Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

15.01.200116:12

Cафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи Кӯлоби

СубҳиимрӯзПрезидентиҶумҳурииТоҷикистонЭмомалӣРаҳмонбаҳрииштирокдарчорабиниҳоиидонаибахшидабасолгарди 11-умиРӯзиВаҳдатимиллӣвашиносоӣбовазъииҷтимоиюиқтисодӣбаминтақаиКӯлобивилоятиХатлонсафаркард. Дар доираи сафари кории худ нимаи якуми рӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими тантанавии ба кор даровардани хатти 220 киловолтаи интиқоли нерӯи барқи Лолазор-Хатлон, ифтитоҳи пайкараи ёдгорӣ аз одамушшуаро Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва дигар чорабиниҳо иштирок намуда, бо фаъолони шаҳри  Кӯлоби вилояти Хатлон машварати корӣ анҷом дод.

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ба минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бо иштирок дар маросими тантанавии ба кор даровардани  хатти 220 киловолтаи интиқоли нерӯи барқи Лолазор-Хатлон дар мавзеи Мумираки ноҳияи Муъминобод оғоз ёфт.

Зимни боздид бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки аз се созишномаи калонҳаҷми қарзии Тоҷикистону Чин, ки маблағи умумиашон наздики 600 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, татбиқи амалии лоиҳаи аввалинаш имрӯз бо муваффақият ва 2 сол пеш аз мӯҳлат  ба поён расид.

Таъкид гардид, ки Созишномаҳои қарзӣ ва қарордодҳои сохтмони хатти интиқоли барқи 220 киловолтаи Лолазор – Хатлон, хатти 500 киловолтаи Ҷануб-Шимол ва азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Бӯстон-Чанок зимни сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин моҳи июни соли 2006 ба имзо расида буд.

Изҳори хушнудӣ карда шуд, ки хатти 220 киловолтаи Лолазор – Хатлон аз ҷониби мутахассисони тоҷик ва ширкати дорои шӯҳрати ҷаҳонии Ҷумҳурии Мардумии Чин ТВЕА  бо сифати баланд ва истифода аз таҷҳизоти муосири замонавӣ имрӯз ба итмом расид.

Хотиррасон карда шуд, ки дар сохтмони лоиҳаи мазкур зиёда аз 1300 нафар коргарон ва мутахассисони тоҷику чинӣ фаъолият намуданд.

Арзиши умумии лоиҳа беш аз  58  миллион доллари амрикоиро ташкил додааст, ки наздики 3 миллиони он ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Қарзи имтиёзноки Ҷумҳурии Мардумии Чин 20 сол мӯҳлат дошта, ҳаққи хизматрасонӣ ё фоизи баргардонии он ҳамагӣ 2 фоизро ташкил медиҳад.

Сохтмони хатти интиқоли барқи 220 киловолтаи Лолазор – Хатлон пеш аз ҳама ба мӯътадил гардонидани таъмини қувваи барқ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, қисмате аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва кам кардани талафоти техникии нерӯи барқ равона гаштааст. Баъди ба кор даромади ин хат ҳаҷми талафоти техники нерӯи барқ аз 14 дар сади пешина то ба 3,2 дар сад кам мегардад ва ин имкон медиҳад, ки дар ҳамин масофа дар як сол 180 миллион кВт/соат нерӯ сарфа карда шавад.

Мувофиқи лоиҳа дар масофаи беш аз 56 километри хат, ки он аз ҳудуди ноҳияҳои Данғара, Темурмалик, Восеъ, Мӯъминобод ва шаҳри Кӯлоб убур мекунад, 133 адад такягоҳҳо насбу васл карда шудаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти таҷрибаи зиёд ва маҳорати баланди касбии мутахассисони ширкати ТВЕА-и Ҷумҳурии Мардумии Чин, дорои техникаю таҷҳизоти муосир будани он ва ҳамчунин аз корозмудагии мутахассисони тоҷик  изҳори боварӣ намуд, ки минбаъд корҳо дар сохтмони хатти 500 киловолтаи  интиқоли барқи Ҷануб – Шимол низ  суръати тоза пайдо мекунанд, зеро ки бунёди он ҳам бар души онҳо вогузор гаштааст.

Зимни сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи сохтмончиёни ин иншооти бузургу пурарзиш арзи сипосу миннатдорӣ намуд.

Аз ин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба майдони назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб ба номи Рӯдакӣ ва Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ташриф оварда, нахуст дар  маросими гузоштани санги асос зери бинои нави таълимии  коллеҷи мазкур иштирок намуд.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи он маълум шуд, бинои нав аз 15 синфхона ва 400 ҷойи нави нишаст барои донишҷӯён иборат хоҳад буд ва баъди анҷоми сохтмонаш шумораи омӯзгорону кормандони он 30 дар сад афзун хоҳад шуд.

Сипас Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди бинои Донишогоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб дар маросими ифтитоҳи пайкараи ёдгорӣ аз бунёдгузори адабиёти оламшумули тоҷику форс Абӯабдулло Рӯдакӣ иштирок намуд.

Дар ҳамин ҷо ба ин муносибат намоиши дилнишини театрикунондашудаи рӯдакихонӣ баргузор гашт, ки зимни он ҳунармандони маъруфи шаҳри Кӯлоб ҳозиринро ба олами фарохи маъонии ин устоди беҳамтои  шеъри ноби тоҷикӣ  ғутавар намуданд.

Дар назди пайкараи ёдгорӣ аз Абӯабдулло Рӯдакӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, мардуми Кӯлобшаҳри бостониро бо солгарди 11-уми Ваҳдати миллии Тоҷикистон, арафаи 17- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1150 солагии Абӯабдулло Рӯдакӣ ва Соли бузургдошти забони ноби тоҷикӣ табрику таҳният гуфт ва онҳоро ба омӯзиши амиқи осори гаронмояи ниёгон,  аз ҷумла ашъори пандомӯзи маликушшуаро Рӯдакӣ ва аз онҳо бардоштани андарзу ҳикматҳо баҳри таъмини рӯзгори арзандаи худ ҳидоят намуд.

Баъди мулоқоти ҷолибу хотирмон бо омӯзгорону донишҷӯёни ин ду боргоҳи илму маърифати шаҳри Кӯлоб Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба маркази компютерӣ ва чопи суратҳо ташриф овард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самараи меҳнати соҳибкорони маҳаллӣ баҳри бунёди чунин коргоҳҳо ва ворид намудани технологияи муосири компютерӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон маслиҳат дод, ки истеҳсол ва ё ҳадди ақал ҷамънамоии компютерҳоро аз ҷузъҳои алоҳидаи он дар дохили кишвар ба роҳ монанд.

Пас аз шиносоӣ бо ин коргоҳ, ки дар он барои 15 нафар ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб муҳайё гаштааст, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оромгоҳи адиб ва мутафаккири бузурги олами шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ дар назди оромгоҳи ин орифи бузургвор аз офаридгори олам таҳкими минбаъдаи ваҳдату ягонагӣ,  пешрафту шукуфоӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистонро дуо намуданд.

Дар ҳавлии оромгоҳ байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва пирони рӯзгордидаи Кӯлобшаҳр сӯҳбати доманадори дилнишин оид ба тарғиби ваҳдату ягонагӣ ва баланд бардоштани ҳисси ифтихору сарфарозӣ аз давлатдории миллӣ сурат гирифт.

Дар чаҳорчӯби барномаи сафари кории худ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба хоҷагии деҳқонии Комили шаҳри Кӯлоб, ки дар ҷамоати деҳоти Зарбдор қарор дорад, ташриф овард.

Дар ин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифодаи пурсамари заминҳои обӣ шинос шуд. Чунонки аз иттилоъи раиси он Саъбагул Ғуломова маълум шуд, хоҷагӣ дорои 1,6 га замини обӣ будааст, ки 95 садяки онро заминҳои обӣ ташкил медиҳанд.  Дар 45 садяк замини обӣ сабзавот ва дар 50 садяки дигар  гандум кишт намудаанд. Иттилоъ дода шуд, ки баъди ҷамъоварии ғалла дар ин заминҳо низ кишти такрории сабзавот ва зироатҳои полезию лубиёгӣ гузаронда мешавад.

Аҳли заҳмати хоҷагӣ бовар доранд, ки имсол аз ҳамин 95 садяк замини обӣ 16 ҳазор сомонӣ фоида ба даст меоранд.

Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи осори таърихию фарҳангӣ, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзии деҳқонони шаҳри Кӯлоб дидан карда, бо фаъолони шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат нишондодҳои  иҷтимоию иқтисодӣ ва вазъи ҷиноии шаҳр дар зарфи 5 моҳи соли равон мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифт ва вазифаҳои минбаъдаи фаъолон ва аҳли заҳмат муайяну мушаххас карда шуд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

09.1210:07Российские Су-25 перебазировались из Киргизии в Таджикистан
09.1210:03Обогатительный комбинат, строящийся в Истиклоле, заработает в следующем году
09.1209:22Синоптики прогнозируют снег в субботу
09.1208:50ТЭЦ «Душанбе-2» может увеличить суточное энергоснабжение на 16%
09.1208:48«Я поверил незнакомцу и попал в заложники…»


Самое обсуждаемое

07.1207:59Власти Таджикистана планируют в два раза сократить уровень бедности(6)
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию(3)
08.1215:2825 лет без СССР(1)
08.1214:51В министерстве культуры обсужден вопрос о переносе памятника Абуали Сино(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156262