Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

15.01.200119:12

Ю. Лужков М. Убайдуллоевро бо ордени «Ба нафъи инсоният» сафароз гардонд

Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Масъалаҳои тақвияти ҳамкории гуногунсоҳаипойтахтҳои Тоҷикистону Русия – Душанбе ва Москва аз масъалаҳои муҳиме буданд, ки дар мулоқоти Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдулоев ва Мири шаҳри Москва Юрий Лужков баррасӣ шуданд.

Маҳмадсаид Убайдуллоеваз таваҷҷӯҳи Мири шаҳри Москва Юрий Лужков дар мавриди кӯмак ва мусоидатҳои пайваста ҷиҳати таҷдиди бахшҳои гуногуни хоҷагидории пойтахт, ки дар доираи Созишномаи марбутаибайни шаҳрҳо сурат мегиранд, изҳори сипос намуд. Бахусус, кӯмакҳои башардӯстонаи Москваро дар мавриди рафъи мушкилоти зимистонгузаронӣва ҳолати воқеии ташкили фазои ҳуқуқӣ барои ҳимояи муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистонро дар пойтахти Федератсияи Россия махсус таъкид сохт.

Бояд зикр кард, ки дар мавсими зимстони сипаригардида аз ҷониби Ҳукумати шаҳри Москва 20 адад дастгоҳҳои барқии дизелии 100 ва 200 Квт ба шаҳри Душанбе фиристонида шуда буд ва мутахассисони москвагӣ бо ҳидояти Мири шаҳри Москва барои ташхис ва омодасозии Буғхонаҳои Ҷанубу Шарқии пойтахт бо назардошти фаъолият бо ангишт ба Душанбе омада буданд.

Ю. Лужков аз сатҳи ҳамкории бародаршаҳрии Москва ва Душанбеизҳори қаноатмандӣ карда, зикр сохт, ки то ҳанӯз потенсиали мавҷуда, аз ҳар дуҷониб комилан истифода бурда нашудааст ва мо бояд барои имрӯзу ояндагон муҳит ва шароити созгорро ҷиҳати татбиқи потенсиалҳои ниёзқонеъкунанда муҳаё созем.

Котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар фарҷоми мулоқот Юрий Лужков дар расми тантанавӣ Раиси шаҳри ДушанбеМаҳмадсаид Убайдуллоевро аз номи Клуби дӯстдорони Москва бо ордени «Ба нафъи инсоният» сарфароз гардонид.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

24.1114:45Агентство сообщило подробности задержания сотрудника милиции с крупной партией наркотиков
24.1113:41Агентство по борьбе с коррупцией Таджикистана задержала еще одного следователя
24.1111:15"Дед Талабшо" станет товарным знаком? ВИДЕО
24.1110:10Таджикистану и Узбекистану советуют найти приемлемое решение по Рогуну
24.1110:07На севере Таджикистана пастух продал «на сторону» свыше 700 голов мелкого скота


Самое обсуждаемое

No news



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156274