Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

15.01.200117:12

Бадминтон дар Тоҷикистон эҳё мегардад

Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Барои эҳёи бадминтон дар Тоҷикистон тамоми шароитҳо вуҷуд дорад. Ин нуқта зимни вохӯрии раиси кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Рачабалиев ва раиси Федератсияи бадминтони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Саидгули Зуҳурӣ таъкид гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар КМО Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни вохӯри атрофи марҳила ба марҳила рушд ёфтани ин намуди варзиш дар Афғонистон ҳарф зада, нисбат ба инкишофи он дар Тоҷикистон изҳори боварӣ намуданд.

Ба гуфти Саидгули Зуҳурӣ дар ҳоли ҳозир аз ҷониби Федератсияи бадминтони Афғонистон ба Федератсияи навтаъсиси бадминтони Тоҷикистон лавозимотҳои варзиши тӯҳфа гардид. С. Зуҳурӣ ҳамчунин ваъда дод, ки барои гузарондани машғулиятҳо мутахасисони афғонро ба Тоҷикистон равон менамояд.

Раиси Федератсияи бадминтони Тоҷикистон Сайдулло Раҳимов дар навбати худ қайд кард, ки ҳануз заминаи ба таври зарурӣ ба роҳ мондани ин намуди варзиш дар кишвар танқисиҳо зиёданд ва яке аз онҳо набудани мутахассисон мебошад.

Ҳоло барномаи инкишофи ин намуди варзиш дар Тоҷикистон таҳия гардидааст, ки он ҷалби наврасону ҷавонон аз боғчашӯруъ карда то макотиби миёнаву олии кишварро дар бар мегирад зикр кард, раиси федератсияи бадминтони ҶТ Сайдулло Рахимов.

Дар анҷоми вохӯри аз ҷониби роҳбарияти КМО Тоҷикистон ва Федератсияи бадминтони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба роҳ мондани ҳамкории мутақобила ба хотири рӯшди минбаъдаи бадминтон дар кишвари ҳамзабону ҳаммарзи Тоҷикистону Афғонистон мувофиқа карда шуд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

18.1115:11Столичная мэрия решила: чайхана "Рохат" будет снесена(1)
18.1114:12Забирзода: настало время создать министерство реформ
18.1112:04Нанизм – беда генофонда таджикской нации
18.1110:25В Таджикистане построят новый алюминиевый завод
18.1108:49Президент открыл Центр плова в Худжанде


Самое обсуждаемое

16.1115:02Каким в Таджикистане видят Эмомали Рахмона?(1)
18.1115:11Столичная мэрия решила: чайхана "Рохат" будет снесена(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156262