Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

14.01.200115:12

«Қасри ҷавонони пойтахт» ифтитоҳ шуд

Душанбе,24 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Имрӯз дар доираи сиёсатихирадмандонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёти ҷавонони кишвар боз як рӯйдоди муҳими таърихӣ ба вуқӯъ пайваст.

24 июн дар пойтахти ҷумҳурӣ - шаҳри Душанбе «Қасри ҷавонони пойтахт» ба истифода дода шуд , ки дар маросими ифтитоҳи он Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ кард.

Нахуст раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни ифтитоҳи ин чорабинии муҳим зикр намуд, ки ба истифода додани ин қасри бошукӯҳ дар арафаи иди Ваҳдат аз аҳмият холӣ нест. Зеро,маҳз ҷавонони бонангу номус дар тақвияти ваҳдати миллӣ, якпорчагии кишвар, пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат ва ҷомеаи соҳибистиқлоли тоҷикон саҳми арзанда мегузоранд.

Ҳамчунин ӯ ба лоиҳакаши Ҷамъиятисаҳомии кушодаи «Гипропром», пудратчии иншоот - Корхонаи ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Замининшоот»,сохтмончиён ва ҳамаи онҳое, ки дар бунёди ин қаср саҳм гузоштаанд, миннатдории худро баён карда, ҷиҳати расман ифтитоҳ намудан ва номгузорӣ кардани он суханро ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дод.

Сарвари давлат ҷавонон ва иштирокчиёни ҷамъомадро ба муносибати рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки ҷомеаи Тоҷикистон имрӯзҳо дар остонаи таҷлили он қарор дорад, табрику таҳният гуфт. Президенти мамлакат тазаккур дод, ки бо шарофати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, дар арафаитаҷлили ҷашнҳои бузургидавлатию миллӣ,баргузор гардидани машварату мулоқотҳои судмандва мавриди истифода қарор додани иншооти навбунёд ба ҳукми анъана даромадааст. Имрӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои замонавии «Маркази ҷавонони пойтахт» давоми мантиқии ҳамин анъанаи неку созанда мебошад ва итминон дорам, ки ин дар ҳаёти ҷавонони пойтахт ва мамлакати соҳибистиқлоламон руйдоди фараҳбахше гардида, дар остонаи рӯзи Ваҳдати миллӣҳамчун тӯҳфаи муносиби давлат ба онҳо тақдим мешавад.

Ҳадафи мо аз ин иқдом, идома дод суханашро Сарвари давлат, фароҳам овардани шароитисозгору мусоид барои баргузор кардани чорабиниҳоисиёсию иҷтимоӣ, фарҳангиву фароғатӣва бо ин роҳ рангорангу пурғановат гардонидани зиндагии ҷавонон мебошад.

Дар бунёди иншооти мазкур қариб 1000 мутаххасис ва коргарони маҳаллӣ заҳмат кашида, сохтмони он дар муддати сол ба анҷом расонида шудааст.

Маркази мазкур се ошёна буда, шомили толори маҷлис барои 380 ҷои нишаст, комплекси барқароркунии саломатӣ ва варзиш,пажӯҳишгоҳи эҷодии рассомони ҷавон ва фурӯшгоҳҳои махсус барои навхонадорон буда, инчунин дар он идораи кор бо ҷавонон, Кумитаи кор бо занон, хонаи ақди ниқоҳ, Маркази танзими оила, осорхонаи таърихи ҷавонони шаҳри Душанбе, утоқҳои таълимӣ, марказҳои эҷодию шабакаи Интернет ва дигар хадамоти барои ҷавонон зарурӣ мебошад.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

21.0117:18Зоиров: "Оставить Шухрата Кудратова в тюрьме - должностное преступление"
21.0112:39Трамп подписал указ об отмене Obamacare
21.0111:48Следствие смягчило обвинения фигурантам бойни на Хованском кладбище
21.0111:32«Самые честные налогоплательщики в Таджикистане – китайцы»


Самое обсуждаемое

18.0106:31Рустам Эмомали будет управить столицей из Дворца президента(8)
16.0110:42Ректор ХГУ: Мы надеемся на восстановление связей с вузами Узбекистана(8)
19.0117:1345% россиян недовольны положением дел в стране(2)
20.0112:16«Памир Энерджи» не стала вводить дополнительный энерголимит в ГБАО(1)
21.0107:32Мемориал Гранаткина: «Молодежка» Таджикистана заняла «утешительное» 15-е место(1)
21.0109:30По делу ДТП с участием сына вице-премьера проведено несколько экспертиз(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156258