Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

14.01.200109:12

Пешгӯиҳои ботили ватанхоҳи дуруғин

Мо аз хабаридар сайти интернетии Сентразия.Ру ҷойдодашуда дар бораинишасти матбуотиижурналисти маълуми мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон Додоҷон Атовуллоев ба ҳайрат афтодем, ки мехоҳад 24 июн дар матбааи ҳафтаномаи «Комсомолскаяправда» дар шаҳри Маскав баргузор созад.

Мо медонем, киД.Атовуллоев симоҳои гуногун дорад, вале вай вақтҳои охирдар қиёфаи роҳбарисозмони дар Тоҷикистон эътирофнашудаи ҷамъиятии «Ватандор» амал карданро авлотар медонад.

Ҷаноби Атовуллоев дар бораи таъсиси ҷунбиши мазкур аввали соли 2007 хабар дода буд. Ӯро дар ин ҷодабаъзерӯзномаюҳафтаномаҳоихабаркашу иғвоангез дастгирӣ намуданд, ки дар қаламрави Федератсияи Русия чоп мешаванд. Д.Атовуллоев ҳамон вақт изҳор карда буд, ки Шӯрои ҷунбиш дар ҳайати 47 нафар ва Раёсати он дар ҳайати 11 нафар ташкил ёфтаанд.Ҳамчунин дар бораи нақшаҳои иғвогаронаи таъсиси комиссияи оштӣ хабар дода шуда буд, киба он роҳбарони минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ шомил гардида буданд. Журналисти иғвогар ба хонандагон дар бораи гузаронидани интихоботи комилан демократӣдар мамлакат хабар дода, изҳор карда буд, ки ӯ барои пешбарӣ ба мансаби президент панҷ нафар номзад дорад . Ва ниҳоят Д.Атовуллоев худро пайғамбари охирзамон шуморида, дар бораи гузаронидани инқилоби ранга дар Тоҷикистон хабар дода буд. Вай розӣ шуда буд, киинқилоби мазкур, инқилоби лоларанг номида шавад. Мӯҳлати гузаронидани инқилоби мазкурбаҳори соли 2007 муқаррар карда шуд. Вале хайёлҳои хоми ҷаноби Атовуллоев амалӣ нагардиданд, зеро дар мамлакати мозаминаи гузаронидани чунининқилобҳо вуҷуд надорад.

Ҷаноби Атовуллоев баъдидар майдони сиёсатба нокомӣ дучор гардиданаш мебоист осуда мегашт. Валесармуҳаррири ҳафтаномаи «Чароғи рӯз», киберун аз қаламрави Тоҷикистон чоп мешавад, мисли пештара мехоҳад, вазъиятробо ҳар роҳу восита ноором ва муташанниҷ созад. Ӯ аз хабариташкилигирдиҳамоӣ дар маркази маъмурииВилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ дар назди биноимақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатӣ огоҳ шуда, пару бол баровард ваэълон намуд, кипешгӯиҳои «пайғамбаронаи» ӯ ҷомаи амал мепӯшанд.

Ҷаноби Атовуллоев, пешгӯиҳои хайёлпарастонаи шумоҳеҷ гоҳ амалӣ нахоҳанд гашт! Зеро дар давраи ислоҳоти демократӣдар ҳар мамлакат ташкили намоишҳо ва гирдиҳамоиҳо имконпазир мебошад. Ҷои тааҷчубнест, кисокинони шаҳри Хоруғ дар майдони марказии шаҳр ҷамъ омада, эродҳои худро баён доштанд вадалелҳоимаъмурияти маҳаллиро шунидабо хотири ҷамъ пароканда гардиданд. Оё ин инқилоб аст?Баҳамагон маълум аст, киаз пашша фил сохтан кори одамони оқил набуда, ягон натиҷа намедиҳад.

Агар Шумодар он ҷо, дур аз Ватан аз овозаҳо истифода накардабалкиаз иттилоотиэътимодбахш огоҳ мешудед, ба чунин вазъияти ногувор намеафтодед. Маълумоти расмии омор шаҳодат медиҳад, кироҳбарияти мамлакат ба пешрафтисоҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ВМКБ то кадом андоза таваҷчӯҳ зоҳир намуда вағамхорӣ мекунад. Дар буҷети соли 2008 бо ин мақсадҷудо намудани 143,9 миллион сомонӣ пешбинӣ карда мешавад. Ба маълумоти Шумо мерасонем, киимрӯз се сомонию 40 дирам ба як доллари ИМА баробар аст.

Баъдан, дар давоми 6 соли охирбарои рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ВМКБ14 барномаба маблағи умумии 124 миллион доллар амалӣ карда шуд. Саҳми Ҳукумати Тоҷикистон дар ин барномаҳо 15,7 миллион долларро ташкил медиҳад. Дар давоми ин солҳодарқисматитоҷикистонии Бадахшоннерӯгоҳи барқи обии «Помир - 1 » ва 32 нерӯгоҳи хурди барқӣ сохта ба истифода дода шуданд, обанбори Яшилкӯл тармим карда,қабулибарномаҳоисе шабакаи телевизиониТоҷикистон ба роҳ монда шуд. Ин ҷо ҳоҷати зикр намуданикорҳои дигар нест. Зеро номгӯи онҳодар як саҳифа ҷой намегирад.

Бояд гуфт, кидар мамлакати мо ҳанӯз проблемаҳои ҳалталаб зиёданд ваПрезиденти ҷумҳурӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи онҳодар машварату маҷлисҳова иҷлосияҳо мунтазам сухан ронда , диққати ватанпарастонро ба ҳалли онҳо ҷалб месозад. Оё чунин проблемаҳо дар мамлакатҳои ҳамсояи мо, аз ҷумла Қирғизистон ё Ӯзбекистон вуҷуд надоранд? Ҳар чизи навдар ҳаёти ҷомеа бо душворӣ роҳ меёбад.

Ҷараёниислоҳотисамарабахши иқтисодиёти Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат бамуҳаббат ба ватан, баэҳсосоти ватанпарастонаи шаҳрвандони мамлакат вобаста мебошад. Вале мову Шумо ҷаноби Атовуллоев вазифаи фарзандии худро дар назди Модар - Ватан ба тарзи худ дарк менамоем. Шумо ба ҳар кори хубитӯли солҳоиистиқлолият ва озодӣиҷрошуда аз нуқтаи назари бадном кардани онҳоменигаред. Моистилоҳиватандӯстиро ҳамчун кӯшишиафзун гардониданикомёбиҳоихоксоронаихуд ва ба манфиати фарзандонамон ривоҷ додани онҳо мефаҳмем.

Шумо, ҷаноби Атовуллоев, дар давоми солҳои тӯлонии муҳоҷират ба ақидаи моэҳсосоти шарму ҳаёро барои суханҳои бардурӯғатон гум кардаед. Одаме , кихудро азасолати қавмӣ ва миллии худ ҷудо кардааст, худроватанпарасти Тоҷикистон номида наметавонад. Мо шумороваколатдор накардаем, киаз номи халқи тоҷиксухан гӯед. Инро фаромӯш накунед. Ин суханонива вақте, ки бори дигар аз рӯиодат мамлакати моро бадном карданӣ мешавед, ба хотир оред. Тоҷикистон бе шумо баринрадди маъракашудагон вуҷуд доштаметавонад, валеоё шумобе Тоҷикистон зиндагӣ кардаметавонед? Дар хусусиҳамин масъала чуқур андеша кунед!

Ҳ.Маҳмудов, У.Иброҳимов, К.Ҳасанова,

Б.Муборкшоев,Д.Лавлатбеков,Г.Саидова

ва дигарон . Ҷамъ 23 имзо.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

03.1216:40Душанбинских пекарей отправили в вынужденный отпуск
03.1215:16Ансори: Смертный приговор Бобака Занджани не отменен
03.1212:35В России группа наркоторговцев подозревается в сбыте около 700 кг героина
03.1210:23Официальный Кабул прокомментировал заявление талибов по CASA-1000
03.1210:03Путин призвал упростить получение гражданства РФ для выходцев из бывшего СССР


Самое обсуждаемое

01.1214:11Атамбаев о ЕАЭС: вступаем в братский союз и встречаем старшего брата, который нам ножки подставляет(7)
02.1210:57Лидер Компартии Таджикистана верит председателю Нацбанка, но стоит в очереди за своим депозитом(3)
01.1209:43На реализацию новой Национальной стратегии развития Таджикистана необходимы $118,1 млрд.(3)
03.1210:32Когда у НПЗ "финансы поют романсы"...(1)
03.1209:12Эмомали Рахмону построят новые резиденции(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0130123