Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

02.01.200116:12

Сардори нозироти андози шаҳри Исфара барои рӯйпуш намудани андоз дастгир гардид

Душанбе, 12 июн.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Сардори нозироти андози шаҳри Исфара Абдуқодир Қаландаров дар лаҳзаи азхудкунии 50 ҳазор сомонӣ аз фурӯши 73 ҳазору 995 қуттиҳои сигори тамғаи «PINЕ» дастгир гардид.

Ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврӣ-тафтишотӣ муайян шуд, ки Абдуқодир Қаландаров ҳангоми дар вазифаи Сардори нозироти андози шаҳри Хуҷанд кор карданаш бо дастгирии хешу табор (хушдоманаш А. Ҷӯраева директори ҶММ «Нури Ахтарон» ва завҷааш Муаттара Ҷӯраева ҷонишини директори ин корхона) ба соҳибкорӣ машғул шуда, бо роҳи сохтакорӣ ба нозироти андоз ва дигар корхонаҳо ҳуҷҷат пешниҳод намудааст.

Номбурда барои рӯйпӯш намудани ҷиноятҳои содиркардааш, дар асоси имзоҳои сохта бо тартиб ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда эъломияи қалбакии андозро ба маблағи 1 миллиону 115 ҳазору 334 сомонӣ пешниҳод намудааст. Инчунин дар давраи солҳои 2004-2007 аз пардохти андоз саркашӣ намуда ба буҷаи давлат маблағи 2 миллиону 191 ҳазору 230 сомониро насупоридааст.

А. Қаландаров бо мақсади аз ҷавобгарии ҷиноӣ дар канор мондан ва ҷиноятҳои содирнамудаи худро пинҳон кардан моҳҳои феврал - марти соли 2007 ва моҳи апрели соли ҷорӣ, аз номи директори ҶММ «Нури ахтарон» эъломаҳои андози арзиши иловаи қалбакиро оид ба қарздор будани ҷамъияти мазкур ба маблағи 1 миллиону 115 ҳазору 334 сомонӣ ҳуҷҷатҳои қалбакӣ тартиб дода, дар ин эъломияҳо имзоҳои О. Ҷӯраеваро сохтакорӣ намуда, онҳоро ба нозироти андози шаҳри Исфара пешниҳод кардааст.

Аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Абдуқодир Қаландаров тибқи моддаҳои 340, 292 ва 318-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста мешавад. Нисбат ба ӯ аз тарафи Раёсати Агентии мазкур дар вилояти Суғд парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс татбиқ карда шуда, тафтиш идома дорад.

Источник: ИА "ХОВАР"
3.5
- всего оценок (16)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

18.0120:22«На сей раз обошлось…» или в Таджикистане все-таки грядут кадровые перемены?
18.0117:00Таджикистанцев не устраивает ни скорость интернета, ни его стоимость
18.0116:00Самая «доходная» столица в Центральной Азии
18.0115:59Чем пахнет мечта Эрдогана. Турция решила начать самую грандиозную стройку в своей истории
18.0115:31Узбекистан вновь предоставил скидки Таджикистану на транзит железнодорожных грузов


Самое обсуждаемое

16.0113:34Лавров призвал США не злоупотреблять партнерством со странами Центральной Азии(4)
17.0111:25"Алло, я звоню вам из Кундуза". Как афганские женихи находят невест в Таджикистане(2)



(C) 2001-2018 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156346