Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

14.01.200115:12

Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар маросими бошукўҳи ифтитоҳи Маркази ҷавонон

Субҳи имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими бошукўҳи ифтитоҳи Маркази ҷавонон дар пойтахти кишвар иштирок намуд.

Шукри истиқлоли давлат ва рушду нумўи иҷтимоию иқтисодии кишвар, ки имрўз фаъолияти бунёдкорию созандагӣ, аз ҷумла сохтмони биною иншооти наву замонавӣ ва ободонии пойтахти Тоҷикистони азиз авҷи тоза пайдо намудааст. Дар зарфи як сол бунёд ёфтани як бинои боҳашамати Маркази ҷавонон худ натиҷаи возеҳи ин раванди бемайлон аст.

Дар назди бинои навбунёди Маркази ҷавонон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияту аҳли ҷамоатчигии пойтах т ва намояндагони сершумори ҷавонони шукргузору миннатпазир бо эҳтирому самимияти хосса истиқбол гирифтанд.

Дар маросими ифтитоҳи Маркази ҷавонон наздики 3 ҳазор нафар сокинони пойтахт, аз ҷумла собиқадорони ҷангу меҳнат, омўзгорон, ходимони илму фарҳанг ва намояндагони ҷавонон иштирок намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳозирон суханронӣ намуда, оид ба сиёсати давлатии кор бо ҷавонони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои ҷавонони ояндасоз дар ин даврони пурмасъулияти рушду нумўи Тоҷикистони маҳбуб андешаҳои ҷолибу саривақтӣ баён намуд.

Баъди анҷоми суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз толору утоқҳои гуногуни марказ дидан карда, бо шароити барои ҷавонон муҳайгашта аз наздик шинос шуд. Дар даромадгоҳи бино таваҷҷўҳи Сарвари давлатро ҷиҳозҳои алоқаи видеотелефонии бо интернет пайвастшуда ҷалб намуд. Тавассути ин телефонҳо Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷўёни тоҷик, ки дар давлатҳои Инглистон, Россия, Ҷопон ва Туркия таҳсили илм мекунанд, сўҳбати мустақими видеотелефонӣ орост.

Онҳо аз номи ҷавонони тоҷики дар хориҷи кишвар таҳсилкунанда ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ѓамхории доимиаш ба ҷавонон, аз ҷумла барои бунёди чунин маркази муҷаҳҳази ҳозиразамон арзи сипосу миннатдорӣ намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ онҳоро ба омўзиши амиқи илмҳои замона ва хуб аз худ кардани ихтисосҳои барои имрўзу фардои Ватани худ зарурӣ ҳидоят намуд.

Дар ошёнаи сеюми бино Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намоишгоҳи мусаввараҳои рассоми маъруфи Тоҷикистон Сабзаалӣ Шарипов шинос шуд. Зимни шиносоӣ худи рассом иттилоъ дод, ки ин мусаввараҳоро ба Маркази навбунёди ҷавонон дар шаҳри Душанбе тўҳфа намудааст.

Дар Марказ як толори калони маҷлисгоҳ низ мавҷуд аст, ки дорои 380 ҷойи нишаст аст. Боназардошти шароити хуби дар он муҳайёгашта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки дар ин ҷо барои ҷавонон зуд – зуд маҳфилҳои хуби илмию эҷодӣ ва чорабиниҳои тарѓибу ташвиқи тарзи ҳаёти солиму пешрафта ба роҳ монанд.

Дар толори ақди никоҳи Маркази ҷавонон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ ба 17 ҷуфти навхонадорон санадҳои ақди никоҳи шаҳрвандӣ тақдим намуда, онҳоро бо ин рўзи фархунда табрику таҳният гуфт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони навхонадор оид ба риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сўҳбат намуда, онҳоро ба худдорӣ аз сарфу харҷи бемаънӣ ва муҳайё намудани шароити хуби зиндагӣ барои худ ва фарзандонашон ҳидоят намуд.

Маркази ҷавонон ҳамчунин дорои толори барҳавои интернет будааст, ки дар он наздики 50 компютер ба шабакаи умумиҷаҳонӣ ба таври доимӣ пайваст мебошанд. Зимни шиносоӣ бо он ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки ин толор бо технологияи пешқадами иттилоотӣ муҷаҳҳаз гашта, асосан барои донишҷўён ва ҷавонони эҷодкор пешбинӣ шудааст ва тамоми хизматрасониаш бепул сурат мегирад.

Дар тарабхонаи марказ, ки дар ошёнаи якуми он ҷойгир шудааст, вобаста ба чорабиниҳои гуногун барои аз 300 то 400 нафар ҷойи нишаст омода кардан мумкин аст.

Тибқи иттилои масъулин марказ ҳамчунин дорои толори намоиши либосҳои замонавӣ, осорхона, ду толори хурди маҷлисӣ, утоқҳои корӣ ва дарсӣ, комплекси мардона ва занонаи варзишӣ, ҳавзҳои табобатии обӣ, маѓозаи навхонадорон, толори ҳусн ва бисёр утоқҳои дигар иборат аст.

Чунонки иттилоъ дода шуд, бинои мазкур бо сарфи 15 миллион сомонӣ аз ҷониби ширкатҳои ватании сохтмонӣ бунёд ёфтааст. Дар давраи сохтмони он 1000 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин будаанд. Имрўздар ин марказ барои 260 нафар кормандону мутахассисон ҷойҳои нави корӣ муҳайё гаштааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо дохил ва атрофи бино баҳри боз ҳам ободу зебо ва ба талаботи замона мутобиқ намудани он ба масъулин дастуру ҳидоятҳои муфид дод.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

23.0907:50Кудрин заступился за таджикских мигрантов
23.0906:53В МИД России обсудили инцидент у торгового центра «Москва»(2)
22.0918:01Дочь главы Азербайджана cделала селфи во время речи её отца в ООН о геноциде
22.0915:14В Таджикистане вынесен приговор еще одному фигуранту «дела коррупционеров»
22.0911:27«Пригласите сюда тех, кто ел плов и снимал на видео». Дело бывшего директора Нацбиблиотеки


Самое обсуждаемое

21.0908:50Избитый охранниками ТЦ "Москва" таджик скончался(5)
23.0906:53В МИД России обсудили инцидент у торгового центра «Москва»(2)
21.0919:34«Сотрудники Агентства ели плов и тайно снимали гостей на видеокамеру»(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00