Душанбе, 12 июн. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Дар рафти чорабинии фаврӣ - ҷустуҷӯӣ кормандони Гурӯҳи фаврии дар минтақаи Кӯлоббудаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои сарҳадӣ ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон - сокини деҳаи Даштиҷуми ноҳияи Шӯрообод Маҳмадҷони Меҳроҷи 16-сола ва сокини деҳаи Шоуни Болои ин ноҳия Қадамшои Мирзосафари 12-соларо аз асорати нашъаҷаллобони афғон озод намуданд.
Аз Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки номбурдагон 4 апрели соли 2008 дар ҳудуди ноҳияи Шӯрообод аз тарафи гурӯҳи мусаллаҳи нашъаҷаллобони афғон зери сарварии Тоир, бо тахаллуси «кур» ва Салом, бо тахаллуси «сурх» гаравгон гирифта шуда, ба қаламрави Афғонистон гузаронида шуда буданд.
Боиси нигаронӣ аст, ки дар ҳодисаҳои гаравгонгирӣ аз тарафи нашъаҷаллобон кӯдакону наврасони бегуноҳи тоҷик бештаран қурбони амалҳои зишт ва ҷинояткоронаи хешу табори худ мешаванд. Ин навбат маҳз бо сабаби аз қочоқчиён бар ивази маводи мухаддир қарздор будани шаҳрвандон Абдураҳмон Ҳотамов ва Сироҷ Раҳимов ҷиянҳои онҳо Маҳмадҷони Меҳроҷ ва Қадамшои Мирзосафар муддати 2 моҳ дар асорати нашъаҷаллобони афғон қарор доштанд.
Оид ба ин ҳодиса аз тарафи кормандони Гурӯҳи фаврии дар минтақаи Кӯлоббудаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ тафтиш идома дорад.