Душанбе, 27 июн. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 27 июн дар Рӯзи ваҳдати миллӣ толори тарабхонаи «Роҳат»-и пойтахт шукӯҳи хосса дошт. Дар ин ҷо ба 17 ҷуфт арӯсу домод, ки 24 июн дар рӯзи ифтитоҳи Қасри ҷавонони пойтахт Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ботантана шаҳодатномаи ақди никоҳ супорида буд, тӯҳфаҳо- гулдаста ва телевизор тақдим гардид.
Тӯҳфаҳоро аз номи Президенти мамлакат ба арӯсу домодҳо масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар маросими ботантана супориданд.
Арӯсу домодҳоро муовини Раиси шаҳри Душанбе Сановбар Раҳимова ва дигар масъулини пойтахт табрик намуда, ба онҳо тандурустию сарбаландӣ, ҳамдигарфаҳмӣва саодати рӯзгорро таманно карданд.
Дар ин рӯзи саид барои арӯсу домодҳо дастархони идона ороста шуда, ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣҲасани Ҳайдар ва Ноҳиди Зайналпур бо таронаю оҳангҳои дилошӯб ба рӯҳияи идонаи навхонадорон суруру нишоти тоза бахшиданд.