Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

14.01.200108:12

Бозорҳои пойтахтро бо маҳсулоти арзонтар кӣ таъмин мекунад?

Душанбе, 23 июн. (АМИТ «Ховар», Неъматулло Додов).-Аз таҳлилҳои мутахассисони соҳа ва андешаи иддае азсокинони пойтахт маълум мегардад, ки дар нигаҳдории болоравии нархҳо, ба қадри имкон зиёд намудани воридоти молу маҳсулот ба воситаи шартномаву мувофиқатномаҳо ва ҳамкорӣ бо кишоварзон аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе» як зумра корҳои хуб амалӣ шуда истодааст ва ба сифати маҳсулот бештар диққат дода мешавад. Мебинем, ки дар бозорҳои зертобеъи ин корхона «Гӯшаҳои деҳқонон» фаъолияти хуб дошта, дар давоми 3-4 моҳи охирдар ҳар як бозор идора ва шӯъбаи маҳсулоттайёркунӣ таъсис дода шуд. Инчунин ба назар мерасад, ки шумораи нуқтаҳои харид ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ то 40 адад расида, шуморааи бозорҳои фурӯши яклухтро зиёд намуданд. Ба ин хабар илова карда, дар КВД «Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе» ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфтанд:

-Бо Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №128-13аз санаи 17.04. 2008 сол, бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе мӯҳтарам М. Убайдуллоев баҳри ба танзим даровардани нархи маҳсулоти озуқаворӣ дар бозорҳо, захираи зарурии ғалла ва орд барои сокинони пойтахт35 млн. сомонӣҷудо гардидааст. Мутобиқи ин қарор хариди 14 58300 тонна орд (225 қатора) ба нақша гирифта шуд ва аллакай 1560,0 тонна(17.06.08 с.) ба корхона ворид гардид, 2900 тонна ғалла барои коркард оварда шуда, ҳамарӯза воридоти орду ғалла давом дорад.

Масъулони ин корхона иброз медоранд, ки барои харид намудани 1000 тонна равған, 3062 тонна шакар ва 1000 тонна гӯшт (6 тонна гӯшт аллакай ворид гардид) бо ширкатҳои дохилӣ ва берунӣ шартномаҳои тарафайн ба имзо расиданд. Бо хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ ва иҷоракорони ҷумҳурӣ барои хариди 8,5 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ шартномаҳо ба имзо расонида шудааст.Кишти зироатҳоро дар 70 га замин гузаронида, таъсиси фермаҳои чорводорӣ низ ба нақша гирифта шудааст.

Соли равон 17 маротиба ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида, дар он 2575 тонна маҳсулот пешкаши сокинон ва меҳмонони пойтахт карда шуд. Дар ин ярмаркахо 48,7 тонна гӯшт ба фурӯш бароварда шуд, ки нархи 1 кг гӯшти гов-15 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд 16-17 сомонӣ муайяншуда буд.

-Дар ҳақиқат корҳои зиёде дар давоми солҳои охир дар масъалаи ободонию созандагӣ дар бозорҳо гузаронидем, ки дар онҳо бештар аз 4,5 млн. сомонӣ хароҷот гардид. Толорҳои калони хизматрасонӣ дар бозорҳои «Шоҳмансур», «Саховат» ва «Деҳқон ба истифода дода шудааст. Раванди созандагию ободонӣ идома дошта, лоиҳаи азнавсозӣ ва таҷдиду тармими бозорҳои тобеи корхона барои солҳои 2008-2009 омода гардида, тибқи тартиботи ҷорӣ ҳуҷҷатҳо ба сохторҳои марбута пешниҳод шудааст. Бовар дорем, ки дар ояндаи наздик симои зоҳирии бозорҳои пойтахт беҳтар шуда, барои деҳқонон шароити мусоид ва хизматрасонӣ барои мизоҷон ҳозиразамонтар мегардад,-хабар дод охир манбаъ.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

16.0117:17Президент снял с должности одного из заместителей министра культуры
16.0116:01В приговорах Зайда Саидова и Бузургмехра Ерова нет ничего политического, — глава ВС Таджикистана
16.0115:31В Китае обнаружена пшеница 2800-летней давности
16.0115:25В Таджикистане грядут сильные морозы. ФОТО


Самое обсуждаемое

13.0119:20Да будет "свет"! Энерголимит в Таджикистане будет снят в разгар зимы(5)
16.0112:14Как откупиться от Китая?(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312564