Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

02.01.200115:12

Қонуни интихоботи парлумони кишвар ба тағйирот ниёз дорад

Душанбе, 12 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-12 июн дар Душанбе мулоқоти нахустини гурӯҳи корӣ, ки барои муҳокимаи лоиҳаи нави Бунёди байналмилалии системаҳои интихоботӣ /IFES/ «Расонидани кӯмаки касбӣ барои баргузор ва ислоҳотиинтихобот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» созмон дода шудааст, баргузор гардид.

Ба ин гурӯҳи корӣ, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар», кормандони масъулиДастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, парлумон, Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ, намояндагони аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои байналмилалию ҷамъиятӣ ва коршиносоншомиланд.

Дар мулоқот гурӯҳи корӣроҷеъ ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ибрози назар намуданд.

Назар ба итттилоъи роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ Муҳибулло Додоҷонов, мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни конститутсионӣ рушди демократикунонии ҷомеаи Тоҷикистон , баргузор намудани интихоботи озоду шаффоф аст. Ва бо мурури гузашти вақт қонуни мазкур ба тағйирот ниёз дорад. Дар назар аст, киба қонунуни мазкур 11 тағйирот пешниҳод карда мешавад. Инчунин намояндагони гурӯҳи корӣ зикр карданд, ки қонун ба тағйироти забонию имлоӣ низ зарурат дорад.

Коршиноси IFESоид ба ҳуқуқи интихобот Тигран Карапетян гуфт, ки гурӯҳи корӣ дар давоми як моҳпешниҳодоти аҳзоби сиёсӣ, созмонҳоиманфиатдорро барои ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гирд оварда, лоиҳаи нави ин қонунро аз номи ҷомеаи Тоҷикистон ба парлумон ироа менамоянд.

Дар назар аст, ки лоиҳаи таҳиянамудаи ин гурӯҳи корӣ баъди ба охир расиданитаътиливакилони Маҷлиси намояндагон ба парлумон пешниҳод карда мешавад.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

21.0816:38Татьяну Хужину приговорили к штрафу за контрабанду старинной монеты. ВИДЕО(1)
21.0814:34В Москве мигранту-дворнику за обычное замечание чуть не оторвали ухо
21.0814:13В Узбекистане составили портрет мигранта
21.0813:28«Опель» или «Равон»? На таджикский рынок заходит Узбекистан...
21.0813:21На севере Таджикистана до смерти забили мужчину


Самое обсуждаемое

19.0809:43МИД России: "Надеемся на снисхождение суда к Татьяне Хужиной". ВИДЕО(3)
21.0810:35Антикоррупционное ведомство просит назвать имена коррупционеров(1)
21.0808:06В Душанбе созывается 12-я сессия верхней палаты парламента Таджикистана(1)
21.0816:38Татьяну Хужину приговорили к штрафу за контрабанду старинной монеты. ВИДЕО(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0781327