Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

18.01.200114:12

Обро муқаддас дорем ва нагузорем, ки боиси сар задании офатҳои табиӣ шавад

Душанбе, 28 июн. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Конфронси байналмилалии коҳиши офатҳои табиии марбут ба об, ки имрӯзҳо дар Душанбе идома дорад, дар ҳалли масъалаҳои мубрами кам кардани офатҳои табиии вобаста ба оби на танҳо минтақа, балки ҷаҳон нақши муассир хоҳад гузошт».Чунин гуфт дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар»раиси равобити байналмилалӣ дар идораиомодагӣ мубориза ба ҳаводиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, инженер Ҳабибуллои Ҳабиб, ки ба ҳайси намояндаи Афғонистон дар ин конфронс иштирок дорад.

Ӯ гуфт, ки масъалаҳоидар конфронс баррасишуда, масъалаҳои муҳиманд ваҷиҳати роҳи ҳалли онҳо андешидани тадбирҳои самарабахш дар сатҳи давлатҳо зарур аст. Хусусан офатҳои табиии марбут ба об, ки солҳои охир ба иқтисодиётидавлатҳои ҷаҳон ҳисороти калон ворид месозад.

Мавсуф афзуд, ки пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар конфронс пешниҳодҳои муҳим ва саривақтӣ мебошанд. Хусусан пешниҳоди ташкили консортсиуми байналмилалӣ вобаста ба проблемаи кӯли Сарез ва таҳкими ҳамкориҳоисамарабахши давлатҳои минтақа дар масъалаи коҳиши офатҳои табиии марбут ба об.Ҳамзамон Ҳабибуллои Ҳабиб зикр кард, ки об сарчашмаи ҳаёт ва ободониства дар китобҳои муқаддаси осмонӣ- Қуръони Карим, Инҷил, Таврот инъикос ёфтааст. Ва инсонҳо бояд онро муқаддас донанд, ҳифз намоянд, оқилонаю самаранок истифода карда, нагузоранд, ки боиси ба амал омадани офатҳои табиӣ гардад.

Ҳ. Ҳабиб мегӯяд, ки ман бори аввал ба Тоҷикистон омадам ва Тоҷикистонро дар ҳоли рушду устуворӣ дидам. Баргузории чунин чорабинии муҳим – Конфронси байналмилалӣ оид ба коҳиши офатҳои табиии марбут ба об худ шаҳодати саъю талоши Тоҷикистон дар роҳи ҳалли масъалаи муҳими на танҳо минтақавӣ балки глобалист.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

22.0415:07Незабываемая поездка на «Таджикистане»
22.0414:19Присвоил $115 тыс: сотрудник "Имон интернешнл" подозревается в мошенничестве
22.0410:10Фантастический город – Душанбе
22.0408:18Известия: Таджикистан противится присоединению Ирана к ШОС
22.0407:24Верховный суд Таджикистана приговорил убийцу родителей к 22 годам лишения свободы


Самое обсуждаемое

21.0413:45Узбекский сюрприз(2)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.8906951