Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

17.01.200116:12

Суханронии Э. Рахмон

Ширкаткунандагони  мӯҳтарами Конфронс!

Меҳмонони азиз!

Хонумҳо ва 
ҷанобон!

Манбокамолифараҳмандивуқаноатмандӣҳамаиширкаткунандагонвамеҳмонониконфронсро, кибароибаррасӣвақабулиқарорҳоимушаххасдоирбакоҳишдоданитаъсириманфииофатҳоитабииимарбутбаоббасарзаминиофтобӣвамеҳмоннавозиТоҷикистонқадамранҷакардаанд, хайрамақдаммегӯям.

Даҳсолаи  байналмилалии  амалиёти «Об - барои  ҳаёт»,  ташаккули механизми  глобалии «Созмони Милали Муттаҳид - захираҳои об»,  фаъолияти  комиссияҳои минтақавии Созмони Милали Муттаҳид,  таъсиси Анҷумани оби қитъаи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором,  баргузории мунтазами  ҷамъомаду  мулоқотҳои  ҷаҳонӣ  ва дигар чорабиниҳои сатҳҳои гуногун  аз таваҷҷӯҳи хосаи ҷомеаи  ҷаҳонӣ,  роҳбарони   давлатҳои  бузург ҳам ба аҳамияти тағйирнопазири об ва ҳам ба ҷ
анбаҳои табиии харобиовари  марбут ба он шаҳодат медиҳанд.

Дар  баробари  ин,  мо чунин  мешуморем, ки   вақти   амал
ӣ  сохтани он тадбирҳое  фаро расидааст,  ки  дар  ин чорабиниҳо зикр ва  қабул карда  мешаванд. Замони имрӯза  аз мо  андешидани  тадбирҳои таъҷилиро  тақозо менамояд, зеро бо вуҷуди  ҳамаи ин  кӯшишҳо проблемаи  об дар маҷмӯъ дар миқёси ҷаҳон аҳамияти доғи худро гум накарда, баръакс  тадриҷ
ан шиддати нав касб мекунад.

Бехатарии об, аз
ҷумла ҳимоят аз офатҳои табиии марбут ба об  ба  ҳалли проблемаҳои ҷиддитарини экологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ  ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.

Дар ҳама гуна шароит бе муқаррар  намудани муносибатҳои мушаххас ба проблемаҳои ҳимоят аз рӯйдодҳои хавфноки геодинамикии вобаста ба об ва ҳалли самарабахши онҳо ноил  гардидан ба рушди устувор комилан имконнопазир аст.

Мувофиқи  маълумоти Маркази байналмилалии таҳқиқи офатҳои таби
ӣ дар давоми  25 соли охир дар ҷаҳон зиёда аз 9 ҳазор офати  табиӣ рух додааст, ки онҳо боиси ҳалокати қариб 2 миллион нафар одамон гардида, ба маблағи бештар аз як триллион доллари амрикоӣ зарари моддӣ
расондаанд.

Мутахассисон ҳисоб кардаанд, ки қариб 90 фоизи чунин офатҳои таби
ӣ, аз се ду ҳиссаи шумораи умумии қурбониён ва 75 фоизи зарари  онҳо бо сабабҳои метеорологӣ ва гидрологӣ
ба миён омада, мустақиман  ба об вобаста мебошанд.

Ба То
ҷикистон, ки 93 фоизи қаламрави он аз  кӯ
ҳҳо иборатанд, бештар офатҳои табиие таҳдид менамоянд, ки ба об марбутанд.

Обхез
ӣ,  камобӣ, сел, фуромадани ярч, жола ва  фурӯ рехтани миқдори зиёди сангу  хок ҳар сол ба иқтисодиёти мамлакати мо зарари калон мерасонанд ва  мутаассифона, бар асари ин офатҳо талафоти ҷонӣ низ рӯ
й медиҳад.

Шумораи одамоне, ки дар нати
ҷ
аи сел ва обхезиҳо ҳалок  шудаанд,  дар давоми даҳ соли охир аз 300 нафар ҳам гузаштааст.

Харо
ҷоти вобаста ба пешгирӣ ва аз байн бурдани хавфи офатҳои табиӣ дар Тоҷ
икистон дар давоми 8 соли охир беш аз 65 миллион доллари  амрикоиро ташкил додааст.

Қисми зиёди ин маблағ барои аз маҳалҳои хавфнок к
ӯчонидани  аҳолӣ, расондани  кӯмакҳои моддӣ
ба онҳо ва  мустаҳкам намудани соҳили дарёҳо сарф карда шудааст.

Душвории асосии чунин амалиёт дар он аст, ки селҳо дар минтақаи   дарёҳои к
ӯ
ҳистон, водиҳо ва дараҳои танг рух медиҳанд.

Аз р
ӯ
и ҳисоби мутахассисони мо, ҳар сол аз масоҳати як гектар  замин аз 50 то 250 тонна қабати серҳосили хок шуста мешавад.

Танҳо  арзиши умумии нуриҳои аз қабати хок шусташуда тақрибан 20-25 миллион  долларро ташкил медиҳад.

Илова бар ин, соли равон дар минтақаи Осиёи  Марказ
ӣ хушксолӣ
ба амал омад, ки оқибатҳои онро мо аллакай дар нарасидани баъзе навъҳои озуқа ва боло рафтани нархи онҳо эҳсос  мекунем.

Мувофиқи маълумоте, ки ман ҳоло дар даст дорам, дар як шабонар
ӯз ба обанбори нерӯгоҳи барқи обии Норак - 500 ва обанбори Қайроққум 400 метри мукааб об ворид шуда истодааст, ки ин нисбат ба ҳамин рӯзҳои соли гузашта хеле кам мебошад. Бинобар кам гаштани захираи об имсол дар Тоҷикистон камобӣ 30-35 фоизро ташкил медиҳад. Худатон қазоват кунед, ки ин камобӣ ҳам ба Тоҷикистон ва ҳам ба кулли кишварҳои минтақа чи гуна зиёни иқтисодӣ мерасонад. Танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қариб 60 фоизи оби Осиёи Марказӣ дар он ташаккул меёбад, ҳамин сол дар зиёда аз 60 ҳазор гектар замини киштшуда аз нарасидани об пахта ва ғалладона насабзид, яъне нашъунамо наёфт. Замин хушку холӣ
монд.

Бинобар ин, То
ҷикистон ҷалби таваҷҷӯҳи ҳукуматҳо, созмонҳои  байналхалқӣ ва мамлакатҳои мададгорро ба зарурати ибрози диққати махсус   ба ҳалли фарогири масоили об аз вазифаҳои умда меҳисобад, ки қисмати асосии онро офатҳои хавфноки вобаста ба об, инчунин дар миқёси ҷ
аҳон тағйир ёфтани иқлим ташкил медиҳанд.

Ҳукумати То
ҷикистон бо дарназардошти таъсиру оқибатҳои офатҳои рӯзафзуни табиии вобаста ба об қарор дод, ки конфронси имрӯзаро даъват кунад, ки он дар доираи Даҳсолаи байналмилалии «Об - барои ҳаёт», Стратегияи байналмилалии Созмони Милали  Муттаҳид дар масоили коҳиши хавфи офатҳои табиӣ ва барномаи тадбирҳои Хиога барои соли 2005-2015, ки дар Конфронси ҷаҳонии кам кардани хавфи офатҳои табиӣ соли 2005 дар Ҷ
опон имзо шудааст, гузаронида мешавад.

Барномаи мазкур андешидани тадбирҳои пешгирии  офатҳои табииро дар  сатҳи давлатҳо ва
ҷомеаҳо пешбинӣ менамояд. Қобили қайд аст, ки чунин иқдом ҳадафи ба даст овардани шӯҳрати сиёсиро надошта,  балки идомаи  мантиқии кӯшишу талошҳоест, ки Тоҷикистон таи 10-15 соли охир дар  масъалаи  об мунтазам ба харҷ
медиҳад.

Дар назди ширкаткунандагони конфронси имр
ӯза вазифаҳои    гуногун гузошта шаванд ҳам, ҳадафи умдаи онҳо танҳо муҳофизати  аҳолӣ
,  муҳити зист ва  иқтисодиёт аз таъсири  номусоиди офатҳои табиии  вобаста ба об аст.

Ин, алалхусус барои мамлакатҳое, ки
ҷиҳати ҳалли  проблемаҳои об нерӯ
ва имкониятҳои камтар  доранд, ниҳоят муҳим  аст.

Моҳи декабри соли гузашта дар
Ҷопон дар мулоқоти нахустини  роҳбарони мамлакатҳои Осиё ва ҳавзаи  уқёнуси  Ором  оид ба  проблемаҳои  об Тоҷикистон дар бораи зарурияти доғи таъсиси  фондҳои  фавқулоддаи  минтақавию  байналхалқӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид барои расондани  кӯмак дар мавриди рух додани  офатҳои табиии  марбут ба об ва бартараф сохтани душвориҳои дастрас намудани оби тоза  изҳори ақида намуда буд.


Ба назари ман, ҳалли чунин проблемаҳо дар чаҳорч
ӯбаи бархӯрди фарогир ба масоили такмил додани маблағгузорӣҷиҳати ҳалли  проблемаҳои об, беҳтар намудани роҳу усулҳои идораи он бо дарназардошти ниёзҳои системаҳои экологӣ қарор доранд, ки он бо муқаррароти  анҷ
умани роҳбарони мамлакатҳои Осиё  ва ҳавзаи  уқёнуси  Ором марбут ба об мувофиқати комил дорад.

Дар ин росто, ба ақидаи мо, дастгириву к
ӯмак ба мамлакатҳои  камбизоат ва нодор бояд вазифаи асосии давраи дуюми  Даҳсолаи  байналмилалии  амалиёти  «Об - барои  ҳаёт» қарор  дода шавад.


Аз ин р
ӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд, ки барои  ҳаллу фасли ҳамаҷониба ва бартараф сохтани проблемаҳои марбут ба об,  муттаҳид сохтани кӯшишу талошҳо дар зинаҳои гуногун иҷлосияи  махсуси Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид гузаронида шавад.

Таҳия ва қабули Конвенсияи байналмилалии об дар раванди  муттаҳид сохтани к
ӯшишҳои мамлакатҳои ҷаҳон  иқдоми муҳимтарине  хоҳад гашт, ки он принсипҳои ҷомеи сиёсати обро бо дарназардошти   манфиатҳои ҳамаи истеъмолкунандагони об ва ҳимояи онҳо аз офатҳои  табиии марбут ба об муайян  хоҳад кард.

Пешгирии  офатҳои табиии  марбут ба об дар 
ҷаҳон,  ва минҷумла,  дар  Тоҷикистон   фаъолияти  байнисоҳавӣ
  ба  шумор  меравад.

Ин  масъала  бунёди   бунгоҳҳо   ва  истгоҳҳои  шабакаҳои гидрометеоролог
ӣ, низоми  таҳлили  маълумот,  сатҳи  таҳияи қонунҳо  ва  назорати   мунтазами  манотиқи марбута,  омодагӣ  ба  офатҳои табиӣ ва  гузаронидани   корҳои   наҷ
отдиҳиро  дар  мавриди  рух  додани  офат  дарбар  мегирад.

Табиист, ки  ба  ҳамаи  ин масъалаҳо  тава
ҷҷӯҳи   зарурӣ  зоҳир  намуда, онҳоро  ҳамаҷониба  дастгирӣ  кардан  лозим  аст, то ки  ба ниёзҳои  рӯзафзуни  аҳолӣҷавобгӯ
й бошанд.

Дар ин  майдони фарох имкониятҳои ҳамкор
ӣ  фаровонанд ва мо  умедворем, ки  рушди фаъолиятҳо дар ин замина дурнамои хубе доранд.

Дӯстони  азиз!

Мо дар ин конфронс силсилаи проблемаҳои  барои халқҳои  Осиёи  Марказ
ӣ ҳаётан муҳим, аз ҷумла, офати бузурги экологии баҳри Арал ва  хавфи канда шудани банди оби кӯли Сарези Помирро сарфи назар карда наметавонем.

Аҳолии бештар аз 50-миллионнафараи Осиёи Марказ
ӣ дар давоми  сеяки охири асри ХХ дар ҳавзаи баҳри Арал бо бӯҳрони экологие рӯбарӯ  гардид, ки ҷомеаи ҷ
аҳон онро ҳамчун офати умумибашарии аср эътироф  кардааст.

Дар давоми солҳои 1960–1990 масоҳати калони замин дар минтақа  обёр
ӣ карда шуд. Дар натиҷа майдони он қариб ду баробар  афзуда, аз 4,3 ба 8,2 миллион гектар расид (аз ҷумла, дар ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон - 4,3, Туркманистон - 1,7,  Қазоқистон - 0,8 ва Тоҷикистон 0,3 миллион гектар замини нав кушода шуд).


Бар асари он ҳа
ҷми масрафи об барои обёрии ин заминҳо ду баробар  зиёд шуда, ҳаҷми  резиши об ба баҳри Арал хеле кам гардид. Яке аз сабабҳои асосии хушкшавии баҳри Арал дар ҳамин аст.

Хушк шудани баҳри Арал   нати
ҷаи сиёсати ғайриоқилонаи ҳамон давра мебошад, ки ба даст овардани фоидаро аз истеҳсоли барзиёди пахта ва шолӣ
афзалтар дониста,  хусусиятҳои экологии минтақаро сарфи назар карда буд.

Оқибатҳои б
ӯҳрони баҳри Арал ба шароити зиндагии аҳолии  минтақа таъсири манфӣ
расонд.

Р
ӯз то рӯз кам шудани об ва бадтар  гардидани сифати он сабаби хароб гардидани таркиби хок ва қабати  ҳосилхези он, тағйироти ҷиддии манфии  олами набототу ҳайвонот, қариб аз байн рафтани соҳаи моҳипарварӣ ва коркарди он, инчунин кам шудани  самараи зироаткорӣ
гардид.

Бо ву
ҷуди душвориҳои ҷиддие, ки мамлакатҳои минтақа баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ бо онҳо рӯбарӯ гардиданд, роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ зарурати ҳамкориро хусусан дар соҳаи  истифодаи  оқилонаи захираҳои об ва ҳифзи муҳити зист дарк намуда, 26 марти соли 1993 Фонди байналмилалии наҷ
оти Аралро таъсис доданд.

Ҳадафи асосии он боздоштан ва ҳарчи камтар сохтани  оқибатҳои б
ӯҳрони баҳри Арал, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ расонидани маълумоти бештар дар бораи ин офат, ҷалби маблағҳои панҷ давлати минтақа ва сармояи созмонҳои байналмилалӣ ва мамлакатҳои мададгор ҷиҳати беҳтар сохтани вазъияти  экологӣ ва иҷ
тимоиву иқтисодии ҳавзаи баҳри Арал мебошад.

Бояд зикр кард, ки То
ҷикистону Қирғизистони дорои захираҳои фаровони об бо вуҷуди дур будани мавқеи ҷойгиршавии онҳо аз баҳри Арал, худро аз ҳалли масъалаҳои ин офати табиӣ канор нагирифта, дар мубориза бо он ҳамсафи кишварҳои ҳамсоя мебошанд. Бад-ин васила барои ҳамкориҳои васеъ ба муқобили офати азими табиӣ
қадамҳои нахустин гузошта шуданд.

То
ҷикистон яке аз ташаббускорон ва таъсисдиҳандагони Фонди   байналмилалии наҷоти Арал мебошад ва ҳар сол 0,1 фоизи қисми даромади буҷ
ети худро ба ҳисоби он мегузаронад.

Коршиносон ва мутахассисони то
ҷик дар таҳия ва татбиқи  бисёр  лоиҳаҳо ва барномаҳое, ки барои беҳтар сохтани вазъи минтақа мусоидат менамояд, ширкат варзида, як силсила корҳоро анҷ
ом доданд.

Оби  ҳавзаи баҳри Арал асосан дар қаламрави То
ҷикистон (64 километри мукааб ё 55,4 фоиз ) ва  Қирғизистон  (29,3 километри мукааб ё 25,3 фоиз) ташаккул ёфта, вале ҳаҷми зиёди оби дарёҳои минтақаро  кишварҳои Қазоқистон (15,29 километри мукааб ё 11,4 фоиз),  Туркманистон (27,07 километри мукааб ё 20,26  фоиз) ва Ӯ
збекистон (71,69 километри мукааб ё 53,64 фоиз) истифода менамоянд.

Мехоҳам дар ин
ҷо зикр намоям, ки сарфи назар аз захираҳои фаровон аҳолии Тоҷикистон бо оби тозаи ошомиданӣ
пурра таъмин  намебошад.

Аз он ки, оби дарёҳои Ом
ӯ
ва Сир ба баҳри Арал рафта намерасад, масоҳати калони баҳр хушк гардида, ҳаво миллионҳо тонна намакро ба масофаҳои дур пош медиҳад.

Ин омил яке аз сабабҳои об шудани пиряхҳо дар қаламрави То
ҷикистон ва давлатҳои дигари Осиёи Марказӣ гаштааст. Аз рӯ
и баъзе маълумотҳо, дар давоми 10 соли охир масоҳати пиряхҳои минтақа аз 30 то 35 фоиз кам гардидааст.

Тавре ки зикр кардам, ҳоло бо ву
ҷуди 35-40 дараҷа гарм будани ҳарорати ҳаво ва обшавии бештари барфу яхҳои кӯҳӣ ҳаҷми об ва воридоти он ба обанборҳо 30-35 фоиз кам гардидааст. Оқибати ногувори хушкшавии баҳри Аралро, меҳмонони азиз, ки ҳоло дар Тоҷикистон ҳузур доред ва аз дирӯз шоҳиди тирагии ҳаво ҳастед, дар кишвари мо низ мушоҳида кардан мумкин аст. Чунин боду ҳаворо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон «бориши хок» ё «боди афғонӣ» мегӯянд ва он натиҷ
аи хушкшавии баҳри Арал ва ба ҳаво печидани хоку намак аст.

Афзоиши г
ӯшношуниди демографии аҳолии Осиёи Марказӣ ҳамзамон бо камбуди захираҳои об, тағйиротҳои ба амаломадаи иқлим ва ба таври зарурӣ танзим нашудани маҷ
рои дарёҳо ва, қабл аз ҳама, Амударё, мушкилоти обро дар ин минтақаи сернуфус боз ҳам мураккабтар мегардонад.

Ҷониби дигари проблема дар он аст, ки ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зарурати истифодаи васеи технологияҳои навини каммасрафи об ба миён меояд.

Зеро ҳоло ҳам дар минтақаи мо обёрии беш аз 8 миллион гектар замин аз рӯи усуле бобоӣ сурат мегирад, ки 70 сол пеш вуҷуд дошт. Воридоти технологияи нави обёрикунанда ва мавриди истифода қарор додани он дар кишварҳои минтақа хеле кам аст.

Дар минтақаи мо бо ву
ҷ
уди нарасидани об сарфи исрофкоронаи он ба мушоҳида мерасад, ки дар давоми  як сол  ба ҳар як нафар сокини минтақа тақрибан  4040 метри мукааб рост меояд.

Ҳол он, ки  ҳисоби миёнаи масрафи об дар миқёси
ҷаҳон барои як нафар 700 метри мукааб аст. Дар Осиёи Марказӣ бештар аз 90 фоизи об барои обёрӣ истифода мегардад, дар айни замон коэффициенти муфиди фаъолияти  шабакаҳои ирригатсионӣ ҳамагӣ
ба 50 фоиз баробар буда, қисмати боқимондаашро талафоти  ғайриистеҳсолии об ташкил медиҳад.

Бинобар ин,  истифодаи  технологияҳои навтарини обёр
ӣ ва  усулҳои замонавии  он, инчунин  парвариши  навъҳои нави тухмӣ, ки барои оқилона истифода намудани об шароит муҳайё менамоянд, ба андешаи ман, вазифаи  муҳимтарини сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ, бахши хусусӣ ва  муассисаҳои таҳқиқоти илмӣ
мебошад.

Ба маълумоти шумо мерасонам, ки баъди пош х
ӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

10.1214:40На юге Таджикистана на АЗС произошел мощный взрыв
10.1213:03Лавров обратился к оператору Reuters по-английски. А затем назвал его дебилом
10.1210:06На юг с пустыми карманами: из-за кризиса мигранты покидают Россию и возвращаются домой
10.1209:50"Заблокированный" год
10.1209:42Президент снял с должностей глав ряда районов Хатлонской области


Самое обсуждаемое

09.1214:20«Барки точик» сообщил о смягчении энерголимита по стране(6)
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию(3)
09.1221:00Немцы сочли мигрантов главной проблемой(2)
09.1213:17Именной пистолет от Виктора Януковича президентам СНГ(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00