Душанбе, 2 июл. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- 1 июли соли ҷорӣ ронандаи мошини тамғаи «ЗИЛ-34502» рақами давлатиаш Н 1494 02 РТ Ғайрат Алиматови 38-сола ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Ленини ҷамоати Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд пиёдагарди ноболиғ Пӯлодҷон Пӯлодови 7-сола истиқоматкунандаи ҷамоати Ғалабаи ноҳияи Зафарободро пахш кард. Дар натиҷа ноболиғ сахт маҷрӯҳ гардида, дар ҷои ҳодиса баҳалокат расид.
Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.