Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

14.01.200116:12

Қонуни интихоботи кишвар ба тағйироту иловаҳо зарурат дорад

Душанбе, 24 июн. (АМИТ «Ховар», МарзияСаидова).-БалоиҳаинавиҚонуниконститутсионииҶумҳурииТоҷикистон «ДарбораиинтихоботиМаҷлисиОлииҶумҳурииТоҷикистоназҷонибиаҳзобисиёсиикишварбешаз 30 тағйиротуиловаҳопешниҳодкардашудааст. Чунин зикр шуд дар машварати гурӯҳи корӣ, ки бо иштироки намояндагони парлумони ҷумҳурӣ, аҳзоби сиёсӣ ва дигар намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ҷамъиятӣ ва коршиносон, ки 24 июн дар Душанбе баргузор гардид.

Намояндагони аҳзоби сиёсии кишвардар мавриди пешниҳодҳои худ оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонуни интихоботи кишвар ибрози назар карданд. Зикр шуд, ки ҳадафи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур ташкили интихоботи озоду шаффоф ва демократӣ дар кишвар ва ба сатҳи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани он мебошад. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 59 модда иборат буда, дар шароити дигаргунии раванди ҷомеа ба ворид намудани тағйироту иловаҳо зарурат дорад.

Моҳияти пешниҳодҳои аъзои гурӯҳи корӣ ба таъминимустақилияти комиссияҳоиинтихоботӣ, хусусан ташкили комиссияҳои марказӣ, ҳавзавӣ, қитъавӣ, таъминикафолати баробарҳуқуқии ҳизбҳои сиёсӣ, ҳуқуқи нозиронимиллӣ, зиёд намудани ҳайати парлумони кишвар ва дигар масъалаҳои марбута нигаронида шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки лоиҳаи расонидани кӯмаки касбӣ барои баргузорӣ ва ислоҳоти интихобот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Бунёди байналмилалии системаҳои интихоботӣ дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад. Дар асоси ин лоиҳа гурӯҳикорӣ созмон дода шудааст, ки ба он намояндагони парлумони мамлакат, ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ҷамъиятӣ ва коршиносон шомиланд.

Дар машварат аъзои парлумони Тоҷикистон Ҷумъабой Сангинов, Шодӣ Шабдолов, Мирзобек Ҳоҷиев, Галия Рабиева ва дигарон роҷеъ ба омӯзиши имкониятҳо ва дар амал истифода намудани пешниҳодҳоигурӯҳи корӣ аз тарафи парлумон ва фраксияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ибрози назар карданд.

Дар назар аст, ки лоиҳаи қонуни интихобот, ки дар асоси пешниҳоди гурӯҳи корӣ таҳия гардидааст, дар вақтҳои наздик ҷиҳати баррасӣ ба парлумони мамлакат пешниҳод карда мешавад.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

05.1210:08С надеждой и опорой – на великий и могучий русский язык
05.1209:56В Душанбе вынесен приговор мужчине, расчленившем тело своей жены
05.1209:36Таджикистан высказал свою принципиальную позицию по Афганистану
05.1209:17В штабе Мирзиёева заявляют о победе своего кандидата на выборах президента Узбекистана
05.1208:58Житель Душанбе приговорен к 17 годам за вербовку людей в ряды «ИГ»


Самое обсуждаемое

03.1209:12Эмомали Рахмону построят новые резиденции(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00