Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

14.01.200112:12

Ю. Лужков«Мақсади сафари ман ба Душанбе тақвияти ҳамкории устувор ва самарабхш аст»

Душанбе, 24 июн. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Шоми 23 июн Миришаҳри Москва Юрий Лужков бо як ҳайати расмӣ ва фарҳангӣ ҷиҳати иштирок дар баргузории Рӯзҳои фарҳангӣ шаҳри Москва ба Душанбе омад.

Дар фурудгоҳи ҳавоии Душанбе Юрий Лужков ва ҳамроҳонашро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев истиқбол намуда, ташрифи меҳмони воломақомро ба пойтахти тоҷикон- шаҳриДушанбе хайрамақдам гуфт.

Зимни озими Душанбе гардиданаш Юрий Лужков дар фурудгоҳ дар мусоҳиба ба хабарнигорон гуфт, ки- «мақсади сафариман ба Душанбе, натанҳо иштирок дар баргузории Рӯзҳои фарҳангишаҳри Москва дар Душанбе аст, балки ман дар ин ҷо бо роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пойтахти он масъалаҳои муҳими тақвияти ҳамкории шаҳрҳои Москваю Душанбе, бахусус масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ, сохтмони биноҳои монолитӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба рушди шаҳрдориро баррасӣ менамоям.

Мири шаҳри Москва Юрий Лужков баргузории Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Москваро дар Душанбе иди бошукӯҳи дӯстиву бародарӣ номид. Мавсуф ба сатҳи ҳамкории ду шаҳри бародар баҳои баланд дода, афзуд ки тӯли солҳои охир ҳамкориҳои гуногунсоҳа байни Душанбею Москва беш аз пеш густариш меёбанд. Танҳо дар зарфи як сол мубодилаи мол байни шаҳрҳои Душанбею Москва 1,7 маротиба афзуд.

Ҳамзамон Мири шаҳри Москва тадбирҳои омодагии Ҳукумати шаҳри Москваро ҷиҳати расонидани кӯмак ба шаҳри Душанбе дар робита ба зимистони сипаригардида баён кард. Ӯ гуфт, ки дар ин самт Ҳукумати шаҳри Москва дар баробари фиристониданигенераторҳои барқӣ боз тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Мавсуф иштироки ширкатҳои сохтмонии шаҳри Москваро дар сохтмони биноҳои замонавии бисёрошёна дар Душанбе самараи неки ҳамкории ҳар ду шаҳр арзёбӣ карда, гуфт, ки бояд таҷрибаи сохтмончиён ва шаҳрсозони москвагӣ дар Душанбе ҷиҳати сохтмони биноҳои хуштарҳу замонавӣ васеъ истифода карда шавад. Зеро дар як сол дар Москва 5 миллион метри мураббаъ манзил сохта мешавад. Юрий Лужков афзуд, киду бинои Маҷмааи манзилии «Пойтахт-80» соли равон дар Душанбе сохта ба истифода дода мешавад, ки ба ҳусни Душанбе шукӯҳи хоса зам хоҳад намуд.

Бояд тазаккур дод, ки дар ҷараёни сафари худ Мири шаҳри Москва Юрий Лужков ба Душанбе дар пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчамбар гузошта, дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Москва дар шаҳри Душанбе, ки дар муҷтамаи давлатии«Кохи Ваҳдат»-и пойтахт доир гардид, иштирок ва сухан кард.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

19.0121:33Таджикистан ищет альтернативные маршруты для трудовой миграции(1)
19.0118:46Чья "Коровка"? Душанбе поставил точку в споре российских и украинских кондитеров
19.0116:01Житель Душанбе решил «раскрутиться» за чужой счет
19.0115:24С «Талибаном» нужно договариваться. Другого выхода нет?
19.0115:09На малой родине Мирзияева строят "Белую мечеть"


Самое обсуждаемое

18.0115:40Сказ о том, как после таджикского суда я непатриотом и нетаджиком стал(8)
18.0106:31Рустам Эмомали будет управить столицей из Дворца президента(6)
16.0110:42Ректор ХГУ: Мы надеемся на восстановление связей с вузами Узбекистана(6)
18.0112:16У женщин нет души — утверждают ханжи(2)
19.0121:33Таджикистан ищет альтернативные маршруты для трудовой миграции(1)
19.0109:40Новый глава Минздрава - о проблемах таджикской медицины(1)
19.0117:1345% россиян недовольны положением дел в стране(1)
19.0109:59В Таджикистане погиб начальник Генштаба(1)
19.0115:46В Душанбе увековечили память Сухроба Шарипова(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156199