Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

22.01.200109:12

Бонувони тоҷик ёдгориҳои таърихии Эронро тамошо карданд

            Душанбе, 2 июл. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Як ҳайати бонувони тоҷик аз сафариҶумҳури Исломии Эрон баргаштанд. Онҳо донишомӯзони курсҳои дӯзандагии Марказҳои хаётие мебошанд, ки дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон аз ҷониби намояндагииКумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнии Эрон дар Тоҷикистон ташкил карда шудаанд.

Муддати як ҳафта бонувони тоҷик ба шаҳрҳои Теҳрону Машҳад, Тӯсу Нишопур ва Ҳамадон сафар карда, бо ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии ин сарзамин ошно гардиданд. Онҳо дар шаҳри Тӯс оромгоҳи муаллифи асарибезавол –«Шоҳнома»Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, дар Нишопур оромгоҳи Умари Хайём, дар Ҳамадон оромгоҳи шоир ва мутафаккири бузург Абӯалӣ ибни Синоро зиёрат карданд. Инчунин бо фаъолияти Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ шинос шуда, бо масъулини Кумитаи мазкур вохӯрию мулоқот анҷом доданд.

Бояд тазаккур дод, ки алҳол дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла, дар Душанбе, Кӯлобу Қӯрғонтеппа, Хуҷанду Хоруғ, Рашту Нуробод ваВаҳдат чунин Марказҳои дӯзандагӣ ташкил карда шуда, фаъолият менамоянд. - Дар ин марказҳо занону духтарони маҳаллӣ муддати се моҳ нозукиҳои касби дӯзандагиро аз бар намуда, бо ҷойи кор таъмин мешаванд, мегӯяд роҳбари намояндагии Кумитаи мазкур дар Тоҷикистон Саидҳомид Азимӣ. Дар оянда ташкили чунин марказҳо дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

30.0316:50Представлен новый Samsung Galaxy S8
30.0315:47Путин впервые прокомментировал антикоррупционные митинги
30.0315:00Вопрос с «Ямалом» не решен. Минтранс России допускает применение «побуждающих действий» в отношении Таджикистана
30.0313:50Сотрудник столичной авиакассы осужден на 8 лет за продажу фальшивых авиабилетов
30.0312:12Как Грузия отметила отмену виз в Европу


Самое обсуждаемое

30.0306:32Мэр Душанбе поручил милиции заняться уклонистами от армии(6)
29.0317:51Уроженка Таджикистана победила в конкурсе красоты в Харькове(3)
29.0311:25Вице-президент Афганистана Абдул Рашид Дустум находится под домашним арестом из-за скандала с изнасилованием(2)
28.0307:45Пилькевич: «Подлые люди тут не задерживаются…»(2)
28.0314:19Подробности миграционной амнистии граждан Таджикистана в России(2)
29.0314:22Таджикский продюсер Бехруз Зеваров снял клип на свою новую песню(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156250