Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

20.01.200116:12

Комиссияҳои депутатӣ аз омодагии пойтахт ба зимистони дар пеш истода гузориш доданд

Душанбе, 30 июн. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Масъалаи омодагии пойтахт ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2008-2009 дар маркази таваҷҷӯҳи иштирокчиёни ҷаласаи шаҳрдорӣ қарор дошт, ки 30 июн дарҳузури Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовини аввали Раиси шаҳр Абдусаттор Сулаймонов ва раиси комиссияи депутатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Абдулло Ҳабибов доир ба ҳолати санҷиши корҳои омодагӣ дар ноҳияҳо ва тамоми субъектҳои хоҷагидории пойтахт гузориш доданд. Зикр шуд, ки на ҳамаи талаботи Қарори дахлдори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 17 апрели соли 2008 ба пуррагӣ иҷро шудаанд. Таъкид шуд, ки то ба имрӯз, фурсат барои корҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон кифоя аст.

Муқаррар гардид, ки комиссияҳои депутатӣ бо иштирок ва ҷалби мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагидорӣ ва воситаҳоии ахбори омма аз 1 июл ба кор шурӯъ намуда, ҳисоботи раисони ноҳияҳо 17 июл дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ки рӯзномаи он маҳз ба баррасии ин масъала бахшида мешавад, шунида хоҳад шуд.

Зикр гардид, ки корҳои анҷомдодаи омодагии сохторҳои шаҳрии ШСХК «Барқи Тоҷик» дар асоси мувофиқа вадархости шаҳрдорӣ аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишварсанҷиш гузаронида хоҳад шуд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

30.0414:35Впервые таджикистанцы не будут отдыхать в Первомай
30.0412:51В Таджикистане наблюдаются огромные очереди в последний день перерегистрации сим-карт
30.0410:53"Образцовый имам должен отправить сына в армию, а дочь - в университет"(1)
29.0415:53Миссия: выжить на пенсию в 257 сомони. ВИДЕО
29.0412:23В армию - со школьной скамьи. На юге Таджикистана под "облаву" попал учитель


Самое обсуждаемое

30.0410:53"Образцовый имам должен отправить сына в армию, а дочь - в университет"(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.1406393