Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

15.01.200113:12

Рӯзи ваҳдати миллӣ дар пойтахт бошукӯҳ таҷлил мегардад

Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъулин ва сокинони шаҳри Душанбе ба Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки 27 июн таҷлил мегардад омодагӣ мегиранд. Дар робита бо мақсади дар дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи ваҳдати миллӣ Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор ба имзо расонд. Тибқи он 27 июн дар пойтахт ин санаи таърихӣ ва сарнавиштсоз ботантана ва бошукӯҳ таҷлил карда мешавад.

Аз ҷумла, рӯзи 27 июн дар боғҳои фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо», «Кӯли ҷавонон», Боғӣ ба номи Садриддин Айнӣ, Майдони «800-солагии Москва» ва Амфитеатр сайругашти оммавии идонаи шаҳрвандон барпо гардида, дастаҳои ҳунарӣ бо барномаҳои ҷолиби консертӣ ҳунарнамоӣ менамоянд. Ҳамзамон дар ин рӯз намоиш ва фурӯши маҳсулоти нонию қаннодӣ ташкил карда мешавад.

Ҳамчунин, дар муассисаю идораҳои пойтахит вохӯрию мулоқот бо иштироки фаъолони Шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, аъзои Маҷлисимиллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои пойтахт, зиёиёнва шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо баргузор мегардад.

Умед аст, ки Рӯзи ваҳдати миллӣ ба иди ҳақиқии дӯстиву бародарӣ ва ҳамбастагию ҳамраъйии тамоми халқҳои Тоҷикистон табдил хоҳад гашт.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

22.0918:01Дочь главы Азербайджана cделала селфи во время речи её отца в ООН о геноциде
22.0915:14В Таджикистане вынесен приговор еще одному фигуранту «дела коррупционеров»
22.0911:27«Пригласите сюда тех, кто ел плов и снимал на видео». Дело бывшего директора Нацбиблиотеки
22.0909:08В Согде пресечена контрабанда дорогой иномарки
21.0919:34«Сотрудники Агентства ели плов и тайно снимали гостей на видеокамеру»(1)


Самое обсуждаемое

21.0908:50Избитый охранниками ТЦ "Москва" таджик скончался(2)
21.0911:32Избитый охранниками ТЦ «Москва» таджикский мигрант жив, — миграционная служба(1)
21.0919:34«Сотрудники Агентства ели плов и тайно снимали гостей на видеокамеру»(1)
21.0910:03МВД Таджикистана опубликовало  список студентов, которые  приезжали на занятия на собственных автомобилях(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0468788