Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

14.01.200115:12

Мулокоти Эмомалӣ Раҳмон бо Юрий Лужков

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мири шаҳри Москваи Федератсияи Россия Юрий Лужковро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистону Россия ва ҳамкорӣ бо пойтахти он шаҳри Москва баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба раванди рушди ҳамкории Тоҷикистону Россия баҳои баланд дода, аз ҷумла таъкид намуд: - «мо муносибатҳои ҳамшарикии стратегии худро бо Федератсияи Россия гиромӣ медорем».

Ҷонибҳо аз густариши муносибатҳои мустақими байни минтақаҳои Тоҷикистону Россия изҳори каноатмандӣ карда, оид ба идомаи ҳамкории пурсамар дар самтҳои илму фарҳанг ва омодасозии кадрҳо, таҷдиди шабакаҳои таъминоти барқу гармӣ ва оби ошомидании шаҳри Душанбе ва сохтмони манзили истиқоматӣ гуфтугўйи судманданҷом доданд.

Зикр гардид, ки дар зарфи панҷ моҳи соли равон ҳаҷми мубодилаи мол байни Тоҷикистон ва шаҳри Москва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 77 дар сад афзоиш ёфтааст ва ин нишондод боз ҳам рў ба болоравӣ дорад.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз баргузории «Рўзҳои Москва» дар шаҳри Душанбе ва иштироки бевоситаи шаҳрдори он Юрий Лужков изҳори қаноатмандӣ карда, рушди робитаҳои фарҳангиро омили таҳкимбахши муносибатҳо маънидод кард.

Юрий Лужков аз рушди муносибатҳо дар танзими муҳоҷирати меҳнатӣ изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки Ҳукумати шаҳри Москва баҳри зиёд намуданиквота ба муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон ва муҳайё намудани шароити мусоиди кору зиндагии онҳо дар пойтахти давлати Россия чораҳо меандешад.

Юрий Лужков тасмими Роҳбари давлати Тоҷикистонро оид ба кушодани филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва ва Донишгоҳи энергетикии Москва дар шаҳриДушанбе дорои аҳамияти бузург номида, ба дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвар баҳои баланд дод.

Дар вохўрӣ ҳамчунин дар бораи дигар масоили мавриди таваҷҷўҳи тарафҳо гуфтугўи судманд сурат гирифт.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

22.0219:41МТРК «Мир» в Беларуси удостоена премии «Продукт года»
22.0216:40Путин и Рахмон обсудят пребывание в Таджикистане 201-й российской базы(1)
22.0216:19Иран пригрозил США пощечиной
22.0216:02Российский суд вынес пожизненный приговор уроженцу Таджикистана за убийство полицейского и его семьи(2)
22.0215:53В Китае разработали новейший армейский жетон


Самое обсуждаемое

20.0216:58Анискин уже не тот?(4)
22.0216:02Российский суд вынес пожизненный приговор уроженцу Таджикистана за убийство полицейского и его семьи(2)
21.0208:18Мэрия Душанбе ищет ведущих специалистов с зарплатой менее 100 долларов в месяц(2)
22.0216:40Путин и Рахмон обсудят пребывание в Таджикистане 201-й российской базы(1)
21.0207:36Узбекские СМИ: рейс из Душанбе в Ташкент отложен по вине таджикской стороны(1)
21.0217:03Академик Ахмедов: Рак нельзя победить голыми руками!(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156207