Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

22.01.200116:12

Баррасии соҳаи тандурустии кишварҳои узви СҲШ

Душанбе, 2 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр) – 25-27 июн дар пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин – шаҳри Пекин нақшаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ гардид. Дар он муовини вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибназар Раҳмонов иштирок намуда, соҳаи тандурустии кишварро дар назди шахсони баландмақоми давлатҳои аъзои СҲШ муаррифӣ кард.

Дар Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа, ки таҳти роҳбарии намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, як қатор масъалаҳо, бахусус нақшаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи давлатҳои аъзои созмон дар соҳаи тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамзамон, иштирокдорони ҷаласа дар масъалаҳои беҳдошти эпидемиологӣ, мубориза бар зидди муомилоти дорувории қалбакӣ, мубодилаи ахбор ва мониторинги паҳншавии бемориҳои сироятӣ, расонидани кӯмаки тиббӣ дар ҳолатҳои фавқулодда ва нақшаи гузаронидани ҷаласаи якуми вазирони тандурустии давлатҳои узви СҲШ табодули назар карданд.

Тазаккур додан ба маврид аст, ки С. Раҳмонов дар доираи ин сафар бо менеҷеригенералии ширкати «МЕНЕСО»-и Чин хонум Ванг Ли ва сармушовири Маркази тиббии шаҳри Пекин «Uni-Con-International» Ҷавоҳирал Музаффарӣ, роҷеъ ба густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи тандурустӣ, мулоқот кардааст.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

25.0414:58Душанбе затопило в результате получасового ливня
25.0414:29Житель Душанбе вымогал деньги у супружеской пары
25.0413:04Убийство по заказу. В ВС Таджикистане начался суд над убийцами предпринимателей из Худжанда
25.0412:25До 1 мая с улиц Душанбе уберут «Старексы»
25.0410:59Футболисту Мохамеду Салаху подарили участок земли в Мекке


Самое обсуждаемое

23.0408:36Вашингтонские власти «в плену» собственных санкций(1)



(C) 2001-2018 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312521