Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

22.01.200111:12

Баррасии масъалаи тайёрӣ ба зимистон

Душанбе, 2 июл. (АМИТ «Ховар», Покиза Махмадбекова). - Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣҒуломҷон Бобозода дирӯз зимни мулоқот бо намояндаи минтақавии муассисаи Созмони Миллали Муттаҳид Кори Удовички дар бораи ҳамкории Ҳукумати Тоҷикистон бо ин созмони бонуфуз, оқибатҳои зимистони сард ва бӯҳрони энергетикӣ, татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола сухан ронд. Аз ҷумла таъкид гардид, кизимистони сарди гузашта ба тамоми соҳаҳои иқтисоди кишвар зарари ҷиддӣ расонид. Комиссияи махсуси ҳукуматӣ барои бартараф сохтани оқибатҳои ҳавои номусоид тадбирҳои амалӣ меандешад.

Ҳукумати ҷумҳурӣ моҳи майи соли равон дар бораи сари вақт тайёр намудани ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2008 - 2009 қарор қабул кард. Оид ба масъалаи мазкур нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуд, ки он аз 64 банд иборат аст.Корҳои муқаддамотӣ дар таъмириМарказҳои барқу гармидиҳии Душанбе ва Ёвон, таъмири нерӯгоҳҳои барқи обии Варзоб, баҳрабардоӣ аз агрегати дуюми нерўгоҳи барқии обии «Сангтӯда-1», зиёд намудани воридоти гази фишурда, ду баробар зиёд намудани фурӯши ангишт аз ҷумлаи супоришҳои иҷрошуда ба ҳисоб мераванд.

Барои бартараф сохтани оқибатҳои бӯҳрони мазкур бо даъвати Созмони Миллали Муттахид бештар аз 20 кишвари ҷаҳон ба Тоҷикистон ба маблағи 12,1 миллион доллари амрикоӣ кӯмаки башардӯстона расониданд. Арабистони Саудӣ, Россия, Амрико, Эрон,Озарбойҷон, Қазоқистон аз ҷумлаи чунин кишварҳоянд.

Намояндаи муассисаи рушди СММ ёдовар шуд, ки дар вақташ дар Сербия вазири энергетика буд ва дар он ҷо нархи қувваи барқро боло бурда, таҷҳизоти навро насб карда,талафотро кам намуданд. Ин имконият дод, ки Сербия дар муддати кӯтоҳ бӯҳрони энергетикиро бартараф созад.

Мусоҳибон изҳор доштанд, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ иҷрои чанд лоиҳа бо мусоидати Бонки Ҷаҳонӣ идома дорад. Дар оянда гузаронидани ислоҳоти соҳаи энергетика ва бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин кардани иншооти энергетикӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими рӯз аст.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

21.0410:09Авиацию помирим, мигрантам поможем: итоги переговоров Шувалова и Расулзода
21.0410:01Армия Таджикистана поднялась на 16 позиций в мировом рейтинге военной мощи
21.0409:31Четыре человека задержаны сотрудниками милиции по подозрению в крупном мошенничестве
20.0414:52УГАИ МВД Таджикистана просит водителей соблюдать правила в Узбекистане
20.0413:22Порядок выдачи шенгенской визы в Таджикистане изменили


Самое обсуждаемое

No news



(C) 2001-2018 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312548