Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

17.01.200114:12

Тағйирёбии иқлим ва ҳодисаҳои табиии вобаста ба об

Душанбе, 27 июн. (АМИТ «Ховар», МарзияСаидова).-Дардоираибаргузорииконфронсибайналмилалӣоидбакоҳишиофатҳоитабииимарбутбаоб, 27 июнҷаласаинахустиниумумииконфронстаҳтиунвони«Тағйирёбиииқлимваҳодисаҳоитабииивобастабаоб» таҳтираёсатиСарвазириҷумҳурӣОқилОқиловбаргузоргардид.

СарвазиримамлакатроҷеъбаиқдомҳоинаҷибироҳбариятваҲукуматиҶумҳурииТоҷикистондармавридикоҳишиофатҳоитабииивобастабаобиброзиназаркард. Мавсуф баргузории ин чорабинии муҳими байналмилалиро дар Душанбе ҷиҳати тақвияти ҳамгироии мутақобилан судманди давлатҳо бобати коҳиши офатҳои табиии вобаста ба об муҳим арзёбӣ намуд.

Ҳамчунин, дар ҷаласаи нахустини конфронс намояндагони давлатҳои Амрико, Олмон,Арманистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва коршиносони созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо, ФондиОлмон оид ба ҳамкориҳои техникӣ, Созмони байналмилалии обуҳавошиносӣдоир ба тағирёбии иқлим ва тағйирпазирии захираҳои обӣ, таъсири иқтисодию иҷтимоии он ба ҷомеаи башарӣ, таъсири тағйирёбии иқлим ба об, обшавии пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ, омилҳои пешгирии тағйирёбии иқлим,коҳиши офатҳо ва мақсади «Рушди Ҳазорсола» табодули назар карданд.

Зикр шуд, ки сол то сол иқлими сайёра тағйир ёфта, дар бархе аз минтақаҳои ҷаҳон гармшавии глобалӣ мушоҳида мегардад, ки он боиси обшавии пиряхҳо ва ба амал омадани офатҳои табиии марбут ба об, аз қабили тӯфону обхезиҳои шадид, хушкшавии заминҳо гардида, даҳҳо ҳазор одамон ҳалок шуда, ба иқтисодиёти давлатҳо зарари калони иқтисодӣ ворид месозад. Тибқи нишондодҳои оморӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна200 миллион нафар мардуми сайёра аз офатҳои табиӣ зарар мебинанд. Аз ин рӯ, иштирокчиёни ҷаласа тақвияти ҳамкории давлатҳою созмонҳои байналмилалиро дар масъалаи ҳамгироӣ, ҳамоҳангӣ ва идораи офатҳои табиии марбут ба об ва таҳкими потентсиалисозмонҳои миллӣ ва минтақавиро дар мабориза бо офатҳои табиии вобаста ба об баён дошта,андешидани чораҳои заруриро дар ин самт ироа намуданд.

Конфронси байналмилалии оид ба коҳиши офатҳои табиии вобаста ба об дар доираи Даҳсолаи байналмилалииамалиёти «Об барои ҳаёт» гузаронида шуда, дар он намояндагони 35 давлати ҷаҳон ва 38 созмони байналмилалӣ иштирок доранд. Ҷараёни баргузории конфронсро 150 нафар хабарнигорони ватанию хориҷӣ инъикос менамоянд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

04.1215:34Узбекистан выбрал нового президента
04.1215:01День рождения Пророка: без помпезности и угощений
04.1212:14Жизнь в гараже. ВИДЕО
03.1216:40Душанбинских пекарей отправили в вынужденный отпуск
03.1215:16Ансори: Смертный приговор Бобака Занджани не отменен


Самое обсуждаемое

01.1214:11Атамбаев о ЕАЭС: вступаем в братский союз и встречаем старшего брата, который нам ножки подставляет(7)
02.1210:57Лидер Компартии Таджикистана верит председателю Нацбанка, но стоит в очереди за своим депозитом(3)
01.1209:43На реализацию новой Национальной стратегии развития Таджикистана необходимы $118,1 млрд.(3)
03.1210:32Когда у НПЗ "финансы поют романсы"...(1)
03.1209:12Эмомали Рахмону построят новые резиденции(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0080093