои лозимї, ғунучини њосил ва ғайрадарљ шудааст, амал намоянд.

Баланд бардоштани ҳосил ба чӣ вобастагӣ дорад?

Истењсол намудани њосили баланди зироатњои ғалладонагї аз кишти такрории онњо, мўњлати кишти тирамоњиву истифодаи зироатњо ва навъњои онњо вобастагї дорад. Зироатњои асосии дар тирамоњ (дар кишти асосї) корида мешудагї гандум ва љав мебошанд.

Њаракат кардан лозим, ки навъњои серњосил ва тезпази ин зироатњо истифода бурда шаванд. Fайр аз он барои рўёнидани њосили баланди гандум бояд њама чорабинињои агротехникї дар мўњлатњои мўътадил иљро карда шаванд. Чунин навъњоеро истифода бурдан лозим, ки 60-70 сентнер аз як гектари кишти тирамоњии гандум ва 50-60 сентнер њосили дони љуворимакка аз кишти такрорї истењсол карда шавад.

Аз њама муњим он аст, ки навъњои гандуми дар шароити Тољикистон санљида шуда истифода бурда шаванд. Аз сабаби набудани тухмї хољагињои фермерї, дењќонї ва иљоракорон тухмињои гуногуни санљиданашударо аз берун, њатто аз бозор дастрас намуда мекоранд. Онњо намедонанд, ки тухмињои аз берун дастрас намуда ба навъњои бањорї ё тирамоњї тааллуќ доранд. Намедонанд, ки ин навъњо ба чї гуна технологияи кишту кор мутобиќанд, чї гуна хунукї ва њарорати баландро ќабул мекунанд.

Барои кишти такрорӣ истифодаи кадом зироатҳо манфиатнок аст?

Натиљаи корњои бисёрсолаи олимон ва таљрибаи пешќадами дењќонон нишон медињанд, ки аз истифодаи зироатњои љуворимакка, офтобпараст мош, лўбиёи чинї, лўбиёи љойдорї, марљумак, кунљит, гандуми навъи “Зафар” ва пахта дар кишти такрорї њосили дони аз љињати иктисоди манфиатнок имконпазир аст.

Ба кишти такрорӣ кай ва чӣ тавр тайёр шудан даркор?

Љамъоварии њосили ғаллагињо ва тайёр намудани замин ба кишт.

Мувофиќи наќшаи муайян дар моњи май заминњои барои кишти такрорї мувофиќ муайян карда шаванд. Љамъоварии ғаллагињоро аз ќитъањои барои кишти такрорї муайянкардашуда сар карда, дар як муддати кўтоњ ба анљом расонидан лозим. Бояд аз як тараф комбайнњои ғалладаравї кор кунанд, аз тарафи дигар пахол аз замин бароварда шавад. Агар намии замин кифоя бошад, њатман замин шудгору сихмола карда шуда, ба кишти такрорї шуруъ карда мешавад. Агар намии замин кам бошаду кулўхњои калон пайдо мешудагї бошанд, оби сабук монда, баъд аз 2-юм рўз ба шудгору сихмола ва баробари ин ба кишт шурўъ кардан лозим аст.

Пеш аз кишти такрорї дар њар як гектар замин 50-60 кило фосфор ва 50-60 кило килий пошидан лозим аст. Нурињои азотї дар ваќти нашъунамои нињолњои зироатњо пошида мешаванд. Меъёри нурињо аслан ба намуди зироат ва навъњои онњо вобаста аст.

Зироатњои дар кишти такрорї истифодашаванда онњое мебошанд, ки давраи нашъунамояшон кўтоњ буда, ба гармї тобовар мебошанд. Онњо бояд то моњи октябр пухта расанд ва њосили фоидабахш дињанд. Ба инњо чунин зироатњо дохил мешаванд: љуворимакка, гандуми навъи “Зафар”, шолї, мош, соя, офтобпараст, марљунак (гречиха), кунҷит, лўбиё, арзан ва ғайра.

Хоҳиш мекунам дар бораи ҷуворимакка, ки имрӯз дар тамоми ҷаҳон ба кишти он таваҷчӯҳи махсус зоҳир карда мешавад, маълумоти бештар медодед.

Ҷуворимакка дар байни зироатњои ғаллагї яке аз муњимтарин ва серњосилтарин ба њисоб меравад. Он дар кишти асосї ва такрорї истифода бурда мешавад. Орди љуворимакка барои нон бо орди гандум омехта карда мешавад. Донаш барои тайёр намудани хўрокаи серғизо бо дигар намуди зироатњо омехта карда шуда (комбикорм), барои хўроки чорво истифода бурда мешавад. Аз вай консерва, крупа, крахмал, спирт ва ғайра тайёр мекунанд. Баргу пояи вайро барои силос, сенаж истифода мебаранд, ќоғаз, линолиум ва ғайра тайёр мекунанд.

Дар ҷумҳурии мо барои кишти ҷуворимакка аз кадом навъҳои он истифода бояд кард?

Дар љумњурї аслан навъњои “Шӯњрат”, “Дилшод”, “Краснодарский-61 3АТВ” кишт карда мешаванд. Баъзе хољагињои дењќонї намудњои тезпази тањљоиро низ истифода мебаранд. Fайраз он навъњои ояндадори љуворимаккаи “ТНИИЗ- 1039” ва “ТНИИЗ- 1010” номгўи тезпаз пешнињод шудааст. Соли равон ба љумњурӣ тухмињои дурагањои Югославї аз Ќазоќистон ворид шудаанд. Дар байни онњо дурагањои тезпаз њам мављуданд. Хуб мебуд, ки барои кишти такрорї дурагањои тезпаз ба монанди “ЮЗПСКА -539” истифода бурда шаванд.

Ҳосили баланди ҷуворимакка ба чӣ вобастагӣ дорад?

Истењсол намудани њосили баланди љуворимакка ва дигар зироатњои кишти такрорї ба мўњлати кишт вобастагї доранд. Кишти такрорї аслан баъд аз дарави ғаллагињо гузаронида мешавад. Бояд гандум баъд аз пухта расиданаш дар як муддати кўтоњ даравида шуда, коњи он аз замин бароварда шавад.

Баробари баровардани коњ замин бояд шудгор карда шавад. Агар кулўх пайдо шавад бо дискањои вазнин ё молаи вазнин онро бояд майда кунанд.

Шудгор бояд бо испорњои (плугњои) ПЛН-У-35, ПЯ-3-35 бо тракторњои тасмачархи Т-4А, Т-150-05 ваДТ-75 гузаронида шавад, ин њолат ба шудгори хушсифат гузаронидан имкомпазир аст ва самараи њаматарафа мебахшад.

Саросар неш зада баромадани љуворимакка ва дигар зироатњо, ба ғайр аз сифати тухмї аз коркарди хок пеш аз кишт вобастагии калон дорад. Чї ќадаре, ки замин хуб њамвор карда шавад, хокаш нарм вамайда бошад, њамон ќадар растанињо баробар неш зада мебароянд.

Тухмиро чӣ тавр барои киштомода кардан лозим?

Барои кишти љуворимакка тухмињои кондитсиониро истифода бурдан лозим аст. Тухмињо бояд аз 1-11 класс паст набошанд. Онњоро тайёр намуда, аз ғилборњои махсус мегузаронанд(калибровка мекунанд). Сабзиши тухмињо бояд аз 92-96 % паст набошанд.

Пеш аз кишт тухмињои љуворимаккаро барои аз касалињои сиёњаки гардмонанд ва пуфакмонанд муњофазат намудан, бо препаратњои обаки ё хушк зањрулод мекунанд.

Дар бораи мӯҳлати кишт ба деҳқонон чӣ маслиҳат додан мехоҳед?

Дар мўњлати муносиб ва бо сифати баланд гузаронидани кишти такрории љуворимакка вазифаи масъулиятноктарини роњбарон ва мутахассисони хољагињои дењќонї, фермерњо ва иљоракорони љумњурї ба њисоб меравад. Барои њамин њам баробари оғоз намудани ғунучини њосили зироатњои ғаллагињо тракторњои заминро шудгор мекардагї, тухмипошакњо, култиваторњо ва ғайра бояд хуб омада карда шаванд. Барои ин муҳандисон ва таъмиргарон бо якљоягии агрономњо дуруст љойгиркунии ќисмњои тухмипошак ва нуридињиро аз назар гузаронида, бо якхела будани васеъгии байни ќаторњо, рехтани тухмї ва нурї диќќати махсус дода, онњоро мувофиќи талабот ба кор омада кунанд. Кишти такрорї бояд то 20-30-уми июн анљом дода шавад.

Њамин тавр ба кишт омода кардани агрегатњо имконияти пурраи сариваќт ва бо сифати баланд анљом додани кишти такрориро таъмин менамояд. Љуворимакка бо усули ќатори васеъ кишт карда мешавад.

Барои кишт тухмипошакњои пневматикииСУПН-8, СУПН-6, СПЧ-6М истифода бурда мешаванд. Fайр аз он бо тухмипошакњои оддии ғаллакорї ва пахтакорї њам корида мешавад. Васеъгии байни ќаторњо бояд 60- 70 см бошад.

Меъёри миёнаи кишти љуворимакка дар як гектар 25-30 кило мебошад. Тухмињо бояд ба чуќурии 6- 7 см. кишта шаванд.

Бакишти ҷуворимакка чанд маротибагизо дода мешавад?

Нигоњубини киштњои љуворимакка, нармкунии байни ќаторњо, ягонакунї, хишовакунї ва обмонї дар давраи нашъунамо мебошад. Баъди 8-10 рўзи сабзида баромадани растанињо, киштро маротибаи якум култиватсия ё каланд мекунанд. Дар давраи 4-5 барга шудан, ќаторњои онњоро ягона мекунанд, дар ваќти ягонакунї дар байни растанињо 25- 30 см масофа гузошта мешавад. Зичии мўътадили љуворимакка дар як гектар 55-60 њазор растанї мебошад.

Вобаста ба имкониятњои иќтисодї ба кишти љуворимакка дар давраи нашъунамои нињолњо ду-се маротиба нурињои минералї додан мувофиќи талаб мебошад ва самараи хуб медињад.

Нуридињии якумро дар давраи 3-4 барги њаќиќї пайдо кардани нињолњо мегузаронанд. Дар ин давра дар заминњое, ки баробари кишт нурии фосфорӣ ва калий истифода бурда шудааст фаќат нурии азотї медињанд.

Агар нашуда бошанд, дар ғизодиҳии якум аз омехтаи нурињои азотї, фосфорї ва калий истифода мебаранд. Дар озуќадињии якум меъёри азоти тоза дар як гектар 90-100 кило/га ва агар дар ваќти кишт нурии фосфорї ва калий андохта нашуда бошанд, 40-45 кило/га Р2О5 ва 50-60 кило/га калий мепошанд. Fизодињии якумро дар масофаи 10- 12 см аз канори ќатори растанињо дар чуќурии 12- 14 см медињанд.

Дар назар доштан зарур аст, ки дар њангоми аз як гектар 60 сентнер дони љуворимакка гирифтан аз замин 180-240 кило азот, 50-90 кило кислотаи фосфорї ва 100-195 кило/га калий сарф мешавад.

Нуридињии дуюмро дар давраи 60- 70 см баланд шудани нињолњо бо меъёри 90-100 кило/га азоти соф ва 30-35кило Р2О5 мегузаронанд. Дар ин давраи нашъунамо нињолњои љуворимакка ба ғизои азотї ва калийгї талаботи зиёд доранд

Дар бораи меъёри обмонӣ ба зироаткорон дар сабзиши ҷуворимакка чӣ маслиҳат медиҳед?

Дар давраи нашъунамо ба киштзорњои љуворимакка к 5-6 маротиба об монда ва баъд аз њар як обмонї ќаторњоро нарм (культиватсия) ва худи ќаторњоро хишова мекунанд.

Дар ваќти султон (љорўбак) баровардан ва баъд аз бордоршавї об мондан ањамияти калон дорад. Барои он, ки нињолњо аз таъсири шамолњо ба замин нахобанд, дар ваќтњои нарм (культиватсия) ба бехи нињолњо хок гардонидан фоиданок аст.

Ба меъёри об ва мўњлати обмонї ањамияти љиддї додан лозим аст. Барои рўёнидани њосили баланди дон бояд кишзорњои љуворимакка тарзе нигоњ дошта шаванд, ки дар ќабати љойгиршавии решањои асосии он намнокї аз 70-80 % кам набошад. Якум обмонї дар давраи 5-7 барга шудани нињолњо, дуюм дар давраи пайдо шудани султон (љорўбак), сеюм дар давраи гулкунї ва чорум дар давраи пайдо шудани дон ва як дараҷа сахт шудани ондумбул шудани шираи дон гузаронида мешавад.

Љамъоварии њосили дони љуворимакка дар аввали пухта расидан гузаронида мешавад. Барои дарави сўтањои љуворимакка ва аз барг људо кардани онњо комбайнњои махсуси љуворимаккадаравии КСКУ-6, Херсонец-200, Херсонец-78 истифода бурда мешаванд. Барои аз сўтањо људонамудани дон комбайнњои ғалладаравии “Нива”, “Колос” бо пешбандаки ППК-4 истифода бурда мешаванд.

Агар хољагињо мошин наёбанд, сўтањоро дастї чинда мегиранд. Њангоми бо мошину комбайнњо чидани љуворимакка бояд роњњои ба ќитъањо даромадани онњо ва аз ду тарафи ќитъањои дарав мешудагї дар масофаи 5- 8 метр бо даст даравида шавад, то ин, ки мошину комбайнњо озодона гашта тавонанд.

Дар ваќти љамъоварии њосили љуворимакка бояд намнокии он аз 15-17 % зиёд набошад. Баъд аз даравидан сўтањо бояд дар офтоб тунук карда шуда хушк карда шаванд. Барои дар анборњо нигоњ доштан бояд намнокии дон аз 13-14 % зиёд набошад. Ба ин талабот хољагињои тухмипарвар бояд ањамияти махсус дињанд.

Ваќти он расидааст, ки дар љумњурї хољагињои тухмипарварии љуворимакка ташкил карда шаванд ва онњо аз рўи наќшаи муайян истењсоли тухмиро иљро намоянд. Чунин хољагињо бояд аз мошину комбайнњои љуворимаккачинї, аз хирману анборњои махсус, мутахассисони кордон ва дигар лавозимоти зарурї таъмин бошанд ва инхољагињо бояд тухмии навъњои серњосилу тезпазу миёнапазро барои кишти асосї ватакрорї таъмин намоянд.

Манфиатнокии иќтисодї.

Истифодаи технологияи манфиатноки зироатњо дар кишти асосї ва такрорї ба хољагињо имконият медиҳад, ки аз њар як гектар замин ду њосили дон (100-110 с/га) ва 6-7 њазор сомонї даромади соф гирифта амнияти озукавориро таъмин намоянд.

Барои сӯҳбат ба Шумо як ҷаҳон ташаккур!

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

06.1218:15Узбекистан отменяет визы для туристов из 27 стран
06.1215:55Афганистан проведет расследование связей талибов с Россией и Ираном
06.1215:50В Душанбе вынесен приговор троим мужчинам, убившим и расчленившим женщину
06.1215:479 лет тюрьмы за неудачный "киднеппинг"


Самое обсуждаемое

05.1211:34Таджикистан перейдет на 12-летнее образование в 2020 году(4)
06.1209:18Эмомали Рахмон обратится с посланием парламенту Таджикистана до нового года(1)
05.1219:14Путин озадачил правительство законом об адаптации мигрантов(1)
05.1211:31Китайская энергетическая строительная корпорация заинтересована в сотрудничестве с Таджикистаном(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156247