Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

22.01.200111:12

Аз 300 то ба 1000 000 нусха китоб

         Душанбе, 2 июл. (АМИТ «Ховар», Бурҳониддин Каримзода).- Ба наздикӣ таълимгоҳи бузурги олии мамлакат – Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон 60 сола мешавад. Китобхонаи илмии Донишгоҳ низ ҳамсоли таълимгоҳ аст ва дар таълиму тарбияи донишҷӯён, тарѓиби донишу илмомӯзӣ саҳми босазо дорад. Дарин робита хабарнигори АМИТ «Ховар» бо директори китобхона Рустам Ёрбобоев мусоҳиб шуд.

-Нахуст мехостам дар бораи таърихи ин махзани дониш каме маълумот диҳед

Баъди таъсиси донишгоҳ (университет) пешрафти минбаъдаи он бе китобу китобхона албатта мушкил буд. Бинобар ин роҳбарияти он соли 1948 нахуст ба ташкили китобхона шурӯъ карданд. Дар ташкил ва рушди минбаъдаикитобхонасаҳмиустодони нахустини донишгоҳ, пеш аз ҳама аввалин ректори он академик Зариф Раҷабов хелебузург аст. Директори аввалиникитобхона ОрловаТамараАлексеевна буд ва тайи солҳои1948-1950 сарварии махзани донишро бар ӯҳда дошт. Моҳи сентябри соли 1948 аввалин275 нафар хонанда ба китобхонаномнависшуданд вазахираи он иборат аз 200 нусха китоб буд. Баъд аз як сол нахустин толори хониш ба фаъолият шурӯъ кард, ки дорои 40 ҷои нишаст буд.

РоҳбариятиДонишгоҳ бароипурра кардани фонди китобхона ва хубтар намудани шароити хонандагон кӯшишизиёдеменамуданд васолҳои1948-1950 аз Донишгоҳи давлатии Тошканд, Донишгоҳидавлатии Маскав ба номи М.Лoмоносов, донишгоҳҳои ҚазонваҚазоқистон китобҳои таълимӣ ваилмӣ ба китобхона ворид шуданд. Соли 1950 миқдорикитобҳо ба 30 ҳазор нусха расид.

Солҳои 1950 - 1951 сарварии китобхонаро Франчук СеменПетрович ва аз соли 1951 то соли 1953хатмкунандаи факултети китобдории донишкадаишаҳриМосква Глинкина Валентина Ивановна барӯҳдадоштанд.

Соли 1952 пешниҳодираёсатиДонишгоҳро дарбораипурра гардонидани хазина баназаргирифта,Вазорати таҳсилоти олӣ ва миёнаимахсуси СССР бо қарорихуд, бароихаридани китоб аз маркази китобфурӯшии шаҳри Москав иҷозатдод.Ин қарор ба минбаъд хеле афзудани миқдорикитобикитобхонамусоидат кард. Онимкондод, ки соли 1960 теъдоди китобҳо ба 200 ҳазор нусха расонидашавад.

Богузаштисолҳопояимоддӣ – техникии китобхона низмустаҳкам мегардид васафикормандонисоҳибмаълумотмеафзуд. Роҳбарони минбаъдаикитобхона БукрееваЭммаПетровнасолҳои 1953 то соли 1957 ваазсоли 1957тосоли 1972 БектемировФаррих Усмонович бароиривоҷу равнақи минбаъдаи китобхона кӯшишу ѓайратизиёденамуданд.

Бомақсади ҷалбибештарихонандагон ва ба онҳоназдик вадастраснамуданикитобҳоизарурӣ,соли 1963 дарназди факултети таъриху филологияи Донишгоҳ шӯъбаи китобхона ташкил карда, дар он адабиёти таълимӣ, ҳамчунин дастхатҳои нодир гирд оварда шуданд. Баъдтардарзаминаиин шӯъбаи китобхонакабинети ба номи А. Ҷомӣ таъсисдода шуд.

Бо гузаштиайём китобхонаидонишгоҳ баяке аз бузургтарин махзани илму маърифти ҷумҳурӣмубаддалгардид ва 22 декабрисоли 1978 бо фармони рақами 1175-и Вазорати таҳсилоти oлӣ ва миёнаи махсусиИттиҳоди Шӯравӣба ҳайати китобхонаи Донишгоҳ кабинети байнидонишгоҳии илмӣ – методии Вазоратимаорифи Тоҷикистонҳамроҳ карда шуда, бар дӯши китобхонаи Донишгоҳ роҳбарии илмӣ - методии ҳамаи китобхонаҳои мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси Тоҷикистон вогузор гардид. Аз он сол эътиборан, китобхонаи Донишгоҳ,расман мақоми китобхонаи илмиро гирифт.

- Албатта фаъолияти Донишгоҳ сол ба сол васеъ мегардид ва он ҳамзамон афзоишу рушди кори муассисоти ёрирасон, бахусус китобхонаро тақозо мекард?

Бале, дар китобхона низ теъдоди адабиётва шумораи хонандагон мунтазам меафзуд. Солҳои 70-80-ум бисёр факултетҳои Донишгоҳ барои кушодани шӯъбаҳои китобхона дар биноҳои таълимии худ ҷойҳои махсус ҷудо намуданд ва миқдори зарурии китобҳо ба он ҷо интиқол дода шуд.

Дар китобхонаи илмии Донишгоҳ дарбаробари китоб, рӯзномаю маҷалла, инчунин рисолаҳои номзадӣ ва доктории олимоне, ки дар шӯроҳои илмии назди донишгоҳ дифоъ шуданд, мaҳфузанд. Илова ба ин, дар ин ҷо авторефератҳои на танҳоолимони тоҷик, балки бисёр олимони собиқ ҶумҳуриҳоиШӯравиропайдо кардан мумкин аст.

Табодули байналмилалии китоб, ки аз соли 1989 оѓоз гардид, бароикитобхона шароитинавидастраснамудани китобродод. Он имконияти китобхонаро васеъ намуда, барои густариши равобити зарурӣ бо китобхонаҳои бузурги давлатҳои хориҷӣ шароит фароҳам овард.

-Ба мушоҳидаи мо тайи солҳои Истиқлолияти Тоҷикистон китобхонаи илмии донишгоҳ рушду нумӯъ ёфт, ҳамин тавр?

Дуруст аст. Соли 1990 баъди ба истифода додани биноҳои нави таълимии Донишгоҳдаршаҳраки донишҷӯён, барои китобхона низ бинои замонавии 2 ошёна ҷудо гардид. Ҳамаи адабиёти илмию-таълимӣ барои устодону донишҷӯёни факултетҳои гуманитарӣ ба бинои нав кӯчонда шуданд. Аз моҳи декабри соли 2007 дар биноиасосии Донишгоҳ толори хониши электронӣ барои хонандагон пешниҳодгардид.

Дар китобхонабарои ҷамъоварии китобҳо ва маводи чопӣ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, форсӣ, арабӣ, урду, пашту, узбекӣ ва дигарзабонҳои халқҳои ҷаҳон аҳамияти махсус дода мешавад. Имрӯз фонди китобиикитобхонаи донишгоҳ қариб як миллион нусха адабиёти илмӣ, таълимӣ, бадеӣ ва ѓайраро дар бар гирифта, беш аз14500 хонанда дорад.

Ба сохтори китобхона шӯъбаҳои зерин шомиланд: таъминот бокитобҳои нав; табодули китоб ваматбуоти даврӣ; коркарди илмию техникии китобҳо; технологияҳои муосир; нигаҳдории китоб бо қисмҳои депозитарӣ ва китобҳои нодир; хизматрасонӣ бо қисмиадабиёти илмӣ вабадеӣ, шӯъбаи адабиёти таълимӣ бо 4 бахш дарбиноҳоитаълимӣва инчунин 2 толори хониш, шӯъбаи маълумотдиҳию библиографӣ, шӯъбаи методӣ, абонементи факултетҳоигуманитарӣ, толори хониши электронӣ бо 21 компютер ва 30 ҳазор нусха китоби электронӣ.

Имрӯз китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ду захирагоҳи бузурги китоб ватолори хонишро дар ихтиёри хонандагон гузоштааст.Ҳамаи шӯъбаҳои китобхона байни худ зич алоқаманд буда, дарфаъолияти рӯзмарраи китобхона cаҳми арзандадоранд.

Бароихонандагони китобхона ду намуди феҳристҳотаъсис дода шудааст: алифбоӣ ва мураттабӣ. Бароикормандони китобхона инчунинфеҳристи хизматӣ ташкил карда шудааст. Феҳристнигорӣ низ азқисматҳои асосии кори китобхона аст, аз ин рӯ кормандони ин шӯъба фаъолияти рӯзмарраи худро барои таҳрир ва дохил намуданиномгуи адабиёти нав равона кардаанд.

-Албатта дар чунин аёми таѓйиротҳои куллӣ, дигаргуншавии муносибатҳои ҷамъиятӣ, барои рақобат кардан дар фазои бузурги иттилоотӣ тарзу усулҳои навро ҷорӣ кардан зарур аст. Дар ин самт чӣ корҳоро анҷом додед?

Ҷорӣ намудани технологияҳои нави замонавӣ дар маркази диққати роҳбарияти Донишгоҳ вакитобхонаи илмӣ қарор дорад. Ба шарофатикомпютерҳо вабарномаи компютерии махсуси автоматикунонии ҷараёни кори китобхона-«Ирбис», ки бо дастгирии молиявии фонди Сорос дастраси китобхонагардидааст,кормандоникитобхонаиДонишгоҳсоли 2003 дарбайникитобхонаҳоимактабҳоиолии ҷумҳурӣ аввалиншуда ташкили феҳристи электронирооѓоз намуданд.

Бароихонандагоникитобхона феҳристи махсуси электронии рисолаҳои докторию номзадӣ ва инчунин авторефератҳои дар ин махзани илмумаърифатҳифз шаванда ташкил гардид, ки ба он номгӯи 1351 рисолаҳои докторию номзадӣ ва 2121 авторефератсабтгардидааст.

Умуман дарзарфи солҳои2003-2008 бафеҳристиэлектронии китобхонаномгӯи rариб 23000 нусха маводи чопие, кидар китобхонаи илмиидонишгоҳҳифзмешавандсабт гардидааст.

Китобхона барои тарѓиб ва ташвиқи китоб намоишҳои адабиёти нав,вохӯрӣ бо хонандагон, конфронсҳо, баҳсу мунозираҳо ва ѓайраро ташкил медиҳад.

Китобхонаи Донишгоҳ дар таъсисёбииҳамаи китобхонаҳои донишкада ва донишгоҳҳои навбунёди Тоҷикистон кӯмак расондааст. Масалан, китобхонаҳои донишгоҳҳоиш. Хоруѓ ва ш. Қӯрѓонтеппа, Донишкадаи coҳибкорӣ ва хизмат, Донишкадаи муҳандисӣ-ҳарбии Тоҷикистон аз он ҷумлаанд. Китобхонаҳои Донишгоҳи давлатии шаҳри Кобул, донишгоҳҳои ш. Хуҷанд ва ш. Кӯлоб, донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ низ аз китобхонаи илмии донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонадабиёти заруриро борҳодастрас намудаанд.

Имрӯз китобхонаи илмии донишгоҳ яке аз бузургтарин китобхонаҳои Тоҷикистонаст. Барои дастовардҳои бузург, дар ташкили кори китобдорӣ ватарѓибу ташвиқи китоб, китобхонаи илмии донишгоҳ чанд маротиба бо диплом ва тақдирномаҳо сарфароз гардидааст. Бо фармонивазирифарҳанги ҶТ таҳти рақами 132, аз 16 октябри соли 1992 китобхонаи илмииДонишгоҳ ба қатори 5 китобхонаи пешоҳангиҷумҳуриявӣ, ки аҳамиятимахсуси ҷамъиятӣдоранд,шомил гардидааст.

Соли 2000 китобхона ба Ассамблеяи китобхонаҳои Аврупою Осиё васоли 2006 бааъзогии Ассотсиатсияи байналмилалии ташкилдиҳандагон ва истифодабарандагони китобхонаҳои электронӣ ва технологияҳои нави иттилоотӣқабулгардид.

Боташаббуси кормандони китобхонаи илмии ДДМТ соли 2003 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалинАссотсиатсияикитобхонаҳои мактабҳои олии ҷумҳурӣташкил ёфт, ки ҳоло ба он 21 китобхонаи мадориси oлӣ, китобхонаҳои вилоятӣва шаҳриюноҳиявй шомиланд.

Комёбиҳоибадаст овардаи китобхона ба туфайли меҳнати пурсамари кормандони он, ки дар ин ҷо солиёни дарозкормекунанд ба даст омадааст. Дар қатори онҳо Нересова З.Н.- мудири шӯъбаи хизматрасонӣ, Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон, ки дар китобхона 48 сол, Митсура В.Я.- мудири шӯъбаи нигаҳдории китоб, ки бештар аз 43 сол,Криворучко Т.Д. - мудиришӯъбаитаъминот бо китобҳои нав беш аз 34 сол, Бурҳонова Е.И.- мудиришӯъбаи маълумотдиҳиюбиблиографӣ беш аз 36 сол боз фаъолият доранддар байни кормандонвахонандагони китобхонаобрӯю эътибори зиёде касб намудаанд.

Кормандони китобхонаи илмии донишгоҳ имрӯз низпурсамар коркарда,барои ба китобхонаизамонавӣ табдилдоданиин маркази илму маърифат ҳамаидонишу малакаи худроравона мекунанд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

04.1215:34Узбекистан выбрал нового президента
04.1215:01День рождения Пророка: без помпезности и угощений
04.1212:14Жизнь в гараже. ВИДЕО
03.1216:40Душанбинских пекарей отправили в вынужденный отпуск
03.1215:16Ансори: Смертный приговор Бобака Занджани не отменен


Самое обсуждаемое

01.1214:11Атамбаев о ЕАЭС: вступаем в братский союз и встречаем старшего брата, который нам ножки подставляет(7)
02.1210:57Лидер Компартии Таджикистана верит председателю Нацбанка, но стоит в очереди за своим депозитом(3)
01.1209:43На реализацию новой Национальной стратегии развития Таджикистана необходимы $118,1 млрд.(3)
03.1210:32Когда у НПЗ "финансы поют романсы"...(1)
03.1209:12Эмомали Рахмону построят новые резиденции(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156251