Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

22.01.200109:12

Ёдгориҳои бостонии Тоҷикистон дар феҳристи ҷоизаи UNESCO

Душанбе, 2 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). - Дар ҷаласа – машварати бостонишносон роҷеъ ба ворид намудани ёдгориҳои меъмории кишварҳои Осиёи марказиву Чин ба ҷоизаи UNESCO, ки дар шаҳри Сияни Ҷумҳурии Мардумии Чин доир гардид, 8 ёдгории меъмории Тоҷикистон ба рӯйхати иштрокчиёни ин ҷоиза дохил карда шуд.

Намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи мазкур Музаффар Азизов дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки ба феҳристи ҷоизаи вижаи UNESCO машҳуртарин ёдгориҳои меъмориву бостонии кишвар, аз қабили Панҷакенти қадима, Бунҷикат, Мадрасаи Хоҷа Машҳад, Ҳулбук, Қалъаи Ҳисор, Тахти Сангин, Аҷинатеппа ва Кохи Ямчуни Ишкошимшомил шудаанд, ки ҳамаи инҳо дар се шохаи «Роҳи бузурги Абрешим» ҷой гирифтаанд.

М. Азизов афзуд, ки шомили феҳристи довталабони ҷоизаи UNESCO гардидан маънои ба феҳристи ёдгориҳои таърихии UNESCO дохил шуданро надошта, шояд он баъди то 10 сол муайян гардад, ки кадоме аз инҳо ворид мешаванд. Вале ба феҳристи муддаиёни ҷоизаи мазкур ҷой гирифтани 8 ёдгории кишвар қадамҳои нахустин дар роҳи шинохти арзиши баланди ёдгориҳои бостонии Тоҷикистон мебошад.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

17.0210:06В Таджикистане ввели госмонополию на интернет
16.0218:07Учительница, которая не слушала послание президента, восстановлена на работе
16.0216:16Алимардон: Мы знаем, с какими трудностями сталкиваются пассажиры в Худжандском аэропорту
16.0216:00В Душанбе по подозрению в получении взятки задержан следователь ОМВД
16.0215:16Шавкат Мирзиёев выделит $100 млн. для поддержки таджикских бизнесменов


Самое обсуждаемое

No news



(C) 2001-2018 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312639