Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

15.01.200116:12

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи

хатти интиқоли барқи баландшиддати «Лолазор - Хатлон»,


ш. Кӯлоб, 25 июни соли 2008

Ҳамватанони азиз!

Сохтмончиёни мӯҳтарам!

Мо имрӯз дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ шоҳиди боз як рӯйдоди фараҳбахш, яъне мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани хатти интиқоли барқи баландшиддати «Лолазор –Хатлон» мебошем, ки  он барои таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар қадами навбатӣ ва устувори мо ба шумор меравад.

Ба ин муносибат ва инчунин ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ ҳамаи шумо – ҳозирини мӯҳтарамро  табрику таҳният гуфта, ба муҳандисону сохтмончиён ва тамоми онҳое, ки дар бунёди ин иншооти муҳими энергетикии мамлакатамон саҳм гузоштаанд, арзи сипосу миннатдорӣ менамоям.

Чунонки ба шумо маълум аст, агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда- 1» ба истифода дода шуда, ҳоло бо иқтидори беш аз 100 мегаватт кор карда истодааст ва дар рӯзҳои наздик агрегати дуюм, инчунин то охири сол иқтидорҳои боқимондаи он мавриди истифода қарор  дода мешаванд. Сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии «Роғун» ва  «Сангтӯда-2» низ босуръат идома дорад.

Бо дарназардошти сохтмони иншооти мазкур барои мо масъалаи бунёд намудани инфраструктураи интиқоли нерӯи барқ аҳамияти хоса пайдо намудааст.

Тавре ки шумо медонед, ду сол пеш мо ба сохтмони хатти интиқоли барқи баландшиддати «Лолазор – Хатлон»  оғоз бахшида будем, ки ҳадаф аз он ба таври мӯътадил бо барқ таъмин кардани вилояти Хатлон ва як қисми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.

Сохтмони иншооти мазкур дар доираи лоиҳаи инвеститсионӣ, ки маблағи умумии он зиёда аз 58 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ба анҷом расонида шуд. Дар натиҷа дар масофаи 56 километр хатти интиқоли барқ кашида шуда, 4 трансформатори пуриқтидори баландшиддат, 133 адад такягоҳҳо насб ва ду зеристгоҳ – «Лолазор» ва «Хатлон», ки дорои иқтидори дар як сол аз нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак», «Бойғозӣ», «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» ба вилояти Хатлон интиқол додани 4 миллиард киловатт-соат барқ мебошанд, бунёд гардиданд.

Бо бунёд гардидани ин хатти интиқоли барқ пеш аз ҳама вазъи таъминоти шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бо қувваи барқ беҳтар гардида,  он ҳамчунин ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Муҳимтар аз ҳама, вазъи таъминоти аҳолӣ бо барқ хеле беҳтар хоҳад шуд. Дар баробари ин, талафоти техникиву тиҷоратии нерӯи барқ кам шуда,  сифати интиқол ва таъминоти он баланд мегардад.

Бояд зикр намуд, ки сохтмони иншооти мазкур ду сол пеш аз мӯҳлати муқарраргардида ба истифода дода шуда, дар он зиёда аз 1300 нафар коргарону мутахассисони маҳалливу хориҷӣ фаъолона иштирок ва меҳнат карданд.

Дар раванди татбиқи лоиҳа инчунин як қатор корҳои дигар, аз ҷумла дар масофаи 18 километр кашидани хатти интиқоли барқи 110 - киловолта низ ба анҷом расонида шуд.

Инчунин барои ҳимояи зеристгоҳҳои зикршуда таҷҳизоти  муосири рақамӣ насб гардида, миёни зеристгоҳҳои «Хатлон»-у «Лолазор», хадамоти танзими шабакаҳои барқи Кӯлоб ва Данғара хатти махсуси алоқаи доимӣ ва баландсифат кашида шуд.

Бо мақсади дуруст ва дар сатҳи баланд ба роҳ мондани истифодаи самарабахши хатти интиқоли барқ  як қатор мутахассисони маҳаллӣ барои омӯзиши тарзи идоракунии компютерӣ, низоми истифодаи таҷҳизоти муосир ва алоқа ба Ҷумҳурии Халқии Чин фиристода шуданд.

Итминони комил дорам, ки ҳайати мутахассисони мо истифодаи самарабахши хатти мазкур ва зеристгоҳҳои  «Лолазор»-у «Хатлон»-ро дуруст ташкил карда, дар таъминоти бенуқсони барқ азму талош ва маҳорату кордонӣ зоҳир менамоянд.

Ҳамватанони азиз!

Татбиқи нақшаҳои Ҳукумат доир ба рушди энергетикаи обӣ, инчунин истеҳсоли барқ бо истифода аз манбаъҳои алтернативӣ, аз ҷумла ангишт дар солҳои наздик имкон фароҳам меоварад, ки талаботи иқтисоди Тоҷикистон бо нерӯи барқ пурра қонеъ гардида, инчунин содироти он низ ба роҳ монда шавад.

Ҳоло бо мақсади расонидани нерӯи барқ ба шимоли кишвар бо кӯмаки молиявии Ҷумҳурии Халқии Чин сохтмони хатти интиқоли барқи 500 - киловолтаи "Ҷануб - Шимол" босуръат идома дорад.

Азбаски Тоҷикистон аз ҷониби институтҳои байналмилалии молиявӣ ҳамчун яке аз мамлакатҳои тавлидкунанда ва интиқолдиҳандаи барқи нисбатан арзон ва аз ҷиҳати экологӣ бехатар эътироф карда шудааст, сохтмон, таҷдид ва азнавсозии хатҳои интиқоли барқи дохилӣ ва хориҷӣ барои кишварамон аҳамияти бузурги иқтисодӣ дорад.

Бинобар ин, сохтмони хатти интиқоли барқи мазкур вазъи ҳамкории шабакаҳои энергетикии Тоҷикистон, Туркманистон, Қирғизистон, Россия ва ҷануби Қазоқистонро беҳтар сохта,  имконияти интиқоли қувваи барқи моро ба ин давлатҳо фароҳам меоварад.

Вобаста ба рушди минбаъдаи соҳаи энергетика ва тадбирҳои дар ин самт андешидаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ман дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ва дар вохӯрии рӯзи 17 июни соли ҷорӣ бо энергетикҳои кишвар батафсил суханронӣ намудам, ки ҳоҷат ба такрори он нест. Фақат мехоҳам хотирнишон созам, ки имрӯзҳо дар қаламрави мамлакатамон 9 лоиҳаи инвеститсионӣ ба маблағи  беш аз 1 миллиарду 800 миллион  сомонӣ  татбиқ шуда истодааст. Ва дар ин марҳала аллакай  то 1 майи соли ҷорӣ  830 миллион сомонии он  азхуд карда шудааст.

Илова бар ин,  таҳияи лоиҳаи таҷдиду таъмир ва барқарор сохтани нерӯгоҳҳои барқи обии Норак, Қайроққум ва сохтмони силсилаи нерӯгоҳҳои дарёҳои Вахшу Варзоб ба анҷом расонида шуданд, ки ин амр имконият фароҳам меоварад, ки иқтидор ва тавоноӣ зиёд гардад, инчунин талафоти нерӯи барқ коҳиш ёбад.

Ҳозирини гиромӣ!


Бояд зикр кард, ки Ҷумҳурии Халқии Хитой яке аз ҳамсояҳои наздики мо мебошад ва дар давоми ҳазорсолаҳо мардуми ду кишвар бо ҳам робитаи дӯстона ва ҳамкориҳои судманд доранд. Дар урфи тоҷикон мегӯянд, ки «аз хеши дур ҳамсояи наздик беҳтар аст». Ҳоло дар кишвари мо чандин лоиҳаҳои инвеститсионӣ аз ҷониби мутахассисони чинӣ татбиқ мегарданд, ки барои рушди устувор ва муназзами иқтисодиётамон аҳамияти хоса доранд. Имрӯз хатти интиқоли барқи «Лолазор – Хатлон» аз ҷониби  яке аз корхонаи бузурги Ҷумҳурии Халқии Хитой анҷом дода шуд, ки натиҷаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди давлатҳои мо ба ҳисоб меравад.

Корхонаи мазкур, яке аз бузургтарин корхонаҳои тавлидотии таҷҳизоти энергетикии ҷаҳонӣ, аз ҷумла реакторҳо, транформаторҳо, кабелу сим ва  таҷҳизоти нерӯи барқи офтоб ба  шумор рафта, инчунин ба корҳои сохтмони иншооти интиқоли барқи баландшиддат ва  нерӯгоҳҳои  барқӣ обӣ машғул аст.

Мо аз фаъолияти корхонаи мазкур дар бунёди хатти интиқоли барқи «Лолазор-Хатлон» изҳори қаноатмандӣ менамоем ва умед дорем, ки дар оянда дар қисматҳои дигари соҳаи энергетика низ ҳамкориҳои худро  идома медиҳем.

Ҳамзамон бо ин, дар муддати ду сол мутахассисони кишвари мо аз таҷрибаи ғании муҳандисони чинӣ дониш омӯхтанд, ки дар сохтмонҳои дигари энергетикии кишвар аз онҳо истифода менамоем.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, ба тамоми мутахассисони чинӣ аз номи мардуми шарифи Тоҷикистон барои фаъолияти арзандаашон миннатдорӣ баён медорам.


Инчунин ба ҳамаи кормандону муҳандисони ватанӣ ва онҳое, ки дар бунёди иншооти мазкур саҳми арзандаи худро гузоштанд, изҳори сипос намуда, ҳамаи онҳоро ба  муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ  табрик мегӯям ва барояшон хонаи ободу осуда, сулҳу амонӣ ва хушбахтиву пирӯзиҳо орзумандам.

Итминони комил дорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар партави ҷашни бузурги тоҷикон-Рӯзи ваҳдати миллӣ бо ҳамдигарфаҳмиву ҳамраъйӣ барои ободу зебо гардидани сарзамини аҷдодиямон тамоми кӯшишу талоши худро сарф менамоянд.

Ободиву осудаҳолӣ ва рӯзгори хушу босаодат насибатон бод, ҳамватанони азиз!

Саломату сарбаланд бошед!

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

05.1216:04Заветная мечта паренька из глубинки. ВИДЕО
05.1216:01Эмомали Рахмон и Шавкат Мирзиёев обсудили перспективы таджикско-узбекских отношений
05.1215:30Какова же реальная длина Великой Китайской стены?
05.1214:49Махмадали Ахмадов, предполагаемый организатор убийства семьи Гошта, предстанет перед судом присяжных
05.1214:46Можно я не умру, пока вы меня не похоронили?


Самое обсуждаемое

03.1209:12Эмомали Рахмону построят новые резиденции(1)
05.1211:34Таджикистан перейдет на 12-летнее образование в 2020 году(1)
05.1211:31Китайская энергетическая строительная корпорация заинтересована в сотрудничестве с Таджикистаном(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0624966