Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

20.01.200116:12

Муовини сардори ШКД-и ноҳияи Мӯъминобод бо пора дастгир гардид

Душанбе, 30 июн. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Муовини сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон Раҳмоналӣ Холов барои тамаъҷӯӣ намудани пора, аз шаҳрванд Аскар Баҳромов, дастгир гардид.

Маълум гардид, ки Раҳмоналӣ Холов барои аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод намудани фарзандони шаҳрванд А. Баҳромов - Орифҷон ва Баҳодур Баҳромовҳо маблағи 1200 доллари ИМА-ро ба сифати пора тамаҷӯӣ намудааст.

Ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврӣ-тафтишотии кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ маълум гардид, ки Р. Холов моҳи июни соли ҷорӣ дар яке аз утоқҳои хӯрокхӯрии ошхонаи «Дарё»-и пойтахт бо А. Баҳромов мулоқот карда аз ӯ 1200 доллари ИМА мегирад ва барои нигоҳдорӣ ба шарики худ З. Исломов медиҳад.

Баъди гирифтани ин маблағ муовини сардори ШКД-и ноҳияи Мӯъминобод Раҳмоналӣ Холов ҳамроҳи З. Исломов дар ҷойи ҳодиса дастгир гардида, маблағи мазкурро кормандони Агентӣ ҳамчун далели шайъӣ аз кисаи рости шими З. Исломов меёбанд.

Аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки нисбат ба Раҳмоналӣ Холов ва З. Исломов тибқи моддаи 319, қисми 4, бандҳои «б» ва «в»-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз гардида, аз тарафи Раёсати тафтишотии Агентӣ чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс татбиқ карда шуда, тафтиш идома дорад.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

08.1218:30Ностальгия по СССР. Таджикистанцы тоскуют по "потерянному раю"
08.1217:44Интересные факты о Таджикистане
08.1216:25“Мамочка, я очень-очень люблю тебя!”
08.1215:43Таджикская принцесса оправдалась за свадебное платье в 40 миллионов рублей
08.1215:15Президент Узбекистана предложил сделать должность глав администраций выборной


Самое обсуждаемое

07.1207:59Власти Таджикистана планируют в два раза сократить уровень бедности(6)
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию(2)
08.1215:2825 лет без СССР(1)
08.1214:51В министерстве культуры обсужден вопрос о переносе памятника Абуали Сино(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00