Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Бурҳониддин Каримзода).- Шумораи нави маҷаллаи сиёсию ҷамъиятӣ ва иҷтимоиву фарҳангии «Тоҷикистон» аз чоп баромад.
-Доираи мавзӯъҳои маҷаллаи мо хеле васеъ аст,- гуфт дар ин робита сармуҳаррири он Аскар Абдусамадов,- Дар он роҷеъ ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва варзишии кишвар мавод ҷой дода мешавад. Шумораи ахири маҷалла асосан матолибиеро дар бар мегирад, ки ба ҷашнҳои ифтихории 17 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, Соли бузургдошти забони тоҷикӣ, 1150 солагии сардафтари адабиёти классискии тоҷику форс Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ бахшида шудааст.
«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат», «НБО-и Роѓун арсаи корнамоӣ мегардад», «Маърифати ҳуқуқи зан ва бунёди давлати иҷтимоӣ», «Ҳар хонадони диёри Рӯдакӣ ҷашн дорад», «Китоб шиносномаи миллат» аз ҷумлаи мақолаҳои шумораҳои тозанашри «Тоҷикистон» аст.Маҷалла, ки дар арафаи Рӯзи Ваҳдат ба табъ расид, яке аз маводҳои асосии он андешаҳои муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳӯрии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа Сайфулло Сафаров мебошад, ки «Нақши муколамаи давомдори минтақавӣ дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистони муосир» унвон дорад.