Душанбе, 25 июн. (АМИТТ «Ховар), Людмила Дубинина).- Дар Хоруғ озмунимураббиёнимуассисаҳоибачагона ва томактабии шаҳру ноҳияҳоиВилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон анҷом ёфт. Ҳайати доварон натиҷаҳои озмунро ҷамъбаст карда, муррабиёни беҳтаринро муайян сохт. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ҳайати доварон ҷои аввалро ба мураббии боғчаи бачагонаи№ 5 Фирӯза Мирлангарова муносиб донист.Ҷойҳои дуюм ва сеюмро мураббиён Накӯбахт Илчибекова аз ноҳияи Рӯшон ва ДилнишинҲасанқулиева аз ноҳия Роштқалъа ишғол намуданд. Ба ғолибони озмун ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулӣ супорида шуданд. Онҳо акнун дар озмуни ҷумҳуриявиимураббиёни муассисаҳои бачагона ширкат меварзанд.